Сарвариро аз Пешвои миллат бояд омӯхт!

№124 (4230) 06.10.2020

ПРЕЗҚиссаи пирамарди оқил бевосита фикрҳоро ба дуриҳои дур мебарад, ки ба писараш мегуфт: «Рӯздармиён кор мекунӣ, фикр мекунӣ, гӯш мекунӣ, мебинӣ, мехӯрӣ, ҳама узви баданат ба ту кумак мерасонанд, дасту пойи ту бароят кор мекунанд. Аммо шабонгаҳ, ҳангоме ки ту хоб меравӣ, тамоми аъзои баданат низ истироҳат мекунанд. Танҳо як узве ҳаст, ки ҳеҷ гоҳ истироҳат намекунад, ором нест ва доимо баҳри ту дар таппиш аст, ки ту зинда бошӣ. Албатта, он дили туст. Ин аст ки, дар ҳама ҳолат дили ту аз ҳама ноҷӯрии аъзои бадан огоҳ  аст. Ба ин хотир, ба дили худ гӯш дор, ба хоҳиши дилу виҷдон амал куну онро пос дор ва эҳтиёт намо…».

Агар инсонро дили ӯ дар ҳаракат биёраду ҷону тани онро зинда нигоҳ бидорад, пас ҷомеаро кӣ метавонад ором аз таппишҳои ғамангез ва бесарсонӣ нигоҳ бидорад? Кист оне ки қудрату тавоноӣ дораду барои оромиву осоиштагии давлату миллат ва пайвандон ҳамчун дил шабу рӯз дар таппиш бошаду хизмати мардонаву фарзона ба ҷо биёрад? Албатта, барои миллати тоҷик, дили он  – марди асилу фарзона, хирадманду сиёсатмадори ҷаҳонафрӯзи миллат — Эмомалӣ Раҳмон шуд, ки тавонист дар марҳилаи муайян оташи ҷанги таҳмилиро хомӯш намуда, мардумро ба ҳам оварда, ваҳдати миллиро таҳкиму безавол гардонад.

Чун ба таърих назар афканем, шоҳид мегардем, ки ҳар як давлати муқтадир дар тӯли таърих шахсиятҳоеро тарбия додааст, ки дар ҳолатҳои сахту сангин заминаи эҳё, барқарор ва пешравии фарҳангу маданияти он кишварҳо шудааст. Сабабгори ба зудӣ барқарор шудани сулҳу субот, сохти давлатдории ҳуқуқбунёду дунявии тоҷикон ва бори дигар дар талотуми таърихи муосир эҳё гардидани миллати тоҷик ва рушди минбаъдаи он абармарди майдони сиёсат, Пешвои миллати тоҷик аст.

… Лаҳзае чашмам ба наворе афтод, ки галаи оҳувони саҳроӣ бо ғурур сайр мекарданду баногаҳ тӯдаи шағолон ба онҳо дарафтода, пароканда ва қисме аз онҳоро ишкам даридаву зумраи дигарро пову даст харошиданд. Дар он лаҳзаи таҳлука, оҳу ба як тараф, оҳубарра ба сӯи дигар метохтанд. Баъди фурсати тӯлонӣ, ки шағолон оҳубарраеро шикор намуда, барои ба даст овардани луқмаи калонтар бо якдигар дар ҷангу ҷидол буданд, дар қисмати дигари ҷангал галаи сайдон ҷамъ омаданд. Аз чашмони модароҳу маълум буд, ки барраи худро меҷӯяд. Аммо ҳарчанд бӯид, пӯид ва ба гирду атроф давутоз кард, оҳубарраро наёфт…

Наворро дида, хоҳу нохоҳ рӯзҳои пурдаҳшати ҷанги таҳмилӣ пеши назар меояд. Мардум сарсону парешон, оилаҳои пароканда, яке фарзанд гум кардаву дигаре бародар, зумрае аз хешу ақрабо дур, ба куҷо рафтану дар куҷо паноҳ бурданро намедонистанд. Душманони миллату давлат бо афроди муғризи дохилӣ «ҳамзабонӣ» карда, барои роҳандозӣ намудани аҳдофи нопок кишварро бар хато бурданд. Дар он лаҳзаҳои ҳассосу пурандуҳ фарзанди баору номуси тоҷик  Эмомалӣ Раҳмон чун рӯҳи ниёкон ба майдони сиёсат омад, мардуми парокандаро сарҷамъ намуда, сулҳу ваҳдати миллиро барқарор кард. Модару падарро ба фарзандон, бародарро бо бародару хоҳарон васл кард, яъне хонадони тоҷикро ҷамъ намуда, ҳисси баланди бахшиданро дар тинати мардум бедор намуд. Агар моҳиятан ба масъала назар намоем, ин Мактаби давлатдории хирадмандонаву таҳаммулпазирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳар лаҳзаи онро бояд омӯхт ва барои наслҳои оянда ба мерос гузошт.

Олимони кишвар вобаста ба такмилу роҳандозӣ намудани маҳорати сарварӣ таҳқиқоти зиёди илмӣ карда, усули нави тарбияи заминаҳои сарвариро муайян намудаанд. Бо вуҷуди ин, зикр кардан зарур аст, ки маҳорати сарварӣ агар дар вуҷуди инсон набошад, онро тарбия кардан ва дар мафкураи одам ҷой додан душвор ва ҳатто номумкин аст. Вобаста ба ин, барои омода намудани ҷавонон ҳамчун пайравони Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ мактабҳои тайёр намудани сарварони оянда, аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд ташкил карда шудааст, ки ҷанба ва паҳлуҳои гуногуни мактаби давлатдории Пешвои миллатро меомӯзанд. Зеро мактаби сарварӣ метавонад чун мактаби бузурги давлатдорӣ на танҳо барои насли ояндаи миллат, балки барои ҷаҳониён низ чун намунаи воло хидмат намояд.

Президенти кишвар аз рӯзҳои аввали сарварӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса дода, онҳоро қувваи ояндасози миллат номиданд. Дар шакли нави хусусияти давлатидошта – сиёсати давлатии ҷавононро, ки ба сохти идоракунии давлатӣ хос мебошад, ташаккул доданд. Ин қарор он ҳолате рӯйи кор омад, ки дигар низоми ташкилию амалии идораи соҳаи кор бо ҷавонон ба шакли муташаккил арзи вуҷуд надошт. Сарвари ҷавону дурбин дар ҷавонон ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ояндаи дурахшони миллатро дида, ҳанӯз ҳамчун вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш дар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (13 марти соли 1992) саҳми арзанда гузошт.

Дигар саргузашти арзишманди сиёсати ҷавонпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ ба 70-умин рӯзи сарварӣ – 2 феврали соли 1995 тааллуқ дорад, ки он ба рӯҳияву тавони ҷавонони миллат, ки дар вазъияти ногувор қарор доштанду тафаккури сиёсии миллӣ ташаккул наёфта буд, нақши калидӣ гузошт. Он вохӯрӣ ҷавононро бовар кунонд, ки Ватану миллат ба кумаку дастгирии онҳо ниёз дорад. Онҳоро водор сохт, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Дар баробари ин, ҷавононро рӯҳбаланд кард, ки Ватану миллат ҳама вақт барои дастгирӣ ба пешравии онҳо омода аст.

Чӣ тавре ки аз низоми идоракунии сиёсати ҷавонон бармеояд, аз рӯзҳои аввали ташаккулёбӣ ­масъалаҳои ташкилии фаъолияти ин соҳа ба ҳар ду шохаи фаъолияти ҳокимияти давлатӣ – иҷроия ва қонунбарор равона гардид. Яъне, идораи босамари ин низоми фаъолият метавонист иштироки ҷавононро дар ҳама зинаи идоракунии давлатӣ таъмин созад

Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ душвор аст, лекин нигоҳ доштанаш аз он ҳам душвортар. Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон тавонист давлатро барқарор кунад, онро нигоҳ дошта, рушд диҳад. Инчунин, ҳамчун сиёсатмадори асил дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пешниҳод ва ташаббусҳои арзанда ҳамчун ситораи тобон намоён гардад. Ӯро дар байни кишварҳои дунё бо кори пурмаҳсул, фикру мулоҳизаҳои бунёдкоронаву навоварона ва дурандешона шинохтанд ва эътироф карданд.

Муддате сафари корӣ доштем, ба кишваре аз он тарафи уқёнус. Ҳангоме ки бо ҳамроҳон аз нуқтаи гумрукӣ мегузаштем, суҳбатро ҷавоне халалдор карда, гуфт: «Шумо тоҷикед, аз Тоҷикистонед?». Чун дар он мулки дуру бегона лаҳни зебои тоҷикиро шунидем, ба ваҷд омада, якбора «бале, тоҷикем, аз Тоҷикистонем» гуфтем. Он ҷавон бо чашмони пур аз об гуфт: «Ман афғонам, падару модарам аз Афғонистон ба ин мулк фирор карданд ва ман дар ин ҷо ба дунё омадам. Ватани падариро надидаам. Э кош, дар мулки мо ҳам чун Сарвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон — марди асил пайдо мешуд ва Афғонистонро ободу зебо мегардониду мо низ ба Ватан бармегаштем. Э кош, ман тоҷики тоҷикистонӣ мешудаму ба Тоҷикистон мерафтаму шумо барин меболидам, ки ман тоҷикаму аз Тоҷикистонам! Агар ба ман имконияти интихоб медоданд, ман шаҳрванди Тоҷикистон буданро интихоб мекардаму дар Тоҷикистон зиндагӣ менамудам».

Ин суханҳоро ба ҳамроҳонаш ба забони англисӣ такрор карду ба мо ишора карда гуфт, ки инҳо хушбахттарин миллатанд, ки Худо ба онҳо Сарвари ғамхор додааст. Суханони ҷавон гурӯҳи кории моро ба ваҷд овард. Бале, мо рӯҳбаланд аз Сарвари худ ҳастем, аз нигоҳдории миллат, рушди Ватан ва аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мефахрем ва пайваста шукр­гузорӣ аз он мекунем, ки тоҷикему аз Тоҷикистон!

Ба ин марди Худо, эй халқи ман шукрона бояд кард,

Дуои давлату ҷонаш ба ҳар як хона бояд кард.

Ба роҳи сулҳ рафта, зиндагӣ аҳлона бояд кард,

Ватан обод бо ин Сарвари фарзона бояд кард.

Шукр аз он, ки Ватани ободу озод дорем, шукри неъматҳои Ватани азизамон, шукри осоишу бунёдкорӣ, шукри он ки бо дили ором, табъи болида, бо фикрҳои неку ояндасоз сар ба болини ноз мегузорем, зеро ҳар як фарди кишвар боварии комил дорад, ки нафаре ҳаст амнияти моро нигоҳ медорад, амин аст, ки пуштибоне дорад, ки дар ҳама ҳолат нигаҳбонӣ аз миллат, сарзамин, фарҳанг, Ватан ва муқаддасоти миллӣ мекунад.

Мо – тоҷикон, имрӯз соҳиб дорем, Сарвар дорем, Пешво дорем!

Ин аст Мактаби давлатдории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон!

Лутфия АБДУХОЛИҚЗОДА,  

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон