16 сентябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Мавриди зикр аст, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон аввалин боздиди расмии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ аз кишварҳои хориҷӣ дар ин маснади олӣ мебошад.
18 сентябри соли 2021 маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар майдони Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эронро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони давлатҳо анҷом ёфт.
Сипас, баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар идома ёфт.
Дар мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон, мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисиро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфтанд.
Таъкид гардид, ки мардуми ҳар ду кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳангро арзишҳои муштараки маънавию фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Ин муштаракот метавонад, заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд гарданд.
Зимни мулоқот ба масъалаи таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадор, аз ҷумла, дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, коммуникатсия, энергетика, саноат, фарҳанг, маориф ва илм, таъмини амният ва дигар арсаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Аз фаъолияти назарраси Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистону Эрон дар самти таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Барои афзоиши ҳаҷми гардиши мол пешниҳод гардид, ки «Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030» таҳия гардида, барои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ фаъолияти Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон ва Шӯрои муштараки сармоягузорӣ байни кишварҳо роҳандозӣ карда шавад.
Ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика ва маъдан, аз ҷумла, дар бахшҳои сохтмони саддҳо, неругоҳҳо, бунёди корхонаҳои тавлиди дору, масолеҳи сохтмон ва дигар самтҳои судманди робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Ҷонибҳо рушди инфрасохтор ва пайвасти шабакаҳои нақлиётӣ, бунёди роҳҳои заминӣ, оҳан ва пайвасти онҳо бо бандарҳои обии Эронро барои тамосҳои башарӣ зарур шумурданд. Дар бораи густариши ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва соҳаи сайёҳӣ низ табодули афкор карданд.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният, робитаи сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир, ба манфиати ҳар ду кишвар ва минтақа номида шуд.
Ҷонибҳо аз вазъи сиёсию низомӣ дар кишвари Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд, зеро ин ҳолати мураккаб ба амнияту суботи минтақа таҳдид мекунад.
Ҳамчунин, масъалаҳои робитаҳои ҳар ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷониби Тоҷикистон оғози расмиёти пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эронро ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай истиқбол намуда, изҳори итминон кард, ки робитаҳои муштараки кишварҳо дар созмон ба дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории созанда мусоидат хоҳад намуд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи ҳар ду ҷонибро тақвият мебахшанд.
Ба Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ имзо гузоштанд.
Сипас, санадҳои зерин имзо гардид:
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагон;
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва техникӣ;
Протоколи техникӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ;
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кор, таовун ва рифоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши техникӣ ва касбӣ;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи мамлакат нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд.
www.president.tj