Нуҳуми августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафари расмӣ намуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, прокурори генералӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, телевизион ва радио, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
9 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Боку — пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Боку меҳмони олиқадр — Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар самимона истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 12 июли соли 2012 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон сурат гирифта буд ва ҳамон вақт баъди баррасии масъалаҳои муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ 10 санад ба имзо расид.
10 августи соли 2018 дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Загулба баргузор шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқболи расмӣ бо сафкашии Горди фахрӣ, гузориши фармондеҳи он, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди қатори сарбозон, арзи салом ба онҳо ва изҳори эҳтиром ба Парчами давлатии Озарбойҷон, ҳамчунин шиносоӣ бо аъзои ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хосаи сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев оғоз гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос карда, сатҳи ҳамкории гуногунҷанбаи байни ду давлатро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки мувофиқаҳои дар ҷараёни мулоқоту музокироти бадастомада бо мазмуну муҳтавои нав шарикии давлатҳоро ба сатҳу зинаҳои боз ҳам беҳтару хубтар мерасонад.
Таъкид гардид, ки солҳои сипаришуда дар асоси Аҳднома оид ба дӯстӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ таҳким бахшида шуд ва ҳамкориҳо дар тамоми соҳа рушд ёфта истодаанд. Тоҷикистону Озарбойҷон дар бисёр масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ мавқеи ягона ва ё монанд доранд.
Барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки муколамаҳои пайвастаи сиёсӣ дар сатҳи баланд ва мавҷудияти фазои боварию эътимоди байниҳамдигарӣ ба рушди бемайлони муносибатҳои байнидавлатӣ дар ҳама соҳа заминаи мусоид фароҳам оварда, ягонагию ҳамсонии мавқеи ҷонибҳоро дар аксар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ собит месозанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои рушду таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ҳавасманд буда, ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигарро пайваста ҷонибдорӣ менамоянд. Дар ҳамин замина ба ҷониби Озарбойҷон барои ҷонибдорӣ аз ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» изҳори сипос карда шуд.
Ҳамкориҳои иқтисодӣ асоси ҳамгироии байнидавлатии Тоҷикистон ва Озарбойҷон арзёбӣ шуд ва ҳавасмандии ҷонибҳо барои рушди муносибатҳо дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ таъкид гардид.
Вобаста ба ҷалби ширкатҳо ва ташкилотҳои молиявии Озарбойҷон ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорат, сохтмон, нақлиёт, телекоммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, энергетика ва таъминоти маҳсулоти нефтӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардида, дар ин самт гузаронидани ҳамоишҳои доираҳои тиҷоратӣ ва ташкили намоишгоҳҳои молу маҳсулот муҳим шуморида шуд.
Барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ва интиқоли молу маҳсулот бо истифода аз инфрасохтори нақлиётии Озарбойҷон, тақвияти ҳамкории корхонаҳои алюминий ва ширкатҳои нефту газ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ ва роҳҳои автомобилгард, инчунин истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.
Ба рушди ҳамкории корхонаи «ТАЛКО»-и Тоҷикистон ва ширкати «Азералюминий», Ширкати давлатии нефту газии «СОКАР»-и Озарбойҷон низ мароқ зоҳир гардид.
Ҳамчунин, зимни мулоқот, ба хариди ашёи хоми нефтии кокс, глинозём, маводҳои сӯхт, сохтмони неругоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, роҳҳои мошин, корхонаҳои истихроҷ ва коркарди неъматҳои моддии зеризаминӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон диққат дода шуд.
Ҷонибҳо муҳимияти рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, хоҷагии қишлоқ, ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, сайёҳӣ, илму маориф ва фарҳанг таъкид намуда, изҳор доштанд, ки густариши муносибатҳо дар ин соҳаҳо манфиатовар хоҳад буд.
Соҳаҳои туризм, равобити фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, табодули донишҷӯён, ҷудо кардани квотаҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои якдигар аз самтҳои ояндадори ҳамкории дуҷониба маънидод гардид.
Изҳори итминон карда шуд, ки ҷонибҳо барои истифодаи имкониятҳои фарохи истифоданашуда тадбирҳои муҳиму мушаххас меандешанд.
Дар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ҳамчунин, мавзӯъҳои марбут ба вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва ҷиноятҳои муташаккилу фаромарзӣ ҳамчун омилҳои таҳдидкунандаи амнияту суботи минтақа ва ҷаҳон баррасӣ гардида, омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар муборизаи беамон бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир таъкид карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро даъват намуданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оваранд.
Баъди анҷоми гуфтушуниди ҳайатҳои расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ баргузор гардид.
Зимни ин маросим 12 санади нави ҳамкорӣ: Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон қабул гардида, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди пешбурди содирот ва сармоягузорӣ (AZRPROMO, Ёддошти тафоҳум байни Корхонаи воҳиди давлатии Ширкати алюминийи тоҷик «ТАЛКО» ва Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон, Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Телевизион ва радиошунавоии Озарбойҷон», Ёддошти тафоҳум оид ба таҳвили кокси нефтӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии Ширкати алюминийи тоҷик «ТАЛКО» ва Ширкати нефтии давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон (SOCAR), Созишнома байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии сарҳади Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба таҳсили низомиёни Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи Хадамоти давлатии сарҳади Ҷумҳурии Озарбойҷон, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ, Протокол байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамасола ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав, Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон, Созишнома байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи ҳамкорӣ, Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2019 — 2020 ба имзо расид.
Дар охир, сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
10 августи соли 2018 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев — Зарифа Алиева ва гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузошта, бо адои эҳтиром рӯҳи онҳоро пос доштанд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамроҳӣ карданд.
10 августи соли 2018 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов мулоқот карданд, ки дар он масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон дар доираи фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки айни ҳол парлумонҳои ҳар ду кишвар дар арсаҳои гуногуни байналхалқӣ мавқеи худро ҳамоҳанг сохта, оид ба ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи хеш табодули иттилоъ менамоянд.
Истифодаи таҷрибаи бойи парламентаризми Озарбойҷон барои таҳкими ҳамкорӣ ва табодули таҷриба зарур шумурда шуд. Тарафҳо изҳори итминон намуданд, ки алоқаи минбаъдаи байнипарлумонӣ метавонад ҳамчун омили муҳими таҳкимбахши муносибатҳои ду кишвар гардад.
Ҳамчунин, истифодаи заминаи меъёрии ҳуқуқии равобити дуҷониба, ки аз санадҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавии сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ иборат аст, барои таъмиқи ҳамкорӣ зарур шумурда шуд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадовро даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Дар шаҳри Боку, ҳамчунин, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов баргузор шуд.
Ҷонибҳо муҳимтарин мавзӯъҳои марбут ба ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷонро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту инфрасохтори нақлиётӣ, гидроэнергетика, кишоварзӣ, алоқа, илму маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва барои тақвияти бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ зарурати фаъолгардонии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ташкилу ба роҳ мондани робитаи мустақими доираи соҳибкорию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва ташкили намоишгоҳҳои молу маҳсулот таъкид гардид.
Доир ба ҷалби сармояи Озарбойҷон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, тақвияти ҳамкории Ширкати алюминийи Тоҷикистон «Талко» бо корхонаи алюминий ва ширкати нефту гази Озарбойҷон таклифу пешниҳодҳои муфид баён карда шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва дигар хатарҳои маргбори ҷаҳони муосир баррасӣ гардид.
11 август дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи дипломатии Озарбойҷон бо ҳайати устодон ва донишҷӯён мулоқот карданд.
Академияи дипломатии Озарбойҷон соли 2006 таъсис ёфта, ҳамчун муассисаи олии таълимӣ мутахассисони соҳаи дипломатия, равобити ҷамъиятиву байналхалқӣ, соҳибкорӣ, илмҳои гуманитарӣ ва технологияҳои иттилоотӣ омода мекунад.
Ҳайати омӯзгоронро дар факултетҳои донишгоҳ олимон ва шахсони кордида аз Озарбойҷон ва коллеҷу донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон ташкил медиҳанд.
Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ ректори Академияи дипломатии Озарбойҷон Хафиз Пашаев ифтитоҳ карда, дар вазъияти тантанавӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми назаррас, талошҳову ташаббусҳо дар таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон, таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон ва рушди робитаҳои илмии муассисаҳои олии таълимии ду кишвар унвони олии «Доктори фахрӣ» — и Академияи дипломатии Озарбойҷонро тақдим намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону донишҷӯён суханронӣ карда, барои пазироии самимӣ ва аз ҷониби Шӯрои илмии Академия бо унвони олии «Доктори фахрӣ» қардшиносӣ гардидан изҳори сипос намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми ин муассисаи олии таълимӣ дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир баҳои баланд доданд.
Дар назди устодону донишҷӯён Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърихи ба даст овардани истиқлолият, сар задани ҷанги таҳмилӣ дар рӯзҳои нахустини эълон гардидани соҳибистиқлолӣ, оқибатҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ, хисороти ҷонию молӣ, гурезагони иҷборӣ, талошҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумат барои таъмини сулҳу субот, ҷонибдории шаҳрвандон аз сиёсати ояндасози Сарвари давлат, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, рушду тараққиёти бахшҳои гуногуни кишвар, болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, афзоиши нуфузи Тоҷикистон дар арсаи олам, робитаҳои дуҷониба бо кишварҳои хориҷ, бахусус бо Ҷумҳурии Озарбойҷон, бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо монеаҳои зиёд боиси қафоравии иқтисодиёти кишвар ва фалаҷ гардидани шоҳаҳои давлатдорӣ гардида, хисороти зиёд ба бор овард.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тамаддунофари тоҷикро қаҳрамони сулҳу ваҳдат хонда, таъкид доштанд, ки маҳз ҷонибдории шаҳрвандон аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Давлату Ҳукумат буд, ки мардум ба рӯзҳои пурсаодат расиданд. Дар як муддати хеле кӯтоҳи таърих оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардид ва миллионҳо нафар гуреза ба Ватан баргашт. Сохти конститутсионӣ барқарор ва шохаҳои давлатдорӣ мустаҳкам карда шуд.
Барои расидан ба ҳадафҳои созанда Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби Сарвари давлат нақши муҳим гузошт.
Зикр карда шуд, ки мардуми тоҷик таҳти сарварии Роҳбари интихобкардаашон, баъди бартараф кардани оқибатҳои ҷанги бемаънӣ, барои рушду пешрафти иқтисодиёти кишвар камар баста, ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бунёд намуданд.
Ҳукумати кишвар барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои ояндадори асосиро қабул карда, дар ҳама соҳа ислоҳот ворид кард.
Баъди ба низом даровардани сохти давлатдорӣ бо кишварҳои олам муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардид ва Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи сайёра шуд.Акнун Тоҷикистон на танҳо барои пешрафт, балки барои ҳалли мушкилоти глобалии ҷаҳон, таъмини амну субот, пешгирию аз байн бурдани таҳдиду хатарҳо ташаббус нишон медиҳад. Пешниҳоди таклифҳои асосноку ҳалкунанда боиси нуфузи Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи олам гардид.
Пешниҳоду ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбарияти олии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, норасоии оби нӯшокӣ, таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон, бахусус, ҳалли вазъи мураккаби сиёсию низомии ҳамсоякишвари Афғонистон, пешгирии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир — терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, аз тарафи ташкилоту созмонҳои олам, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, ҷонибдории амиқ пайдо карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсати хориҷии Ҳукумати кишвар андешаронӣ намуда, натиҷаҳои мулоқоту музокироти зимни сафари расмӣ бадастомадаро омили муҳими таҳкиму тавсеи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон маънидод карданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба устодони Академияи дипломатии Озарбойҷон дар роҳи тайёр кардани мутахассисон барор ва ба донишҷӯён комёбиҳои беназир орзу намуданд.
www.president.tj