Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Сангвор
25 сентябри соли 2016
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар доираи сафари имрӯза ба ноҳияҳои водии Рашт, ки дар соли бароямон воқеан таърихӣ, яъне 25 -умин солгарди Истиқлолият сурат мегирад, мо тасмим гирифтем, ки бо шумо, сокинони заҳматпешаи ноҳияи Сангвор, мулоқот доир намоем.
Бинобар ин, ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва кулли сокинони ноҳияро ба муносибати ҷашни бузурги миллиамон – биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, барои пазироии самимии Роҳбари давлат изҳори сипос менамоям ва орзуманди оромиву осоиш ва баракати рӯзгори хонадони ҳар як сокини ноҳия мебошам.
Тавре ки дар суханронии худ ба ифтихори ҷашни 25 – солагии Истиқлолият таъкид намудам, иқдомоти бузурги созандагиву бунёдкорие, ки дар замони соҳибистиқлолии кишварамон амалӣ гардиданд, албатта, ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, шарифу сарбаланд ва соҳибхираду соҳибэҳтироми тоҷик сурат гирифтаанд.
Зимнан, таъсисёбии ноҳияи Сангвор низ яке аз падидаву рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад.
Ба туфайли Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар, аз ҷумла ноҳияи Сангвор, бо дастгирии Давлату Ҳукумат ва дар доираи татбиқи барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ корҳои ободонӣ мунтазам вусъат гирифта, пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳо таъмин гардиданд ва бисёр мушкилоту масъалаҳои ҳаёти сокинон ҳаллу фасл карда шуданд.
Дар ин давра аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои рушди ноҳияи Сангвор, аз ҷумла ҷиҳати пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, бунёди роҳу пулҳо ва беҳсозии шароити зиндагии сокинон зиёда аз 183 миллион сомонӣ сарф гардида, ба маблағи 62 миллион сомонӣ муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва беморхонаву дармонгоҳҳои нав ба истифода дода шудаанд.
Дар баробари ин, дар ин солҳо як қатор биноҳои маъмуриву иҷтимоӣ аз ҷумла биноҳои нави маъмурӣ, варзишгоҳ ва муассисаҳои фарҳангӣ бунёд карда шуданд.
Ҳамчунин, дар ин давра дар доираи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи барқарорсозии баъдиҷангӣ барои азнавсозии инфрасохтори манзиливу коммуналӣ, рушди соҳаҳои кишоварзию маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ қариб 50 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Илова бар ин, дар солҳои 2016-2019 барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сангвор 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда нисфи маблағҳои дар 25 соли Истиқлолият ҷудогардидаро ташкил медиҳад.
Сангвор ноҳияи аграрӣ буда, чорводориву боғпарварӣ, парвариши занбӯри асал, картошка ва дигар намудҳои зироаткорӣ бахшҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ва таъминкунандаи даромади аҳолии ноҳия мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ чорводорӣ ба яке аз соҳаҳои рушдёфтаи ноҳия табдил ёфта, саршумори чорво чандин баробар зиёд шудааст.
Дар даҳсолаи охир, бо дарназардошти иқлими мусоиди ноҳия, кишоварзон ба рушди картошкапарварӣ ва зиёд кардани ҳосилнокии он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, майдони кишти картошкаро аз 93 гектар то 630 гектар ва истеҳсоли онро аз 570 тонна ба 11 ҳазор тонна расонидаанд, ки ин, албатта, қобили дастгириву таҳсин мебошад. Тибқи нақша, соли ҷорӣ аз ҳисоби зиёдшавии заминҳои кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ бояд беш аз 15 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ карда шавад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки захираву имкониятҳои ноҳия дар самти рушди кишоварзӣ то ба ҳол пурра истифода нагардидаанд ва имконияти бамаротиб афзоиш додани саршумори чорво хеле зиёд мебошад. Бинобар ин, дар навбати аввал зарур аст, ки дар самти азхудкунии заминҳои нав, обёрии заминҳо ва васеъ намудани майдони кишти зироатҳо, бунёди боғҳои нав, истифодаи технологияҳои муосири кишоварзӣ ва коркарду истеҳсоли маҳсулоти тайёр чораҷӯйӣ карда шавад.
Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти имкониятҳои ноҳия бояд ҷиҳати зиёд кардани истеҳсоли картошка, истифодаи самараноки заминҳои кишт ва чарогоҳҳо ва ба ин васила афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дӯстони азиз!
Дар ноҳияи Сангвор имкониятҳои хуби бунёди корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон мавҷуданд.
Бояд гуфт, ки Кони ангишти «Миёнаду» дар минтақа яке аз калонтарин мавзеъҳои истифоданашуда ба ҳисоб рафта, дорои миллионҳо тонна захираи ангишт мебошад.
Истифодаи самараноки кони мазкур имконият фароҳам меорад, ки минбаъд талаботи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои минтақаҳои ҷанубу шарқии кишвар ба ин намуди сӯзишворӣ пурра таъмин карда шавад.
То имрӯз бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи саноат ва беҳтар намудани сифати таъминот бо неруи барқ сохтмони хатҳои интиқоли неруи барқ ба масофаи умумии 33 километр ва насби зиёда аз 6 истгоҳи трансформаторӣ ба анҷом расонида шудааст.
Ҳоло Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои ноҳия бо неруи барқ доир ба ҷалби маблағҳои грантӣ барои сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Штиён» бо иқтидори 170 киловатт ва «Гурумбак» бо иқтидори 250 киловатт чораҷӯйӣ карда истодааст.
Бинобар ин, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадоранд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати таъсиси коргоҳу корхонаҳои нав ва ҳар чӣ бештар ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми маҳаллӣ чораҳои муассир андешанд.
Ҳукумати мамлакат бунёду азнавсозии роҳҳо ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани онҳоро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, бунёди роҳҳоро дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат яке аз вазифаҳои асосии худ меҳисобад.
Тайи солҳои охир дар ноҳияи Сангвор аз ҳисоби Буҷети мамлакат сохтмону таҷдиди 71 километр роҳ ва 6 пул ба анҷом расонида шудааст. Дар доираи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ — Сангвор таҷдиди 48 километр роҳи ҳудуди ноҳия бо бунёди се пул ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон мумфарш намудани 33 километр роҳ ва сохтмони ду пул ба анҷом расида, корҳо дар пули сеюм идома доранд. Инчунин, дар доираи лоиҳаи мазкур таъмири 15 километр роҳҳои маҳаллӣ низ пешбинӣ гардидааст.
Вобаста ба ин, Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва ҳаллу фасли масъалаи таъмиру барқарорсозии роҳу пулҳои маҳаллӣ иқдомоти заруриро амалӣ намуда, татбиқи босифату саривақтии лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ – Сангворро таҳти назорат қарор диҳанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Бо дарназардошти он ки мо таълиму тарбияи насли наврасро яке аз самтҳои асосиву афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаем, дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маорифи ноҳияи Сангвор 44 бинои нав ва иловагӣ бо муҳайё кардани зиёда аз 2100 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Агар то соли 1991 дар ноҳия ҳамагӣ 14 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта бошад, пас дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ин шумора 4 баробар афзудааст.
Бо қаноатмандӣ мехоҳам иброз намоям, ки дар баробари маблағгузориҳои давлатӣ, инчунин соҳибкорону шахсони ҳимматбаланди ноҳия даъвати Роҳбари давлатро ҷиҳати сохтмон ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, дармонгоҳу бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти хизматрасонӣ ҷонибдорӣ карда, дар иҷрои ин кори хайр саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Бо вуҷуди ин, Вазорати маориф ва илм, дигар сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ, фаъолону омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеаи ноҳияро зарур аст, ки минбаъд низ ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои соҳаи маорифи ноҳия, баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи наслҳои ояндасози давлату миллат ва дар зеҳну шуури онҳо ривоҷ додани ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд.
Ҳамчунин, вазоратҳои молия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати сари вақт ва босифат анҷом додани сохтмони беморхонаи минтақавӣ дар деҳоти «Миёнаду» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Пешрафти минбаъдаи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати Давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода захираву имкониятҳои истифоданашуда ҳоло хеле зиёданд.
Ба хотири ноил гардидан ба ҳадафҳои неку созандаамон ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрии Ватанамон, сулҳу суботи комил ва фазои орому осудаи кишварамон расида, аҳлона заҳмат кашем ва Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.
Равандҳои пуртазод ва вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир мову шуморо водор месозад, ки ба хотири ҳифзи суботу оромии кишвар ва дастовардҳои Истиқлолият ба тарбияи дурусти наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири манфии равияву мафкураи бегона ҷиддӣ муносибат кунем, барои онҳо имконияти бештари азхудкунии илму донишҳои замонавиро фароҳам созем.
Итминони комил дорам, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Сангвор минбаъд низ сиёсати созандаву ободгаронаи Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои тараққиёти ноҳия ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Дар охир ҳамаи шумо, сокинони шарафманд ва ҳимматбаланду меҳмоннавози диёри зебоманзари Сангворро бори дигар ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини ноҳия рӯзгори ободу осуда ва пур аз файзу баракат орзу менамоям.
Ҳамеша хушбахту сарбаланд бошед!