Шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мулоқот бо фаъолон

№103-104 (3404-3405) 01.08.2015

20153182332_c73d67ebae_oСафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи 31-уми июл дар шаҳри Хоруғ аз шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз ёфт.

Баъди истиқболи самимӣ дар даромадгоҳи Боғи фарҳангӣ — фароғатии шаҳр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои миллиро тамошо кард.

Намояндагони ҳамаи ноҳияҳои вилоят намунаи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, дастовардҳои корхонаҳои саноатӣ, соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ, маводҳои ороиширо аз сангҳои қиматбаҳо ба маъраз гузоштанд.

Гӯшаҳои алоҳидаи намоишгоҳ махсус ба ҳунарҳои қадимаи мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида шуда буд, ки дар он аз сангҳои ороишӣ сар карда, то таомҳои миллӣ, сару либос ва асбобҳои мусиқию гиёҳҳои шифобахш пешкаш гардид.

Ҳамчунин дар гӯшаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар тариқи расму харитаҳо марказҳои фароғатӣ, таърихӣ, истироҳатгоҳҳо, чашмаҳои шифобахш, гулгашту хиёбонҳо ва дигар мавзеъҳои тамошобоб ба намоиш гузошта шуд.

Зимни шиносоӣ бо дастовардҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва сокинон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, бо сифати баланд истеҳсол ва ба хориҷ содирот кардани меваҷот, обҳову гиёҳҳои шифобахш, бастабандии гиёҳҳо, тараққӣ додани соҳаи мурғпарварӣ, қӯтоспарварӣ, моҳипарварӣ, афзоиши саршумори бузҳои ангорӣ барои истеҳсоли пашму ришта ва бо ин роҳ таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди бахши занбӯриасалпарварӣ дастуру ҳидоятҳои судманд дод.

Дар намоишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии вилоят супориш дод, ки барои ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон бояд тамоми шароит, аз ҷумла бунёди меҳмонхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, истеҳсоли маҳсулоти ороишӣ аз сангҳои қимматбаҳо, омода кардани ҳамаи маводҳои иттилоотонӣ бо забонҳои хориҷӣ, тайёр кардани мутахассисони ботаҷриба барои қабули меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ муҳайё карда шавад.

Дар рафти шиносоӣ аз намоишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари дасти бонуҳои чирадаст, баромади ҳунармандон аз ансамблҳои оилавӣ,  дӯзандагони моҳир ва қолинбофон баҳои баланд дод.

Дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо дастовардҳои бахшҳои хоҷагии халқ бо роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот кард.

www.president.tj