16 сентябри соли 2021 Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овард.
17 сентябри соли равон маросими истиқболи расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар майдони «Қасри миллат», ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хонро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҷонибҳо ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ҳар ду давлат анҷом ёфт.
Сипас, баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон оғоз гардида, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар идома ёфт.
Дар он маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон, мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Покистон муҳтарам Имрон Хонро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, аз сатҳи муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла, эътимоди сиёсии миёни ҳар ду давлат дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зимни мулоқот ба масъалаи рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори Тоҷикистону Покистон робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, илму техника, фарҳанг, бахши гуманитарӣ ва фармасевтӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Барои густариши бештари онҳо идомаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, баргузории ҷаласаҳои Шӯрои муштараки соҳибкорон ва ҷалби сармояи доираҳои соҳибкории Покистон ба иқтисоди Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Пешниҳод гардид, ки ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва нефту газ гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нефту газ, масъалаҳои энергетика ва зерсохтор таъсис дода шаванд.
Таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои нақлиёт, бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард то бандарҳои баҳрии Покистон — Карочӣ ва Гвадар, ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ (карго) байни ҳар ду кишвар, омили муҳим барои афзоиши гардиши мол байни кишварҳо маънидод гардид.
Ҷиҳати рушди бештари ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, пешниҳод гардид, ки дар Тоҷикистон корхонаҳои муштарак дар заминаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири покистонӣ оид ба коркарди нахи пахта, пашму пӯст то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва коркарди сангҳои мармару хоро ва истеҳсоли шишаи сохтмонӣ таъсис дода шаванд.
Дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афғонистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳама гуна тарҳ, ки барои эҳёи субот, ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини амният дар Афғонистон зарур аст, истиқбол мекунад.
Ҷонибҳо вазъи ҳамкории ҳар ду кишварро дар чорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони ҳамкории Шанхай низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ аз рӯи натиҷаҳои он дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Ба Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Покистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон имзо гузоштанд.
Сипас, санадҳои зерин имзо гардид:
Ёддошти тафоҳуми ҳамкории дуҷониба барои рушди бойгониҳо ва китобхонаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Покистон;
Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад аз 13 майи соли 2004;
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти саноатӣ;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии Покистон;
Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди мониторинги молиявии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосӣ (предикатӣ) ва маблағгузории терроризм;
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ ва сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ;
Нақшаи амал барои соли 2022 оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии Ҷумҳурии Исломии Покистон «Associated Press of Pakistan»;
Созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Покистон;
Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Индаси Ҷумҳурии Исломии Покистон.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони ҳар ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи мамлакат нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд.