18 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
19 июн маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн дар майдони «Қасри миллат», ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.
Баррасии масоили ҳамкории дуҷониба 19 июни соли равон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусейн ва бо иштироки ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Покистон дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро хайра мақдам гуфтанд.
Президенти мамлакат аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ҷойгоҳи хоси Покистонро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун шарики муътамад махсус таъкид намуданд.
Ҳар ду ҷониб ҳамкории фарогиру созандаи тарафҳо дар соҳаҳои сиёсиву низомӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангии ҷавобгӯи манфиатҳои милливу дарозмуддати ду кишварро баррасӣ карда, омодагии худро баҳри густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиёи Марказию Ҷанубӣ изҳор доштанд.
Барои рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо ва ташаккули афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои гидроэнергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат ва ҳамчунин туризм саҳми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ хеле муҳим шумурда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот баланд бардоштани ҳаҷми мубодилаи тиҷорат то ба 500 миллион долларри ИМА, истифодаи муштараки имкониятҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, аз қабили бунёди хатти интиқоли барқи САSA — 1000, ба кор андохтани имкониятҳои нақлиётиву транзитии кишварҳо дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт.
Таъкид гардид, ки истифодаи имкониятҳои мусоиди бахшҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, аз ҷумла санг ва металлҳои қиматбаҳо, истеҳсоли алюминии аълосифат, бунёди коргоҳҳои ноқил, истеҳсоли мошинҳои мухталифи барқӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва доруворӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамкории густурдаи соҳибкорони ду кишвар низ метавонанд аз самтҳои афзалиятноки равобити дуҷониба бошанд.
Густариши ҳамкории байналмилалии дорои ҷанбаи башарӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳамкориҳои илмию техникӣ ва технологӣ, тамосҳои доимии зиёиёну аҳли ҳунар барои тақвияти дӯстии таърихии мардуми ду кишвар арзишманд арзёбӣ гардид.
Фаъолияти ҷамоаи тоҷикон «Тоҷик Қавми Иттиҳад Парти Пакистан» ва нашри маҷаллаи «Тоҷик» намунаи беҳтарини ҳамкорӣ дар ин самт номида шуд.
Зимни баррасии масъалаҳои умдаи байналмилаливу минтақавӣ ҷонибҳо мавқеи муштарак ё ба ҳам наздики худро дар чаҳорчӯбаи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкории исломӣ арзишманд номиданд.
Сарони давлатҳо аз сатҳи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи амният, ки сатҳи сифатан навро касб кардааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгаройӣ, қочоқи маводи мухаддир, дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, инчунин истиқрори сулҳу субот дар Афғонистонро баррасӣ намуданд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури сарони давлатҳо се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусейн Изҳороти муштарак дар бораи «Тақвияти замина барои шарокати стратегӣ ҷиҳати ҳамгироии минтақавӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро ба имзо расониданд.
Дар ҳузури сарони ду давлат санадҳои зерини байниидоравӣ ба имзо расиданд:
- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати аудитори генералии Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон ва Вазорати иттилоот, телевизион, радио ва мероси миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти дуҷониба барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.
www.president.tj