Сайёраи хурди Системаи офтобӣ ба номи Тоҷикистон номгузорӣ гардид

№116-117 (3417-3418) 01.09.2015

11894512_890101637726690_9020769067729604928_oЯкуми сентябри соли 2015 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Шаҳодатномаи расмиро доир ба номгузорӣ гардидани сайёраи хурди системаи офтобӣ ба номи Тоҷикистон супорид. Қарори мазкур соли ҷорӣ, бо дарназардошти саҳми назарраси олимони тоҷик, дар рушди астрофизикаи ҷаҳонӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ аз тарафи Иттиҳоди байналмилалии астрофизикон қабул гардидааст.

Мадори сайёраи Тоҷикистон дар байни сайёраҳои Миррих ва Муштарӣ ҷойгир буда, масофаи он то Замин 250 миллион километр ва аз Офтоб бошад, 463 миллион километр буда, даври гардиши он дар атрофи Офтоб панҷ сол аст. Айни замон сайёраи Тоҷикистон дар масофаи наздиктарин ба Замин ҷойгир буда,  олимони тоҷик ба омӯзиши хосиятҳои физикиву химиявии он ва ҷараёнҳои дар он баамалоянда машғуланд.

www.president.tj