Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

№147 (3784) 12.12.2017

24095130367_a2e8d7dcd1_o9 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сафари расмӣ намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, молия, кишоварзӣ, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

9 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳзода Алияи шаҳри Аммон намояндагони воломақоми Шоҳигарии Ҳошимии Урдун самимона истиқбол гирифтанд.

Рӯзи якуми сафар дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вакилони Шӯрои шаҳрдории Аммон ва аъзои маъмурияти он баргузор шуд.

Пеш аз оғози вохӯрӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Аммон Юсуф Шаварбеҳ намоишгоҳи дастовардҳои мардуми тоҷик, аз қабили чакан, зардӯзӣ, аксу мусаввараи манзараҳои нотакрори табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва намунаи дигар анъанаҳои миллии халқи тоҷикро, ки аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ташкил гардид, тамошо карданд.

Чорабинӣ бо садои сурудҳои миллии ҳар ду кишвар оғоз шуд.

Дар мулоқот, ки дар бинои маъмурияти шаҳри Аммон баргузор гардид, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар назди вакилони Шӯрои шаҳрдории Аммон ва аъзои маъмурияти шаҳр оид ба ҳадафи сафари нахустини расмӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ин кишвар суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимии мардуми дӯсти Урдун изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ва Урдун анъанаҳои деринаи муносиботи нек доранд.

Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ва Урдун, бо такя ба алоқамандии амиқи таърихӣ, робитаҳои гуногунҷанбаро тавсеа бахшида, ҳамкориро ба сатҳи сифатан нав хоҳанд баровард.

- Мо омодаем, ки бо ҷониби Урдун баҳри рушду такомули муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои судманди байни кишварҳо дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ кӯшишҳои пайваста намоем, — таъкид доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сипас, раиси шаҳри Аммон Юсуф Шаварбеҳ дар бораи саҳми арзанда ва талошҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар, таҳкими дӯстию бародарии мардуми Тоҷикистону Урдун, инчунин дигар ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлати Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра суханронӣ карда, дар вазъияти тантанавӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди рамзии тиллоии шаҳри Аммонро тақдим карданд. Ҳамин тавр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби унвони олии — Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз барои саҳми арзанда дар густариши муносибатҳои дӯстӣ бо мардуми кишварҳои сайёра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин сазовори унвони шаҳрванди фахрии якчанд мамлакати дигари ҷаҳон гардидаанд.

25088782018_d661f12e33_o10 декабри соли 2017 нахустин сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Ал Ҳуссайния оғоз гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват кард.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сурат гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ба анҷом расид.

Баррасии маҷмӯи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Урдун дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон барои даъвати ҷониби Урдун ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо Урдунро ҳамчун давлати бонуфузи минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом эътироф мекунем ва ҷиҳати такмилу тавсеаи равобити дуҷониба бо Шоҳигарии Ҳошимии Урдун омода ҳастем.

Ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳар ду кишвар судовар, аз ҷумла соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму маориф, сайёҳиву кишоварзӣ ва фарҳангу варзишро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба роҳ мондани ҳамкории манфиатовар дар бахшҳои саноати сабук, истихроҷи маъданҳо, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва гидроэнергетика, бо истифода аз имкониятҳои фарохи неъматҳои моддии Тоҷикистон, аз қабили об, сангу металлҳои қиматбаҳо, металлҳои рангаву сиёҳ ва дигар маъданҳои кӯҳӣ, махсус таъкид карда шуд.

Зикр гардид, ки барои ба сатҳи ҷавобгӯ баровардани равобити дуҷониба, васеъ кардани заминаи ҳуқуқӣ ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бояд аз имконоту зарфиятҳои мавҷуда истифода бурда, аввалтар аз ҳама, Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ таъсис дода шавад. Роҳандозии муносибати доираҳои соҳибкорӣ яке аз омилҳои асосии густариши ҳамкории васеи иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар арзёбӣ шуд.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки Тоҷикистон имконоти хуби сайёҳиву кишоварзӣ дорад ва ҷониби Урдун метавонад аз ин неъматҳо самаранок истифода барад. Ҳамчунин, ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ, манзараҳои зебои нотакрори Тоҷикистон барои рушди сайёҳии экологӣ, табобативу солимгардонӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор шароити мусоид фароҳам овардааст.

Ҳар ду ҷониб барои истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар бахшҳои манфиатовар, аз қабили дастовардҳои илмиву технологӣ, тиббу дорусозӣ, парвариши меваю сабзавот, зироатҳои техникӣ, истеҳсоли асал, бастабандӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ бо роҳи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, истифодаи самараноки оби тозаи ошомиданӣ изҳори омодагӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи тиб, муҳандисӣ, илмҳои дақиқ ва кишоварзӣ имкониятҳои васеъ ва таҷрибаи кофӣ дорад.

- Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии олии мо донишҷӯёни кишварҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шоҳигарии Урдун низ метавонад дар соҳаи маориф ба хотири тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ҳамкорӣ намояд, — гуфт Сарвари давлат.

Зимни мулоқот, ки дар фазои ­дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, ҳар ду ҷониб масъалаҳои ҳамкориро дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкориҳои Исломӣ, баррасӣ карданд. Дар доираи ҳамкорӣ дар ин созмонҳо баҳри пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби асри навин, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дарёфти роҳҳои ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва истиқрори сулҳу субот дар кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна, Осиёи ҷанубӣ ва Афғонистон андешидани тадбирҳои муштараку даста­ҷамъона зарур шуморида шуд.

Дар фарҷоми мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейнро даъват намуданд, ки дар фурсати барояшон мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн дар толори «Маросим»-и Қасри Ал Ҳуссайния санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Эъломияи муштарак оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун қабул гардида, санадҳои зерин имзо шуданд:

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ.

10 декабри соли 2017 дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Аммон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал-Мулкӣ мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ва Урдун баҳри тавсеаи ҳамкорӣ ва ба сатҳи баландтар баровардани онҳо имкони фаровон доранд ва мо омодаем, бо дарназардошти манфиатҳои миллии ду кишвари дӯст, тамоми воситаро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо истифода барем.

Ҷонибҳо аз имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ, ки бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла, соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг, кишоварзӣ ва варзишу сайёҳиро дар бар мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои имрӯза дар роҳи таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикис­тону Урдун бояд сохторҳо ва ниҳодҳои давлатии ҳар ду ҷониб робитаи зичу пурсамарро ба роҳ монанд.

Зимни мулоқот, ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ баҳри таъмини амнияту субот дар кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳонӣ ва мусоидат ба пешрафти давлатҳои минтақа баррасӣ гардиданд.

Баъди анҷоми мулоқот дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал-Мулкӣ як қатор санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба бекор кардани раводид барои дорандагони шиносномаи дипломатӣ;

- Ёддошти тафоҳум дар бораи машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ;

- Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун дар соҳаи фарҳанг ва санъат;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун;

- Созишнома байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба таъсис додани Шӯрои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун.

Ҳамин тавр, зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ба хотири таҳкиму густариши муносибатҳои ­дӯстию ҳамкорӣ байни Тоҷикис­тон ва Урдун Эъломияи муштарак оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун қабул гардида, дар маҷмӯъ 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

11 декабри соли 2017 дар шаҳри Аммон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Файсал Окиф ал-Фоиз мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нақши парлумонҳо дар густариш ва таҳкими равобити дӯстонаи байнидавлатӣ арзишманд арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ бо Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ва дигар кишварҳои олами араб аҳамияти зарурӣ дода мешавад ва муносибатҳои гуногунҷанба бо ин давлатҳо самти муҳими сиёсати минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Ҷонибҳо ба густариши равобити байнипарлумонӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуда, зарурати рушду тавсеаи ин муносибатҳоро барои омодасозии заминаи ҳуқуқии ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таъкид доштанд.

Ҳар ду ҷониб ба таъмини субот, амният ва ҳамкории созандаи минтақавӣ, инчунин ҳалли ҳар чӣ зудтари қазияи кишварҳои мусулмонӣ мароқ зоҳир карда, барои муборизаи муштарак бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба ин таъкид карданд, ки мо бояд бо иродаи муштарак кишварҳои худ ва ҷаҳони исломро аз хатари онҳо эмин дорем ва роҳ надиҳем, ки номи поки дини ислом доғдор гардад.

Дар мулоқот, ҳамчунин ҷиҳати таъсиси ниҳодҳои дахлдори таъминкунандаи равобити густурда ва судманди байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун таклифу пешниҳодҳои муфид ба миён гузошта шуд.

11 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор мавзеъҳои қадимаву таърихии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ошно шуданд.

Урдун кишварест дар Ховари Миёна, ки аз шимол бо Сурия, аз шимолу шарқ бо Ироқ, аз шарқу ҷануб бо Арабистони Саудӣ ва аз ғарб бо Исроил ҳамсарҳад мебошад. Пойтахти Урдун шаҳри Аммон аст ва шоҳигарӣ аз 12 музофот — Аҷлун, Ақаба, Уммон, Ҷераш, Ирбид, Маан, Мадаба, аз-Зарқа, ал-Балқа, ал-Қарак, ал-Мафрак, ат-Тафила иборат мебошад.

Аммон таърихи хеле қадима дошта, асосан аз мавзеъҳои таърихӣ, иншооти гуногуни қадима ва манзараҳои барои сайёҳон тамошобоб иборат аст. Шаҳри Аммон соли 1949 пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун эълон гардида бошад ҳам, таъсиси он ба 7 ҳазор сол пеш аз мелод рост меояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Аммон қалъаи Ситадел, Осорхонаи Урдун, маконҳои таърихии шаҳри қадимаи Петра, Баҳри мурда ва соҳили ғарбии рӯди Урдунро тамошо карданд.

Урдун дар байни кишварҳои арабӣ яке аз мамлакатҳои дорои таърихи бой мебошад ва таваҷҷуҳи сайёҳон ба шаҳрҳои қадимаи он зиёд аст. Бештар диққати одамонро қалъаи таърихии Ситадел, шаҳри қадимаи Петра бо тарҳи меъмории нодир дар рӯйи санг, нигораҳои арзишманди осорхонаи Урдун ва мамнуъгоҳҳо ҷалб мекунанд.

Баҳри мурда дар масофаи 35 километр аз шаҳри Аммон ҷойгир буда, бо хусусиятҳои шифобахшиаш машҳур аст.

Қалъаи Ситадел ҳам яке аз ҷойҳои таърихию тамошобоб мебошад. Ситадел маънои девори қалъаро дорад. Он ҷойро маркази Аммон ё дили шаҳр ҳам мегӯянд. Дар қалъа вайронаҳои деворҳои қаср, боқимондаҳои маъбади Геркулес, калисои Византия мутааллиқ ба асри VI, ҳудуди Ал Қаср мавҷуд аст. Дар Ал Қаср айни ҳол осорхонаи бозёфтҳои бостоншиносӣ фаъолият мекунад.

Дар домани қалъа амфитеатр ҷойгир аст, ки рамзи Урдун мебошад ва он аз 44 қатор ва 7000 ҷойи нишаст иборат будааст.

Ғори Ал Каъф, маъруф бо ғори асҳоби каъф, дар қисми ҷанубии шаҳри Аммон ва шаҳри Петра — пойтахти қадимаи шоҳигарии Набатей низ, ки дар санг, дар баландии 900 метр аз сатҳи баҳр беш аз 2 ҳазор сол пеш сохта шудааст, аз ҷойҳои таърихӣ ва машҳури Урдун мебошад.

Шаҳри Петра ба Феҳристи иншооти мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва ба рӯйхати яке аз ҳафт муъҷизаи олам ворид гардидааст. Он, ки яке аз мавзеъҳои нодири кишвар ба ҳисоб меравад, то имрӯз толорҳои қадима ва амфитеатр, маъбад ва манзилҳои истиқоматӣ, кӯчаҳои шаҳри қадимро дар худ бегазанд нигоҳ доштааст.

Дар шаҳри Аммон, ҳамчунин осорхонаҳои анъанаҳои мардумии Урдун, мошинҳои шоҳӣ, тангаҳои қадима, осорхонаи ҳарбӣ бо яроқҳои гуногун, намоишгоҳ бо намунаи мусаввараҳои шарқӣ, қасри Омеядҳоро тамошо кардан мумкин аст.

Дар Осорхонаи Урдун дастовардҳои илму технология вобаста ба дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ ва зироаткорӣ мавқеи хоса дорад. Дар он ҷо дастгоҳе намоиш дода шуд, ки дар шароити хушкӣ барои таъмини заминҳои зироаткорӣ бо об аз ҳаво об истеҳсол менамояд.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир нарасидани оби ошомиданӣ дар як қатор қитъаҳои олам ба назар мерасад ва бинобар таъсири тағйирёбии иқлим оби баъзе дарёву баҳрҳо буғ шуда, аз байн меравад. Дар Урдун ҷиҳати пешгирии хушкшавии Баҳри мурда дар масофаи қариб 200 километр барои барқарор кардани миқдори оби бухоршуда лоиҳаи бунёди қубури интиқоли об аз Баҳри сурх таҳия шудааст.

Пас аз анҷоми боздид аз Осорхонаи Урдун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори орзуву таманниёти нек баҳри рушду ­густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ин кишвар дар китоби меҳмонони олиқадр имзо гузоштанд.

www.president.tj