Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бозии футболи дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Урдунро дар Варзишгоҳи марказии пойтахт тамошо кард

№80-81 (3381-3382) 12.06.2015

Бегоҳии 11 июни соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои бозии футболи дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Урдун ба Варзишгоҳи марказии пойтахт ташриф овард.

Боиси хушнудист, ки футбол дар Тоҷикистон солҳои охир оммавияти васеъ пайдо намудааст, зеро футболбозони дастаҳои алоҳида ва мунтахаби кишвар бозиҳои шавқовару натиҷаҳои умедбахш нишон медиҳанд. Ин аст, ки сафи мухлисони футбол дар Тоҷикистон солҳои охир хеле афзудааст.

Ин ҳолат он рӯз ҳам истисно набуд, зеро майдони марказии варзишии пойтахт, пур аз ҳаводорони футбол гардида буд.

Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз дӯстдорони воқеӣ ва тарғибгарони басо фаъоли варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар кишвар аст, на танҳо ба футболбозони тоҷик, балки ба кулли мардуми дар ин варзишгоҳ ҷамъомада рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин бозии якуми даври дуюми интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун мебошад.

Бозӣ басо ҷолибу шавқовар ва бошиддат ҷараён гирифт. Ҳар ду даста ҳам барои ба даст овардани пирӯзӣ иродаи қавӣ ва маҳорату малакаи баланд нишон доданд. Вале, тавре маълум аст, ғалаба танҳо ба як ҷониб насиб мегардад ва  он бегоҳ бахти футболбозони Урдун баландӣ кард ва онҳо бо нишон додани маҳорати баланду иродаи мустаҳкам бар соҳибони майдон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омаданд.

www.president.tj