Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Арманистон

№72 (3709) 17.06.2017

34459352544_cba87824a3_o14 июни соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии «Звартнотс»-и Арманистон намояндагони воломақоми ҳукумати кишвари мизбон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори ташрифи меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳни ҳавлии фурудгоҳ бо парчамҳои ҳар ду давлат, шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардуми Тоҷикистону Арманистон идона ороста шуда, горди фахрии президентӣ саф кашид.

Нимаи дуюми 14 июни соли 2017 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон бо маросими истиқболи расмӣ дар назди «Қасри Президент» оғоз ёфт.

Барои истиқболи меҳмони олимақом  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони зебо бо парчамҳои давлатии ду кишвар, ҷузъҳои горди фахрии Арманистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ ороста шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Арманис­тон Серж Саргсян истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.

Минбаъд, маросими бошукӯҳи истиқбол бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони ҳар ду давлат аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии кишвари мизбон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфта, бо расми гузашти низомии ҷузъҳои горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносибот ва густариши ҳамкории ба ҳар ду ҷониб судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат  Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян оғоз ёфта, сипас дар музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикис­тон ва Арманистон идома ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос карда, аз муносибатҳои деринаи ду кишвар, саҳми мардуми онҳо дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷаҳду талошҳои халқи арман барои шукуфоии диёрашон ёдовар шуданд.

Аз сатҳи кунунии муносибатҳои ду ҷониб, ки имсол аз барқароршавии равобити дипломатии мамлакатҳо 25 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ карда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз ҳамкории зичу судовар манфиатдор аст.

Қабули Шартнома дар бораи дӯстию ҳамкорӣ ва таъсиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ омили муҳим барои ноил гардидан ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва маърифатию фарҳангӣ арзёбӣ шуд.

Таъкид гардид, ки робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арманис­тон дар доираи СММ, ИДМ, СААД ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти муқовимат бо терроризму ифротгаройӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир, имкони мусоид фароҳам меорад.

Дар ҷараёни мулоқот пешниҳод гардид, ки барои афзоиши гардиши молу маҳсулот, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои истеъмолии якдигар алоқаи бевосита байни субъектҳои ҳар ду ҷониб ба роҳ монда шавад. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, кишоварзӣ, фармасевтӣ ва нақлиёту коммуникатсия, инчунин алоқаю туризм аз самтҳои ояндадори рушди ҳамкории дуҷониба номида шуд.

Ҳамчунин, зарур шумурда шуд, ки аз имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ баҳри таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, коргоҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пахта, сангу металлҳои қиматбаҳо, истеҳсоли мол аз алюминӣ ва дигар ашёи рӯзгор ба манфиати ҳар ду кишвар бояд истифода гардад.

Ҷонибҳо ба масъалаҳои амниятӣ дахл карда, вобаста ба ҳалли мушкилоту низоъҳо дар минтақаҳои даргир ва дигар кишварҳои ҷангзада роҳҳои муҳиму судманди ҳалли онҳоро пешниҳод намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар маҷмӯъ натиҷаҳои музокироти сатҳи олии имрӯза ба рушди муносиботи ду кишвари дӯст мусоидати фаъол мекунад.

Дар интиҳои мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Арманис­тон Серж Саргсян даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари ҷавобии расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Аз рӯйи ҷамъбасти вохӯрии дучониба ва натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Арманистон Изҳороти муштараки сарони давлатҳо қабул гардида, 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи рафтуомади мутақобилаи шаҳрвандон;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба алоқаи ҳавоӣ;

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон барои солҳои 2018-2019;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи телекоммуникатсия ва алоқаи почта;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба эътирофи мутақобила ва баробарарзишии тахассуси таҳсилот, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш;

Созишнома байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ;

Созишнома байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 30 ҳуҷҷат ташкил медод, ки масъалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва илму маориф дар бар мегирифт.

Сарони ҳар ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян аз рӯйи ҷамъбасти мулоқоти дуҷониба барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои музокироти сатҳи олиро баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ неку бобарор арзёбӣ намуданд.

14 июни соли 2017 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ереван бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян мулоқот карданд.

Дар он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, бахусус рушди робитаҳои байнипарлумонӣ, баррасӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ара Баблоянро вобаста ба натиҷаҳои бобарори интихоботи парлумонӣ ва интихоб шудан ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллӣ таб­рику таҳният гуфта, ба ӯ комёбиҳои беназир орзу карданд.

Аз сатҳи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуданд, ки парлумонҳои ҳар ду кишвар ҳамчун мақомоти қонунбарор минбаъд низ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дуҷониба саҳми арзанда мегузоранд.

Сарвари давлат муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъриху таҷрибаи парламентаризми тоҷик ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки таҳкими қонунгузорӣ дар Тоҷикистон боиси ба ваҳдати комил ноил шудан гардид. Изҳори итминон шуд, ки Маҷлиси миллии Арманистон, чун Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати шукуфоию пешрафти ҷумҳурии дӯсту бародари Арманистон хизмати арзанда менамояд.

15 июни соли 2017 дар шаҳри Ереван Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Карен Карапетян мулоқот карданд.

Дар он масоили густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноату сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг ва ҳифзи табиат, ки дар заминаи меъёрию ҳуқуқии беш аз 30 санади ҳамкорӣ асос ёфтааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат хостори рушди боз ҳам судманду созандаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо ҷумҳурии дӯсти Арманистон шуда, таъкид доштанд, ки ба ояндаи неки робитаҳо ва татбиқи  санадҳои қаблан баимзорасида умеди зиёд доранд.

Таъкид гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои нек Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодию тиҷоратӣ метавонад заминаи боэътимод гузорад.

Дар мулоқот соҳаҳои саноати нассоҷӣ, воридоти технологияи муосири саноатӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот, ҳамкорӣ дар бахши туризм ва дар соҳаи технологияи телекоммуникатсионӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои гуманитарӣ, фарҳанг, илму маориф, ба роҳ мондани робитаҳои судманд бо аҳли зиё изҳори ҳавасмандӣ карданд.

 

15 июни соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ширкати «Технолоҷӣ энд сайенс динамикс» («Technology and Science Dynamics») ташриф оварданд.

Дар ин ҷо меҳмони олимақом, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хос истиқбол гирифта, бо фаъолият ва дастовардҳои ширкат дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шинос намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин маркази муосири илмӣ соли 1998 дар минтақаи озоди иқтисодии Арманистон таъсис ёфтааст. Он бо тадқиқотчиён, докторони илмҳои тиб, номзадҳои илм, 27 ташкилоти академӣ, тиҷоратӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҳамкории пурсамар дошта, корҳои тадқиқотию барномасозиро анҷом медиҳад.

Коргарону мутахассисон ва барномасозон дар бахшҳои муҳандисию технологӣ, биомуҳандисӣ, бахши судӣ — илмӣ, коркард ва тарҳрезии барномаҳои мухталиф, илмҳои компютерӣ ва дар соҳаи маориф ба тадқиқот машғуланд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо дастовардҳои ин маркази иттилоотию коммуникатсионӣ дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек соядаст гузоштанд.

 15 июни соли 2017 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон бобарор ба анҷом расид.

Расми гусели Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун маросими истиқболи расмӣ дар назди «Қасри Президент» ба таври бошукӯҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Арманис­тон баргузор шуд.

Барои гусели меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони назди қаср бо парчамҳои давлатии ду кишвар ороста шуда, горди фахрии Арманистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф кашида буданд.

Маросими бошукӯҳи гусел бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар ба поён расид.

Ёдовар мешавем, ки сафари навбатии расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон бо қабули бастаи нави санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба анҷом расид. Бо қабули санадҳои нав маҷмӯи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи робитаҳои Тоҷикистону Арманистон ба беш аз 40 адад расида, ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, телекоммуникатсия ва алоқаи почта, илму маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш ва ғайраро дар бар мегирад.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян бо эҳтироми хос ва самимӣ гусел намуд.

15 июн баъди анҷоми сафари бобарори расмӣ дар Арманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ереван ба Ватан баргаштанд.

www.president.tj