Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов
12 апрели соли 2015 дар ҳошияи Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили вобаста ба ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба зарурати густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ зоҳир гардид.
Дар робита ба ин тезонидани ҳалли масоили вобаста ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва татбиқи босамари ҳамаи санадҳои миёни ду кишвар имзошуда зарур шумурда шуд.
Масоили таҳкими ҳамгироӣ барои таъмини амну суботи минтақавӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир ҳам аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.
Ифтитоҳи бинои Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея
Сенздаҳуми апрели соли 2015 дар шаҳри Сеул бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст бинои Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт.
Маросими ифтитоҳи бинои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея, ки бо афрохтани Парчами давлатӣ ва ҳамзамон садо додани Суруди миллии Тоҷикистон дар назди он оғоз ёфт, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дигар шахсони расмии ҳамроҳи Сарвари давлат, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чо Тае Йол ва масъулини дигари кишвари мизбон ва ҳамчунин бо ҳузури корпуси дипломатии муқими Сеул ҷараён гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистонро дар Корея омили муҳим барои густариши минбаъдаи муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар номида, изҳори боварӣ намуд, ки ояндаи наздик, тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, Сафорати доиммуқими Корея ва намояндагии Агентии ин кишвар доир ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе кушода мешаванд.
Зимни шиносоӣ бо шароити дар бинои сафорат муҳайёгардида Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки натиҷаҳои кори ҳайати дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар аз имрӯз ба баъд бояд бештару беҳтар шавад.
Дидор бо донишҷӯёни тоҷик
Нимаи дуюми рӯзи 13 апрели соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷики дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея таҳсилкунанда мулоқот намуд.
Зимни суҳбат бо Сарвари давлат зиёда аз 60 нафар донишҷӯёни тоҷики дар ин кишвари пешрафтаи осиёӣ таҳсилкунанда ҷамъ омаданд. Тавре зикр гардид, ҳоло дар Ҷумҳурии Корея беш аз 100 донишҷӯйи тоҷик таҳсил мекунанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз дастовардҳои пуршарафи даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, аз ҷумла иттилоъ дод, ки имрӯз танҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафтаи қитъаҳои Аврупову Амрико ва Осиё илму маърифат меомӯзанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки аз фурсати таҳсил дар ин кишвари мутараққии ҷаҳон пурсамар истифода бурда, дониши илмию техникӣ ва технологии худро ҳамаҷониба тавсеа бахшанд ва оянда дар инкишофу пешрафти Ватани худ- Тоҷикистони азиз саҳми намоён гузоранд.
Ба иттилои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оянда шумораи бурсияҳо (квотаҳо)-и Ҷумҳурии Корея барои донишҷӯёни тоҷик боз ҳам бештар хоҳад шуд. Ҳамчунин масъалаи ба роҳ мондани алоқаи мустақили ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Корея мавриди омӯзиш қарор дорад.
Дар ҳошияи ин мулоқот миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи ҳавонавардии Корея доир ба омодасозии кадрҳои тоҷики ин соҳа созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавре зикр гардид, дар шароити рушди имрӯзаи соҳаи ҳавонавардӣ афзун намудани шумораи кадрҳои ҷавони ин соҳа барои Тоҷикистон басо муҳим аст.
Зимни пурсишу посух ва андешарониҳо донишҷӯёни тоҷик аз имкони мулоқоти бевосита бо Роҳбари давлати худ дар ин кишвари дур ва ҳам аз ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Сеул, муҳайёшавии заминаи васеи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду кишвар изҳори шодию нишот карданд.
Аз андешарониҳои якчанд соҳибкори тоҷик, ки дар мулоқот ширкат доштанд, маълум шуд, ки дар Ҷумҳурии Корея беш аз 40 нафар соҳибкорон низ аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва шумораи онҳо рӯ ба афзоиш дорад.
Суҳбат бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Корея
Сенздаҳуми апрели соли 2015 дар шаҳри Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Корея Чон Йихва мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди робитаҳои судбахши Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути ба роҳ мондани робитаҳои байнипарлумонӣ, баррасӣ шуд.
Аз он ки робитаҳои ду кишвар рӯ ба рушди босубот оварда, дорои дурнамои наку шудаанд, изҳори хушнудӣ карда шуд.
Ҳар ду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии амиқи худро ба густариши робитаҳо таъкид доштанд.
www.president.tj