Хитой ва Тоҷикистон ҳамсояҳои қадрдону самимӣ ва шарикони боэътимод буда, ҳамкории боварибахши сиёсӣ ва стратегиро дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудаанд.
Ҷониби Хитой мақсад гузоштааст, ки Роҳи абрешимро бо ҳар се самтҳои стратегияи рушди барои Тоҷикистон мароқовар — дар соҳаи энергетика, нақлиёт ва озуқаворӣ ҳамоҳанг созад. Хитой ният дорад, ки аз потенсиали ҳанӯз истифоданашудаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Тоҷикистон якҷо баҳра гирифта, ширкати фаъоли корхонаҳои хитойиро барои сохтмони иншоотҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳавасманд намояд.