Сафари расмии сарвазири Покистон ба Тоҷикистон

№80 (3717) 06.07.2017

34921146383_e43c411ca1_o5 июли соли 2017 Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Маросими истиқбол дар назди Маҷмааи давлатии «Қасри миллат», ки ба таври идона ороста шуда буд, оғоз гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр — Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шарифро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Дар маросими истиқбол ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои мусиқии нафасӣ саф ороста буданд ва ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Покистон иштирок доштанд.

Баъд аз садо додани сурудҳои миллии ду давлат роҳбарони Тоҷикис­тону Покистон аз назди ҳайати Горди фахрӣ гузар намуданд ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба ҳайати ­сафоростаи низомӣ арзи салом намуда, эҳтироми Парчами давлатии Тоҷикистонро ба ҷо овард.

Маросими бошукӯҳи истиқболи меҳмони олиқадр баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб анҷом ёфт.

Панҷуми июли соли 2017 мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон аз вохӯрии хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ӯро барои ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шудани Ҷумҳурии Исломии Покистон табрик намуданд.

Аз раванди идомаёбандаи тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо дидору вохӯриҳои сатҳи баланди онрӯзаро дар давраи барои таърихи муосири муносибатҳои ду давлат хотирмон – 25-солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ муҳиму манфиатбор арзёбӣ намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои музокирот муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯстро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг тақвияти дучанд бахшида, дар оянда воситаи муҳими таҳкимбахши маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон хоҳанд гардид.

Аз сатҳи ҳамдастиву эътимоди сиёсии миёни ду давлат изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ идомаи фаъолияти самарабахш ва ­тавсеаи кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро муҳим арзёбӣ намуданд.

Бо мақсади мусоидат ба хизматрасониҳо дар бахши ҳамлу нақл миёни ду кишвар ва минтақа ҷонибҳо ҳар чӣ зудтар мувофиқа намудани Созишномаро оид ба тиҷорати транзитии дуҷониба таъкид карда,  изҳори умед намуданд, ки доираҳои сармоягузории Покистон дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёна дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтори энергетикию нақлиётӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ иштирок хоҳанд кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манфиатдории Тоҷикистонро ба истифодабарии имкониятҳои бандарҳои баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитӣ барои тавсеаи тиҷорат дар сатҳи минтақа таъкид намуданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин ҳамдастии давлатҳоро дар заминаи татбиқи яке аз лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва барои кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ муҳим — лоиҳаи CASA – 1000 мувофиқи мақсад шумориданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба ­масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ки ба амнияти ҳар ду кишвар ва минтақа хатар эҷод месозанд, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ба масъалаи пайдо кардани роҳу василаҳои самарабахши густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва рушду такомули онҳо, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҳамкории Шанхай, ҳамкории исломӣ ва ҳамкории иқтисодӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамкории фарогир ва созандаи байнидавлатиро мутобиқ ба манфиатҳои дарозмуҳлати мардуми ду кишвар арзёбӣ карда, густариши ҳамгироии минтақавиро, ки ба таҳкими сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ мусоидати ҷиддӣ менамояд, тадбири зарурӣ ва муҳим шумориданд.

5 июли соли 2017 аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти дуҷониба бо иштирок ва дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Навоз Шариф  як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Изҳороти муштараки «Роҳ ба шарикии стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имзо карданд. Ҳамчунин, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покис­тон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи аграрии Равалпиндии Покистон ба номи Пир Алӣ Шоҳ Меҳр ба имзо расонида шуд.

То имрӯз 50 санад заминаи меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкориро  ташкил медод.

Пас аз маросими имзои санадҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Покистон назаррас арзёбӣ намуданд.

www.president.tj