Сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон

№68 (4488), 69 (4489) 07.06.2022

52117630829_4751c65aa4_o2 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Тошканд — пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба меҳмони олиқадр гулдастаи тару тоза тақдим карда шуд.

Ба хотири истиқболи сазовори меҳмони олиқадр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар назди зинапояи ҳавопаймо роҳрави қолинии сабз густурда шуда, дар ду канори он Горди фахрӣ саф ороста, майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон оро ёфта буд.

Дар назди роҳбарони давлатҳо гурӯҳи дӯстрӯякон дар васфи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон шеър хонданд.

Баъди анҷоми маросими истиқбол дар толори пазироии меҳмонони олимақоми фурудгоҳ мулоқоти сарироҳии самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

Сарвари кишвари мизбон муҳтарам Шавкат Мирзиёев меҳмони олиқадр, дӯст ва бародари арҷманди худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Ӯзбекистон хайра мақдам гуфтанд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои сафар барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамҷаворӣ ва ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар неку назаррас хоҳад буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми ӯзбек дар боғи «Ӯзбекистони нав» назди Маҷмааи «Истиқлолият» гулчанбар гузоштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва раиси шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ҳамроҳӣ карданд.

Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Ӯзбекистони нав» боздид ба амал оварданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки боғи «Ӯзбекистони нав» ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон бунёд шудааст.

Дар Маҷмааи «Истиқлолият» тавассути бунёди иншооти муосир дастовардҳои мардуми дӯсту бародари ӯзбек дар 30 соли соҳибис­тиқлолии кишвар, таърихи рушду густариш ва пешрафту тараққиёти давлати миллии Ӯзбекистон таҷассум ёфтааст.

Майдони умумии боғ 105 гектарро ташкил дода, дар он гулу дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.

Фаввораҳо, роҳравҳои зебо, Маҷмааи «Истиқлолият» ва дарахтони нодир аз ороишоти асосии боғи «Ӯзбекистони нав» мебошад.

Баъди шиносоӣ бо ин макони дилфиреб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рушду шукуфоӣ ва ба мардуми дӯс­ти ӯзбек комёбиҳои беназир орзу карданд.

Ҳамчунин, маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қас­ри «Куксарой» сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Ӯзбекистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони давлатҳо анҷом ёфт.

Баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, сипас, дар вохӯрии ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд. Сарони ҳар ду давлат, ҳамчунин, ба таври муфассал оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои даъват ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва анҷом додани сафари расмӣ, инчунин пазироии самимӣ изҳори сипос карда, итминон намуданд, ки мулоқот  ба раванди рушди босуботи маҷмӯи муносибатҳои неки ҳамсоягии кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон сатҳи кунунии ҳамкориҳоро бо Ӯзбекистон дар ҳама соҳа қадр мекунад ва азм дорад, ки дар оянда низ барои рушди минбаъдаи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон талошҳои заруриро ба харҷ диҳад.

Ҷонибҳо аз мазмуну муҳтавои муносибатҳои дуҷониба ва аз робитаҳои дипломатӣ, ки имсол аз барқароршавии онҳо 30 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои рушду густариши минбаъдаи муносибатҳо дар доираи муколамаи сиёсии байнидавлатии сатҳи олӣ ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар густариши робитаҳои дуҷониба аҳамияти асосии рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ҳар ду кишварро махсус қайд карда, иброз доштанд, ки байни кишварҳо заминаи хуби ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст. Соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо беш аз 600 миллион доллари америкоиро ташкил дода, дар шаш соли охир 40 маротиба боло рафтааст. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалисозии тавофуқоти қаблан бадастомада солҳои наздик ҳаҷми гардиши молро то ба 1 миллиард доллари америкоӣ расонанд.

Зимни мулоқот ба баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ва ҳамоиши тиҷоратии ширкатҳои тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, онҳоро омили муҳими густариши робитаҳои тиҷоратӣ номиданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои воқеии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои робитаҳои нақлиётӣ, истифодаи маҷмӯи захираҳои обу энергетика, инчунин равобити фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки бо талошҳои муштарак рафтуомади озоди молу хизматрасонӣ таъмин гардид ва шаҳрвандон имкони озоди рафтуомад бо якдигар доранд. Дар ҳоли ҳозир то 20 ҳазор нафар сокини ҳар ду кишвар ҳар рӯз бо ҳадафи равобити тиҷорию гардишгарӣ ва дидани хешу табор ва дӯстон озодона рафтуомад мекунанд, ки яке аз комёбиҳои асосии ҳамкории ҳукуматҳо дар солхои охир мебошад.

Дар мулоқот бори дигар аҳамияти таърихии «Эъломия дар бораи таҳкими дӯстӣ ва иттифоқи абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қайд карда шуд.

Ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкорӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар соҳаҳои энергетика ва саноат, аз ҷумла дар бахшҳои саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, пойафзолдӯзӣ, металлургӣ, коркарди маъдан, металлургияи ранга, дорусозӣ, нақлиёту коммуникатсия, сармоягузорӣ ва бонкдорӣ, инчунин дигар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар манфиатовар, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арсаи фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.

Рушди ҳамкории кишварҳо дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳо, муҳим арзёбӣ гардид.

Ба фаъолияти Ӯзбекистон, ҳамчун раиси феълии Созмони ҳамкории Шанхай, баҳои баланд дода шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои амнияти минтақавию байналмилалӣ ва мушкилоти Афғонистони барои ҳар ду давлат ҳамсояро низ баррасӣ карда, атрофи дигар масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар толори Қасри Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Роҳбари кишвари дӯст Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ барои оғози татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.

Бояд гуфт, ки мутахассисони ҳар ду ҷониб барои бунёди неругоҳҳо бо иқтидори умумии 320 МВт марҳилаҳои асосноккунии техникӣ — иқтисодии лоиҳа ва дигар корҳоро ба анҷом мерасонанд.

Дар оғози маросими маҷозии татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир ба бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон, роҳбарияти олии ҳар ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар толори Қасри Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар маҳали сохтмони неругоҳ — деҳаи Ёвони ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бошад, роҳбарияти вазорату идораҳои марбута, мутахассисон ва муҳандисони соҳаи энергетикаи ҳар ду кишвар иштирок карданд.

Оғози татбиқи корҳои ҷустуҷӯйӣ — асосноккунии техникӣ қадами устувор дар роҳи таъмиқи ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар бахши ояндадор хоҳад буд.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба бунёдкорони тарҳи барои мардуми ҳар ду кишвар манфиатбор барору комёбӣ орзу карданд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикис­тону Ӯзбекистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

52117531110_e2f9fb4af1_o52117060138_8582b66a03_oПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зери «Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» имзо гузоштанд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон барои солҳои 2022 — 2023;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди пиллапарварӣ ва саноати пашми Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пиллапарварӣ;

- Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2022 — 2023;

- Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи муҳити зист;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

- Харитаи роҳ оид ба амиқтар намудан ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамкориҳои саноатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Дар маҷмӯъ, дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нав сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки 1 июни соли 2022 дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ҷараёни он баъди муаррифии имкониятҳои сармоягузорию тиҷоратии Тоҷикистон байни доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар ба хотири таҳкиму тавсеи ҳамкориҳо ва дарёфти шарикони нав мулоқоту вохӯриҳо доир шуд.

Аз рӯи ҷамъбасти кори Форуми соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар маҷмӯъ, 75 санади нави ҳамкорӣ байни соҳибкорони бахшҳои гуногун ба имзо расид.

Маблағи созишномаҳои имзошуда, дар маҷмӯъ, 570 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Созишномаҳои дуҷониба фаъолияти ҳамкориҳои минбаъдаи соҳисбкоронро дар бахшҳои истих­роҷ ва коркарди хокаи оҳан, бунёди корхонаи нассоҷӣ дар Тоҷикистон, таҳвили аллюминийи аввалия ба Ӯзбекистон, истеҳсоли нахи пахта ва яхдонҳоро дар бар мегиранд.

Дар форум, инчунин, ҷиҳати тавсеа бахшидан ба фаъолияти иқтисоди хориҷӣ байни соҳибкорони ҳар ду кишвар ба маблағи 258 миллион доллари америкоӣ шартномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расонида шуд.

Дар маҷмӯъ, дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон, бо дарназардошти натиҷагирии форуми тиҷоратию иқтисодӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисодӣ ба маб­лағи беш аз 1 миллиард доллари америкоӣ татбиқ карда мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд аз Парки техникӣ боздид ба амал оварда, бо фаъолияти он шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи замонавӣ соли 2019 ба хотири рушди минбаъдаи соҳаи саноат ва тавсеаи истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум бунёд шуда, дар он 17 лоиҳа ба маблағи умумии 365 миллион доллари америкоӣ амалӣ карда мешавад.

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз таъсиси парки техникӣ истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва таъсиси ҷойҳои нави кор мебошад.Айни ҳол дар Парки техникии Тошканд наздики 5 ҳазор нафар кору фаъолият доранд.

Зимни боздид аз парки техникӣ сарони давлатҳо муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо намоишгоҳи молҳои саноатӣ ва кишоварзии корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон шинос шуданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти дар корхонаҳои технопарк истеҳсолшаванда, аз ҷумла асбобҳои рӯзгор, ҳисобкунакҳои электронии газ, лифт, насосҳои обкаш, кондитсионерҳои саноатӣ, таҷҳизоти яхдон ва мошинҳои ҷомашӯӣ, муаррифӣ гардид.

Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти 24 корхонаи саноатии 14 шаҳру ноҳияи Ӯзбекистон ба маъраз гузошта шуд.

Сарони давлатҳо баъди шиносоӣ бо фаъолияти парки техникӣ ба раҳбарони соҳаҳо барои ҳамкории зичу пурсамар ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак дастур доданд.

3 июни соли 2022 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон идома ёфт. Дар рӯзи дуюми сафар Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Урганҷ ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи шаҳри Урганҷ меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти кишвари дӯсту ҳамсоя муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва мардуми меҳмоннавози ӯзбек самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи муштараки ӯзбекистонию хитойии истеҳсоли мошинҳои соҳаҳои сохтмонию кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи муштарак соли 2014 ифтитоҳ ёфта, дар он асосан бандубасти мошинҳои калонҳаҷми бинокорию кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад.

Барои бунёду ба кор андохтани корхона аз Ширкати байналмилалии истеҳсоли техникаи вазнини чинӣ – «XCMG» ба маблағи 4,3 миллион доллар хати васлкунӣ ва таҷҳизот ворид гардид.

Дар корхонаи муштарак истеҳсоли зиёда аз 40 навъи техникаи бинокорӣ, роҳсозӣ ва мелиоративӣ ба роҳ монда шудааст. Техникаҳои истеҳсоли корхона аллакай дар Ӯзбекистон дар кори сохт­мону кишоварзӣ васеъ истифода мегарданд. Технологияҳои каммас­рафи корхона арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшавандаро коҳиш дода, рақобатпазирии маҳсулотро баланд мебардорад.

Аз нимаи дуюми соли 2019 истеҳсоли хатҳои нав — экскаваторҳо барои иҷрои ҳаҷми бузурги корҳо дар саноати кӯҳӣ, ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм — истеҳсоли мошинҳои боркаши иқтидори борбардориашон 60 — 120 тонна ва кранҳои борбардориашон 50 — 100 тонна ба роҳ монда шудааст.

Ба корхона таҷҳизоти гуногун, аз ҷумла ҷузъҳои истеҳсолӣ, кафшери барқӣ, мошинҳои рангубор ва хушккунӣ ворид гардидааст. Оянда истеҳсоли аккумуляторҳо, шиша барои кабина ва чароғҳои равшанидиҳанда низ ба роҳ монда мешавад.

Зимни шиносоӣ бо корхонаи муштарак Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барору комёбӣ орзу намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз фабрикаи қолинбофии Ҷамъияти масъулияти маҳдуди қолинбофии «Хива гилам комбинатӣ» боздид намуданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хатҳои истеҳсолии корхона шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки «Хива гилам комбинатӣ» соли 1977 таъсис ёфта, тӯли 45 сол фаъолияти пурсамар дошта, бо истеҳсоли қолинҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл дар бозори дохил ва хориҷ мавқеи хос дорад. Он калонтарин корхонаи саноатии Ӯзбекистон буда, майдони умумиаш 11, 8 гектар ва масоҳати зери сохтмони иншооти истеҳсолӣ 4,7 гектарро ташкил медиҳад.

Айни ҳол дар он 250 нафар бо кор таъмин ҳастанд. Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 2,2 миллион метри мураббаъ қолин мебошад.

Дар сехи бофандагӣ роҳбарони ҳар ду давлат бо таҷҳизоти истеҳсолот шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2002 корхонаи муштараки Ӯзбекистону Олмон барои истеҳсоли қолинҳои пашмин, ки дар бозорҳои хориҷӣ серталаб аст, бо насби 30 дастгоҳи нави бофандагӣ ба фаъолият оғоз кард.

Корхона бо дастгоҳҳои муосири ресандагӣ (PPM240) ва дастгоҳҳои шонабандӣ (ACH214) муҷаҳҳаз буда, истеҳсоли риштаи нимпашминро ба иқтидори пурраи истеҳсоли қолин ба роҳ мондааст.

Маҳсулоти тайёри корхонаи Ҷамъияти саҳомии қолинбофии «Хива» ба Россия, Олмон ва дигар кишварҳо содирот шуда, иқтидори содиротии он дар як сол 5 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва суҳбат бо коргарону мутахассисони фабрикаи қолинбофӣ сарони давлатҳо ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, васеъ намудани ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла боз ҳам густурда намудани ҳамкориро дар самти содироту воридоти маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳим шумориданд.

3 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи таърихии шаҳри Хива – «Ичан – қалъа» боздид ба амал оварданд.

Хива яке аз қадимтарин шаҳрҳои Ӯзбекистон буда, дар тӯли таърих барои инкишофи маданияти маънавӣ ва моддии мардум саҳми арзанда дорад. Он яке аз марказҳои сайёҳии байналхалқӣ эътироф гардида, дар шаҳр зиёда аз 120 ёдгории меъморӣ нигоҳ дош­та мешавад.

Дар шаҳри бостонии Хива қисми қадимаи он «Ичан – қалъа» бегазанд боқӣ мондааст. Ёдгориҳои нодири он маҳсули эҷодии кори ҳунармандони маҳаллӣ мебошад, ки анъанаҳои чандин­асраи меъмории Хоразми қадимро ба мерос мондаанд.

12 декабри соли 1990 «Ичан – қалъа» дар Осиёи Марказӣ ҳамчун мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф шуда, ба Рӯйхати мероси моддии ЮНЕСКО дохил гардид.

Дар асри XIX шаҳри Хива ба ду қисм ҷудо шуд: «Ичан-қалъаи Шаҳристон» қисми дарунии шаҳр ва «Дешон-­қалъа-работ» шаҳри беруна бо даҳҳо деҳаи атрофи шаҳр.

Деворҳои қалъаи «Ичан-қалъа» бо мурури замон борҳо вайрон ва аз нав сохта шудааст. Доираи деворҳои қалъа қариб 2200 метр, баландиаш 7 — 8 метр ва ғафсии таҳкурсӣ 5 — 6 метрро ташкил медиҳад.

Баъди шиносоӣ бо мавзеъҳои қадимаи шаҳри Хива Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва бостоншиносон барои муаррифии шоистаи шаҳри қадимаи Хива изҳори сипос карда, ба мардуми дӯсти ӯзбек дар роҳи гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ комёбиҳои беназир орзу карданд.

Нимаи дуюми 3 июни соли 2022 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо натиҷаҳои бобарор баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории ҳар ду кишвар ба анҷом расид.

Дар доираи сафар байни ҳар ду ҷониб аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ва дар ҳошияи Форуми соҳибкорони Тоҷикис­тону Ӯзбекистон 75 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорону тоҷирон ба имзо расид, ки маблағи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1 миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Рӯйдоди муҳиму тақдирсоз барои шаҳрвандони ҳар ду кишвари дӯсту бародар имзои Эъломия дар бораи таҳкими дӯстӣ ва иттифоқи абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки орзуву омоли чандинасраи мардуми тоҷику ӯзбекро амалӣ месозад.

Натиҷаи дигари бобарори сафар аз ҷониби сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев расман оғоз бахшидани корҳои лоиҳакашию иктишофӣ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 320 МВт мебошад. Татбиқи ин ҳадаф омили муҳими рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи барои ҷонибҳо судовари энергетика аст.

Баъди анҷоми сафари расмӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз шаҳри Урганҷ ба Ватан баргаштанд.

Дар Фурудгоҳи шаҳри Урганҷ меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони олии қадршиносию эҳтиром ва самимияти хосаи бародарона Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гусел карданд.

www.president.tj