«Дар бораи сарфароз гардонидани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он, барои қадршиносии 68 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо 1462 500 (як миллиону чорсаду шасту ду ҳазору панҷсад) сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Ин қадршиносии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди варзиш ва ҳавасмандгардонии варзишгарони баору номуси Тоҷикистон буда, бори дигар собит менамояд, ки рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлати Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Дар ҷаҳони муосир варзиш ба василаи муҳимтарини таъмини сулҳ ва ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, тавассути он давлатҳо ва халқу миллатҳо мақом ва нуфузи байналмилалии худро ҳифз намуда, аз ҳувияту шарафи худ дифоъ менамоянд.
Варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии фарҳанги миллии мо ба шумор рафта, ҳанӯз аз замонҳои қадим тоҷикон дорои намудҳои гуногуни бозиҳои миллии варзишӣ буданд ва ба он майлу рағбати беандоза доштанд.
Дар фарҳанги миллии мо варзиш рамзи ҷавонмардӣ ва шуҷоату далерӣ шинохта шуда, наврасону ҷавонон ба таври оммавӣ ба машқварзӣ ҷалб карда мешаванд.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ варзиш дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи шоиста касб намуда, ҷиҳати омода намудани варзишгарони касбӣ аз рӯйи ҳамаи намудҳои варзиш шароити зарурӣ фароҳам гардидааст. Бо дарназардошти ин, соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст.
Дар заминаи шароити муҳайёшуда варзишгарони кишвар тавониста истодаанд, ки мақом ва шарафи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз созанд ва онро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.