Сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан

№51 (4791) 24.04.2024

53673644674_a485dba9c6_o22-юми апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони корҳои дохилӣ, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

22-юми апрели соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим — пойтахти Ҷумҳурии Италия шуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Фюми­чино ба номи Леонардо да Винчӣ меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Италия ва Ватикан истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олимақом роҳрав бо қолини сурх густурда шуда, аз ду канори он қаро­вули фахрӣ саф кашид.

23-юми апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла мулоқот карданд.

53673289511_822c884243_oМаросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Президенти Италия «Квиринал» баргузор шуд.

Меҳмони олимақом — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни Қасри «Квиринал» Президенти Ҷумҳурии Италия самимона истиқбол гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Италия дар болои қолин қарор гирифтанд ва сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дод. Дар ин маврид дар болои боми Қасри «Квиринал» Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бардошта шуд.

Пас аз садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар фармондеҳи қаровули фахрӣ ба меҳмони олиқадр гузориш дод.

Зимни ҳаракати роҳбарони ҳар ду давлат аз назди қаровули фахрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Парчами Ҷумҳурии Италия таваққуф карда, арзи эҳтиром намуданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб поён ёфт.

Баррасии масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Италия дар Қасри «Квиринал» дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.

«Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»,-таъкид доштанд Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.

Ҷонибҳо зимни музокирот маҷмӯи масоили ҳамкории байни ҳар ду давлат ва густариши робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, инчунин, имконоти татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ карданд.

Баҳрабардорӣ аз таҷрибаи ғании Италия, бахусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, истих­роҷи маъдан, истифодаи захираҳои табиӣ ва кишоварзӣ, аз самтҳои афзалиятноку барои ҷонибҳо судовар номида шуд.

Таъкид гардид, ки таъсиси Шурои муштараки тиҷоратӣ барои густариши ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахши хусусӣ иқдоми саривақтӣ хоҳад буд.

Дар рафти мулоқот масоили дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти рафтуомади шаҳрвандон ва таъсиси хатсайри мустақими ҳавоӣ байни ҳар ду давлат баррасӣ гардида, дар ин ҷода роҳбарони ҳар ду давлат Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро, ки дар доираи сафар  ба имзо мерасад, иқдоми муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо оид ба рушди бахши сайёҳӣ ва инфрасохтори он, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳсил дар муассисаҳои олии Италия табодули афкор намуданд.

Зикр карда шуд, ки парлумонҳои ҳар ду кишвар дар чаҳорчӯбаи парлумони Аврупо ҳамкории судманд доранд ва барои ҷоннок кардани он таъсиси гурӯҳи дуҷонибаи дӯстии парлумонии Тоҷикис­тону Италия амри зарурӣ аст.

Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои кишварҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам, аз қабили СММ, САҲА ва дигар сохторҳои байналмилалӣ, баррасӣ гардид.

Дар рафти мулоқот ташаббусҳои глобалии Тоҷикистонро дар ҳалли масоили обу иқлим, ҳифзу таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ таъкид намуданд.

Зимни баррасии масоили амниятӣ ҷонибҳо оид ба роҳҳои муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноят­ҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, андешаронӣ карданд.

Дар фароварди мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Италия даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

23-юми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Рим дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Италия мулоқоту музокироти роҳбарони Тоҷикистону Италия баргузор шуд.

Маросими расмии истиқболи меҳмони олимақом — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Италия «Палатсо Киджӣ» сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ дар болои суфаи фахрӣ қарор гирифтанд.

Фармондеҳи қаровули фахрӣ оид ба омодагӣ ба баргузории маросими истиқболи расмӣ ба меҳмони олимақом гузориш дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия дар болои роҳрав якҷо ҳаракат намуда, дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Италия таваққуф карданд. Меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон  ҷониби Парчами давлатӣ арзу эҳтиром намуданд.

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ ва аксбардории якҷоя муаррифии ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб  сурат гирифт.

Баррасии масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Италия дар мулоқоти хоса оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар идома ёфт.

Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ барои истиқболу меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили густариши робитаҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ муҳокима карданд.

Ҳар ду ҷониб оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, маъдан, кимиё, кишоварзӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ изҳори ҳавасмандӣ намуда, ҷалби ­сармояи итолиёвӣ барои рушди соҳаи саноати Тоҷикистон барои ҳар ду кишвар судовар номида шуд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва афзоиши содироти он ба кишварҳои Аврупо имконияту захираҳо фаровон аст.

Таъсиси хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ва робитаҳои ҳар ду ҷониб дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҷудо кардани квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Италия аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳамкориҳои кишварҳоро дар чаҳорчӯбаи созмонҳои СММ, САҲА ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд.

Зимни вохӯрӣ оид ба пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим, бахусус ҳифзи пиряхҳо ва ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он, андешаронӣ сурат гирифта, дар робита ба вазъи мураккаби сиёсии байналмилалӣ ҳамкории самарабахш дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир зарур шуморида шуд.

Дар фарҷоми мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

23-юми апрели соли равон, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии Тоҷикистону Италия, дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия хонум Ҷорҷа Мелонӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

53674045179_e707198b41_oДар маҷмӯъ, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олӣ ҳафт санади нав ба имзо расид:

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои амниятӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкории оперативӣ дар мубориза бар зидди маводи нашъовар;

- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сайёҳии Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

- Барномаи ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия барои солҳои 2024-2027;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист ва амнияти энергетикии Ҷумҳурии Италия;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дип­ломатӣ;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия барои солҳои 2024-2026.

www.prezident.tj