Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

№75 (4337) - 76 (4338) 12.06.2021

51237804868_d37d76117d_o10 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом — Сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо аксҳои сарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон идона ороста шуд. Ҳамчунин, шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ҳар ду кишвар ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.

Зимни мулоқоти хосае, ки байни сарони давлатҳо дар фурудгоҳ сурат гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайра мақдам гуфтанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои шарикии стратегии кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Истиқболи гарму самимии меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз фурудгоҳ то Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, аз тарафи сокинони меҳмоннавози пойтахт дар хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе, ки барои истиқбол сабзу гулпӯш гардида, симои идона дошт, идома ёфт.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар майдони Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони давлатҳо анҷом ёфт.

10 июни соли 2021 пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом, баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардида, сипас, музокироти васеи ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар ҷараён гирифт.

51238683666_3a196e114f_oЗимни он роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон  дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии кишварҳоро баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои муб­рами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд. Ҳамчунин, самтҳои минбаъдаи корҳои дарпеш­истода ҷиҳати васеъ намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон муайян карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайра мақдам гуфта, изҳори боварӣ карданд, ки сафари расмии Сарвари давлати ҳамсоя ба Тоҷикистон барои рушди ҳамкории ҳар ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Дар оғози музокирот, бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамтои худ ва мардуми ӯзбеки бародарро бо ҷашни дарпешистодаи сисолагии соҳиб­истиқлолии давлатии Ӯзбекистон самимона шодбош гуфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон раванди устувори рушди ҳамкории ҳар ду кишвари бародарро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин, дар бахши амниятӣ махсус таъкид карда, бори дигар ба Президент ва Ҳукумати Ӯзбекистон барои кумак дар шакли доруворӣ ва таҷҳизот, инчунин, беморхонаи сайёр дар давраи душвори пандемияи нави коронавирус, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, ба робитаҳои муваффақонаи ҷонибҳо дар заминаи сохторҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва дигар сохторҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ ишора карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои Форуми байниминтақавии сармоягузорӣ, ки дар арафаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вилояти Хатлон баргузор гардид, баҳои баланд доданд.

Пешвои миллат зикр карданд, ки натиҷаҳои форум ва дар маҷмӯъ, гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ аз мавҷудияти имконоти бузург барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ шаҳодат медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки ҳаҷми умумии маблағи созишномаҳо, лоиҳаҳо ва шартномаҳои тиҷоратии байниҳукуматӣ, ки ба имзо расидаанд ва дар чорчӯбаи сафар имзо мешаванд, ба зиёда аз як миллиард доллари америкоӣ мерасад.

Зимни баррасии муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор оид ба имкониятҳои татбиқи як қатор лоиҳаҳои нав, ки ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои тиҷорат ва тавсеаи ҷанбаҳои дигари ҳамкории кишварҳо нигаронида шудаанд, сурат гирифт. Аз ҷумла, ҷонибҳо дар бораи лоиҳаи сохт­мони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори тахминии 320 мегаватт ва таъсиси ширкати муштараки сармоягузорӣ андешаронӣ карданд.

Ба ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Сарони ҳар ду давлат ба фаъолияти корхонаи муштараки «Артел Авеста Электроникс» (Artel Avesta Electronics), ки соли гузаш­та ифтитоҳ ёфт, баҳои баланд доданд.

Ҳамчунин, масъалаҳоро дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла, дар заминаи корхонаҳои соҳавии саноати сабук, хӯрокворӣ, маъдан ва металлургияи рангаи Тоҷикистон, инчунин, дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ карданд.

Масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ низ баррасӣ карда шуданд. Ҷонибҳо ҷиҳати дастгирии тарафайн дар истифодаи фаъолонаи афзалиятҳои соҳаи кишоварзии кишварҳо барои истеҳсоли маҳсулоти асосии хӯрокворӣ ба мувофиқа расиданд.

Сарони давлатҳо дар ҳайати васеъ ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷонибҳо дар бораи ҳолат ва дурнамои корҳо дар соҳаи тиҷоративу иқтисодиро шуниданд. Ба доираи васеи ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таваҷҷуҳи доимӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоиву фарҳангии тоҷикони аҳолии Ӯзбекистон изҳори миннатдории махсус карданд.

Дар доираи ҳамкориҳои судманд дар соҳаи фарҳанг ба хотири таҳкими дӯстии асил ва самимии мардуми ҳар ду кишвар, ки таърихи қадима дорад, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оид ба ҳаёту фаъолияти ибратбахши нобиғаҳои адабиёту фарҳанг Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ филми пурмазмуни таърихӣ таҳия намоянд.

Ҳангоми баррасии мавзӯъҳои минтақавӣ ба масъалаҳои мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм, радикализми динӣ ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ диққати зарурӣ дода шуд. Ҷонибҳо дар бораи вазъи низомиву сиёсии Афғонистони барои ҳар ду кишвар ҳамсоя, аз ҷумла, бо дарназардошти хурӯҷи неруҳои эътилофи байналмилалӣ аз қаламрави он, мубодилаи афкор карданд. Зарурати ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳои ҷонибҳо барои барқарор кардани сулҳу субот дар Афғонистон қайд карда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои минтақавӣ Пешвои миллат ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ки ба вазъи захираҳои оби минтақа таъсир мерасонад, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар ин бобат, ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар бораи эълони «Соли байналмилалии ҳифзи пир­яхҳо» ва муайян кардани санаи солонаи «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо», инчунин, таъсиси Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ишора гардид. Ба ҳамкории фаъоли минбаъдаи ҳар ду кишвар дар пешбурди ин ташаббусҳо изҳори умед карда шуд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯс­тони ӯзбекистонӣ барои дастгирии ҳамаҷонибаи раисии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай изҳори миннатдорӣ карданд.

Дар толори сафеди Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба таври маҷозӣ ду иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ — бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» бо 200 катро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки дар доираи муносибатҳои ҳасанаи давлатҳо ва бо ташаббусҳои созандаву иқдомҳои саховатмандонаи сарони давлатҳо аз тарафи ҳукуматҳои ҳар ду кишвар ­бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

51238521744_47eb694079_oМактаби муосири таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар масоҳати 1,5 гектар сохта шуда, аз се ошёна ва синфхонаҳои муосир, варзишгоҳ, толорҳои варзишӣ, синфхонаҳои фаннӣ, ошхонаи барҳаво ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Ин даргоҳи илму маърифат туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои фарзандони сокинони шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон мебошад, ки бо нишони эҳтироми баланду самимӣ нисбат ба мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя бунёд шудааст.

Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он барои ташхис ва табобати беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Маҷмааи тандурустӣ 19 шуъба дошта, бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки барои ташхиси дақиқу муолиҷаи саривақтии беморон муҳим мебошад. Бо таъмини чунин шароити муосир акнун сокинон дар маҳалли зисташон бо харҷи камтар ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Ин дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои гуногун, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ, фавти модару кӯдак, дар шароити муосир ва бо риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ расондани кумакҳои аввалияи тиббӣ, мебошад.

Мавриди зикр аст, ки соли гузашта дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мактаби нав барои 630 ҷой, ки онро дӯстони ӯзбек сохтанд, ба истифода дода шуд. Сохтмони муассисаи томактабӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар шаҳри Риштони вилояти Фарғона низ барои 200 ҷой дар арафаи анҷомёбист.

51238521759_7dc141226c_oПас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо гузош­танд.

Сипас, дар ҳузури сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуданд:

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва «Complex Mining Solution»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таъсиси «Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон»;

- Протокол дар бораи ворид намудани тағйи­рот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2018;

- Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2022;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба таъсис додани ҷамъияти саҳомии муштарак, омодасозии арзёбии техникӣ — иқтисодии сохтмон ва истифодабарии ду неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

- Харитаи роҳ барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2022.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, 36 ҳуҷҷат ба имзо расид.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохӯриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

10 июни соли 2021 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом — Сарвари ҷумҳурии дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба Бӯстонсаройи беруназ­шаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, ташриф оварданд.

Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ сарони давлатҳо табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффои шаршараҳоро тамошо карданд.

Дар ҳақиқат, боду ҳавои фораму обҳои тозаи ин мавзеъ ба инсон ҳаловат мебахшанд. Фазои мусоид ва табиати сабзаш макони мулоқот, сайругашт ва тамошои меҳмонони сатҳи олӣ, аз ҷумла сарони давлатҳои хориҷӣ, гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамоянд.

Шоми 10 июни соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари кишвари дӯс­ту бародар муҳтарам Шавкат Мирзиёев «Барои хизматҳои шоён ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар вазъияти тантанавӣ бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи I сарфароз гардонида шуданд.

10 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикис­тон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ», ки дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи ­иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, иштирок намуданд.

51239777406_a1635fe7f1_oЧорабинӣ бо суханронии сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев оғоз гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар қаноатмандию нишоти худ ва мардуми Тоҷикистонро аз ташрифи расмии меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сарзамини офтобию меҳмоннавози Тоҷикистон изҳор намуда, натиҷаҳои онро қадами муҳиму устувор дар роҳи таҳкими муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстии мардуми ҳар ду кишвар аз қаъри таърих реша мегирад ва он бояд бо талошу ташаббусҳои муштараки халқҳо то абад поянда монад.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд.

Зимни баромад сарони давлатҳо, инчунин, оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешутаборӣ ва рушду гус­тариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.

Макони баргузории чорабинии фарҳангӣ бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз самимияту дидори мардуми ба ҳам дӯсти ду кишвари ҳамсоя фазои идона дошт.

Баъди суханронии сарони давлатҳо чорабинии фарҳангии «Шоми дӯстӣ» бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ҳар ду кишвар, ки тараннумкунандаи дӯстии мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон буд, идома ёфт.

Шоми 10 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар бӯстонсарои шаҳрӣ зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо фазои гарму самимиаш ба маҳфили «Шоми дӯстӣ» табдил ёфт.

Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии гарми тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.

Дар бӯстонсарои шаҳрӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ҳамчунин, ба дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии боғчаи атрофи қароргоҳ, ки аксараш аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинонда шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Субҳи 11 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар идомаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.

Меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарият ва намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд бо риояи анъанаю суннатҳои хоси ҳамсоягӣ, дӯстию рафоқат ва меҳру муҳаббат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

11 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Қасри таърихии Арбоб бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.

51239164932_343d86501b_oДар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимияти хос меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, бо хушнудӣ таъкид доштанд, ки ҳар як вохӯрии ҷонибҳо ва баррасии робитаҳои дуҷониба барои таҳкими шарикии стратегӣ саҳми босазо мегузорад.

- Ҳамкории мутақобилан суд­манди Тоҷикистону Ӯзбекистон ба умумиятҳои ҳудудӣ, ҷуғрофию таърихӣ ва фарҳангии ҳар ду мамлакати ба ҳам дӯсту ҳамсоя асос ёфта, таърихи чандинасра дорад. Рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад, — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин, Сарвари давлати Тоҷикистон дар бораи мавқеи ягонаву устувори давлатҳо ва мардуми ҳар ду мамлакат барои идомаи рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ андешаронӣ карда, таъкид карданд, ки ҷонибҳо бо истифода аз боварию эътимоди байниҳамдигарӣ барои ноил гардидан ба татбиқи тавофуқоти пешин талош хоҳанд кард.

Таъкид гардид, ки халқҳои тоҷик ва ӯзбек, новобаста ба мушкилоти зиёд ва рӯйдодҳои таърих, ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то ба ҳол нигоҳ доштаанд.

Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибати дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошад.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бори дигар аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки кушодани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва барқарор намудани ҳаракати мунтазами нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳану ҳавоӣ байни давлатҳои ҳамсоя ба манфиати соҳибкорон ва мардуми ҳар ду мамлакат буда, ҷиҳати густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Густариши равобити фарҳангию гуманитарӣ ва мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию ҳамоишҳои илмӣ бо иштироки адибону олимон ва арбобони фарҳангу санъати ҳар ду мамлакат аз мавзӯъҳои дигар ва муҳими мулоқот бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд ба ҳисоб мерафт.

Пас аз суханронии сарони давлатҳо профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Матлубаи Мирзоюнус ва сокини ноҳияи Деваштич Наврӯза Мамирова баромад карда, барои фароҳам овардани шароиту имконот дар самти рафтуомади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду мамлакат, рушди саёҳату тиҷорат ва дигар тадбирҳои зарурӣ, ки боиси баҳамоии халқҳои тоҷику ӯзбек гардид, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев изҳори сипос намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум»- ро аз назар гузарониданд.

ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» тайи 60 сол фаъолият дошта, бо истеҳсоли қолинҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл дар бозори дохил ва хориҷи кишвар мавқеи хос дорад.

Нахуст сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти хатҳои истеҳсолии корхона шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2018 дар доираи «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2014-2020» аз кишварҳои Белгия, Олмон ва Франсия таҷҳизоти истеҳсоли риштаи полипропилении пати қолин ворид гардида, насб шудааст. Дар ин хати истеҳсолӣ 70 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ, фаъолият мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки қаблан ашёи хом барои истеҳсоли қолин ба корхона аз хориҷа ворид карда мешуд ва баъди ба кор андохтани таҷҳизоти нав имкон фароҳам омад, ки истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом барои истеҳсоли қолин дар дохили мамлакат ба роҳ монда шавад. Ин дастовард барои корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» арзишманд аст. Иқтидори хати истеҳсоли ришта дар як моҳ 300 тоннаро ташкил медиҳад. Бо ин иқтидор ҷамъият имкон дорад корхонаҳои дигари истеҳсоли қолинро дар ҷумҳурӣ бо ашёи хом, аз ҷумла, ришта, таъмин намояд.

Роҳандозӣ намудани истеҳсоли ашёи хом, хоса ришта, ба таъмин гардидани кори мунтазами истеҳсолот ва рақобатпазирии маҳсулот дар бозор, коҳиш ёфтани арзиши аслии он, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат намуд. Дар доираи ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон қисман ашёи хом барои истеҳсоли ришта ба корхона аз ин кишвари ҳамсоя ворид карда мешавад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иттилоъ дода шуд, ки дар ояндаи наздик содироти маҳсулоти тайёр, яъне қолин, аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон роҳандозӣ мегардад. Дар ин самт замина фароҳам шудааст.

Дар сехи бофандагӣ роҳбарони давлатҳо бо таҷҳизоти истеҳсолот, ки замонавӣ мебошад, шинос шуданд. Дар заминаи таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2013 ба корхона дастгоҳи муосири тортании ширкати «Мир Макина»-и давлати Туркия, 7 дастгоҳи муосири бофандагии ширкати «Ван-де-Вил»-и Белгия, хати экструзионӣ барои истеҳсоли ришта ва дигар таҷҳизоти хатҳои технологии ширкатҳои бонуфузи давлатҳои Олмон, Белгия, Туркия, Франсия, Ҷопон ва Россия ворид шуданд.

Агар то даврони соҳибис­тиқлолӣ ҳосилнокии меҳнати як корманд дар корхона 1384 метри мураббаъро ташкил медод, пас ин нишондод ба зиёда аз 5960 метри мураббаъ баробар шудааст.

Ҳаҷми истеҳсолот дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» сол то сол зиёд мегардад. Тайи панҷ моҳи соли ҷорӣ дар корхона 957,9 ҳазор метри мураббаъ маҳсулот барои қолин истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 — ум  347,4 ҳазор метри мураббаъ ё 56,9 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли ришта ба 730,21 тонна баробар гардид, ки дар муқоиса ба соли гузашта 308 тонна  ё 72,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ба Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавассути монитор шароити мавҷудаи биноҳои маъмурию маишӣ барои кормандон муаррифӣ карда шуд. Тавре аён гардид, биноҳои маъмурию маишӣ аз таъмири пурра бароварда шудаанд ва бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гардида, беҳтарин шароит барои кор фароҳам шудааст.

Зикр гардид, ки соли 2019 ду автобуси истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои хизматрасонӣ  ба кормандон дастрас шуд.

Айни замон дар корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» 500 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мебошанд, ки 47 дарсади онро занҳо ташкил мекунанд.

Иқтидори истеҳсолӣ ва технологияи ҳозираи корхона имкон медиҳад, ки  ҳама дархости харидорон, новобаста ба дизайн, коллексия ва ё ҳаҷм дар муддати кӯтоҳ иҷро гардад. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона айни ҳол 3 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар идомаи боздид аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз намоишгоҳи корхона, ки дар он номгӯи зиёди маҳсулоти тайёр ва ашёи хом барои истеҳсоли қолин ба маъраз гузошта шуда буд, боздид ба амал оварда, ба сифати истеҳсолот ва рақобатпазирии он дар бозори дохил ва хориҷи кишвар баҳои баланд доданд. Ҳоло дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» зиёда аз 2000 намуд қолин бо нақш, андоза ва тасвирҳои гуногун истеҳсол мешавад. Дар қолинҳои нави корхона нақшу нигори миллӣ омехта бо санъати муосир, мавзеъҳои зебо ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон тасвир ёфтаанд. Дар гӯшаи алоҳида қолинҳое ба намоиш гузошта шуданд, ки дар онҳо мавзеъҳои таърихию сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон, инчунин, расми шахсиятҳои барҷастаи ҳар ду миллати бо ҳам қарин — тоҷику ӯзбек, аз ҷумла, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ таҷассум ёфтаанд.

Дар ҳамон ҷо ба сарони давлатҳои ба ҳам дӯсту бародар — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон интернет-мағоза ва нуқтаҳои фурӯши қолинҳо намоиш дода шуд. Интернет-мағозаи корхона соли 2020 ташкил гардида, ҳадаф боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба харидорон мебошад. Тавассути интернет — мағоза харидорон имкон доранд, осон ва бо нархҳои дастрас қолин интихоб намуда, фармоиш диҳанд ва дар муҳлати кӯтоҳ дастрас намоянд.

Сарони давлатҳо ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, рушд бахшидани истеҳсолот, васеъ намудани ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, боз ҳам густурда намудани ҳамкориро дар самти содироту воридоти маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳим шумориданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи Баҳри Тоҷик, ки обанбори Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба ҳисоб меравад, боздид намуданд.

Он яке аз калонтарин обанборҳо дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки дарозиаш то 65 километр, паҳнояш аз 8 то 20 километр ва масоҳати сатҳи меъёрии иншоот 512 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳаҷми обанбор 3 миллиарду 413 миллион метри мураббаъ буда, таъиноти истеҳсоли неруи барқ ва обёрии заминҳои кишоварзии давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистонро ба уҳда дорад.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳост дар раванди геополитикии истифода ва тақсими одилонаи захираҳои обӣ талоши амиқ ба харҷ медиҳад. Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон бо ташаббусҳои созанда баҳри ҳалли мушкилоти марбут ба об дар ҷаҳон мақоми шоистаро соҳиб шуда, чорумин ибтикори глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъала­ҳои об — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳилаи амалишавӣ қарор дорад. Ҷумҳурии мо аз оғози Истиқлолияти давлатӣ бо дарки нақши калидӣ дар захираҳои обӣ ва энергетикии минтақа дар раванди ҷаҳонӣ фаъолияти муассир дорад.

Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи муваффақонаи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар мамлакат ёдовар шуда, мавқеи кишварро дар иртибот ба муҳимияти амалишавии ин тарҳҳо, ки аз аҳамияти минтақавӣ бархӯрдор мебошанд, махсус таъкид карданд.

Меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳангоми боздид аз ин макони дилфиреб, бори дигар ҳавасмандии ҷониби Ӯзбекистонро бобати шарикӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки гидроэнергетикии Тоҷикистон баён намуданд.

Гуфтан бамаврид аст, ки қисми зиёди замини кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҳисоби захираи оби обанбори Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» обёрӣ мешаванд, ки намунаи барҷастаи ҳамкории минтақавӣ дар самти истифодаи одилонаи захираҳои обии мамлакати мо мебошад.

Бо дарназардошти муҳимияти навсозии иншооти амалкунандаи гидроэнергетикӣ, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» аз соли 2019 ҷараён дорад. Мувофиқи ҷадвал, санаи оғози татбиқи лоиҳаи таҷдиди НБО «Қайроққум» аз 23 августи соли 2019 муайян гардида, муҳлати ба анҷом расидани лоиҳа 57 моҳ пешбинӣ шудааст.

Тибқи қарордоди баимзорасида, маблағи пешбинишуда барои татбиқи лоиҳа 153,6 млн. доллари амрикоӣ буда, марҳила ба марҳила таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он, бо зиёд намудани иқтидори неругоҳ аз 126 МВт то ба 174 МВт пешбинӣ гардидааст.

То ба ҳол дар доираи лоиҳаи таҷдиди НБО «Қайроққум» корҳои таҳқиқотии топографӣ, геофизикӣ, геотехникӣ, андозагирии қисми обгузар ва бетонии неругоҳ, таҳқиқоти кисми зериобӣ, озмоиши модели турбина, азназаргузаронии ҳолати зериобии таҷҳизоти гидромеханикӣ ва қисми бетонӣ, гирифтани намунаҳо барои гузаронидани озмоиши лабораторӣ, лоиҳакашии муфассал доир ба таҷҳизоти ёрирасон, корҳои омодасозӣ, тартиби нақшаҳои бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист, нақшаи таҳия ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва нақшаи сифат иҷро гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ташриф оварда, бо таҷрибаи хоҷагидорон аз наздик шинос шуданд.

Муассиса соли 2008 дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии боғҳои он 631 гектарро ташкил медиҳад.

Хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва риояи пурраи маданияти истифодаи замин дар 402 гектар парвариши зардолу, 24 гектар шафтолу, 33 гектар себ, 6 гектар гелос, 12 гектар олу, 16 гектар ток ва дигар навъи дарахтони мевадиҳандаро ба роҳ мондаанд.

Кормандони муассиса дар парвариш ва нигоҳубини боғу токзор дорои таҷрибаи ғанӣ буда, бо истифода аз шароити мусоид ҳар сол ба миқдори зарурӣ дар сардхона маҳсулот низ захира мекунанд.

Дар «Боғи миллии Ваҳдат» сардхона бо ғунҷоиши 300 тонна маҳсулот мавҷуд буда, 80 нафар ба таври доимӣ ва 60 каси дигар мавсимӣ ба кор ҷалб мегарданд.

Бунёди боғҳои интенсивӣ барои хоҷагидорони муассиса имкон додааст, ки сол то сол истеҳсоли меваҳои хуштаъму лазизи ватаниро бештар намоянд.

Дар боғи гелоси муассиса асосан навъи маҳаллии барвақтӣ, бурлат ва кордия парвариш мегардад, ки ба иқлими минтақа тобовар буда, барои содирот низ мувофиқ мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта боғдорон 7 тонна гелос истеҳсол кардаанд.

Ҳамчунин, дар ин давра хоҷагидорон зиёда аз 585 тонна зардолу, 120 тонна себ, зиёда аз 15 тонна олу, наздики 5 тонна бодом ва дар маҷмӯъ, 780 тонна мева истеҳсол намуда, ба бозор пешниҳод намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон муҳтарам Шавкат Мирзиёев таҷрибаи боғпарваронро дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» шоиста ҳисобида, дар вазъияти ҳозираи ҷаҳон, ки норасоии маҳсулоти озуқа дар бархе аз давлатҳои ҷаҳон мушоҳида мегардад, манфиатовар шумориданд.

Пешниҳод шуд, ки оянда барои ривоҷу равнақи соҳаи боғдорӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими таъмини талаботи дохилии кишварҳо бо истеҳсолоти худӣ мебошад, семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки доираи васеи хоҷагидорони ҳар ду давлат дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» васеъ ба роҳ монда шавад.

Хоҷагидорони мамлакат тайи солҳои охир ҳамкориро бо боғдорони кишвари ҳамсояи Ӯзбекис­тон густариш дода, аз ҳамдигар таҷриба меандӯзанд.

Сарони давлаҳо бо такя ба ин муносибот зикр доштанд, ки омӯзиши таҷрибаи ҳамдигарӣ бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ба таври густурда амалӣ карда шавад.

Президентҳои ҳар ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев пас аз шиносоӣ бо таҷриба ва фаъолияти хоҷагидорони Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ҳамон ҷо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, нонӣ ва қаннодии аҳли заҳмати шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро аз назар гузарониданд. Дар он 14 шаҳру ноҳияи кишоварзии вилоят беҳтарин навъи маҳсулот, аз ҷумла, анвои гуногуни мева, сабзавот, полезӣ ва ғалладонагиро ба меҳмонони олиқадр муаррифӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидории вилоят то 1 июни соли равон ба зиёда аз 1 миллиарду 100 миллион сомонӣ расидааст, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 108 дарсад баробар мебошад.

Ҳамчунин, хоҷагидорони вилояти Суғд соли равон дар ҳаҷми 31 миллиону 375 ҳазор доллар маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба кишварҳои хориҷи дуру наздик содирот кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 880 ҳазор доллар зиёд мебошад.

Роҳбарони ҳар ду кишвари дӯст аснои боздид аз гӯшаи намоиши меваҳои шаҳдбори боғпарварони ботаҷрибаи вилояти Суғд ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ ба масъулони сохторҳои марбута дастуру маслиҳат доданд.

Таъкид гардид, ки рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи кишоварзӣ ва фаъолгардонии ҳар чӣ бештари корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулот аз тадбирҳои муҳими дастгирии хоҷагидорон ва таъмини бозорҳои дохиливу минтақа бо истеҳсолоти худӣ мебошад.

Дар намоишгоҳ хоҷагидорони вилояти Суғд анвои гуногуни гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дастовардҳо дар соҳаи занбӯриасалпарвариро низ ба таври васеъ муаррифӣ карданд.

Дар вилояти Суғд теъдоди оилаи занбӯри асал ба 63 ҳазору 540 баробар буда, соли гузашта занбӯриасалпарварон 14 ҳазору 60 тонна асал истеҳсол намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аснои суҳбату шиносоӣ бо кори кишоварзони вилояти Суғд барои гус­тариши фаъолият ва роҳандозии ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои кишоварзии ҳамдигар ба масъулон дастуру тавсияҳои судманд доданд.

Нимаи дуюми 11 июни соли равон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон бо натиҷаҳои неку бобарор ва созанда барои рушду густариши муносибатҳои ҳамсоягӣ ва дӯстию бародарӣ ба анҷом расид.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони олии эҳтирому самимият ва қадршиносӣ гусел карданд.

Истиқбол ва гусели бошукӯҳи меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нишона аз эҳтиром, самимият ва эътимоду боварӣ нисбат ба Сарвари кишвари дӯсту бародар мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баъди анҷоми сафари расмӣ бо як ҷаҳон таассурот аз меҳмоннавозию инсондӯстии хоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пазироии самимии мардуми соҳибфарҳанги тоҷик аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба ватан баргаштанд.

www.president.tj