Шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ «Пайванд» ва Муассисаи давлатии «Боғи миллӣ»

№7 (4113) 11.01.2020

49350811852_3faee72284_o8 январи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо фаъолияти коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд», ки асосан ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишии нодир машғуланд, шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар масоҳати наздик ба 5 гектар, аз ҷумла, дар 4 гарм­хона ва замини боқимонда беш аз 50 намуд қаламчаи ниҳол, дарахтони гуногуни мевадиҳандаю сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ парвариш меёбанд.

Дар ин ҷо 25 нафар ба парвариш ва нигоҳубини дарахтон машғуланд.

Дарахтони гелос, каштан, дуб, махония, пихта конкалор, кипарис, магнолияи баргрез ва се намуди дигари ин дарахт, секвоя, можевелник, туя, сосна, береза, клен, принус, амиландр, сирени ҳиндӣ, зелол, саликс хакуро, лекадамбр, османтус, тис, каталпа, абиесс нордман, воодбриҷ, тсерсис ва гулу буттаҳои ороишӣ ин мавзеъро воқеан ҳам зебову муаттар кардаанд.

Тавре мутахассисон иттилоъ доданд, бо дарназардошти он ки иқлими кишвари мо субтропикӣ ва зудтағйирёбанда мебошад, барои заминҳои ин қитъа ниҳолҳои гуногуни ба иқлими ҷумҳурӣ мутобиқ аз Италия, Белгия ва Ҳолланд ворид карда мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ ба мутахассисон барои рушди соҳа, ҳамкорӣ бо аҳолӣ баҳри ободонии диёр дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Инчунин, Президенти мамлакат ба масъу­лини соҳа супориш доданд, ки бо истифода аз заминаи мусоиди ин парваришгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ ва боз ҳам зебову дилнишин гардонидани Муассисаи давлатии «Боғи Парчами миллӣ», «Боғи муҷассамаи Нишони давлатӣ», Муассисаи давлатии илмии марказии «Боғи Ирам», Муассисаи давлатии «Боғи ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ», боғҳои Хайём, Наврӯзгоҳ, Ҷавонон, Фирдавсӣ, кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳо аз ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзу ба саломатӣ фоидаовар истифода баранд.

Дар ҳамин ҷо мағозаи «Пайванд» фаъолият дорад, ки дар он намунаи зиёди ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, дарахтони хонагӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо ба фурӯш гузошта шудааст.

Мағозаи зебову барҳавои фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» бунёд ёфтааст.

Ҳадаф аз ифтитоҳи мағоза фароҳам овардани шароит ба нафарони дорои завқи баланди зебоипарастӣ мебошад. Мутахассисон дар баробари фурӯши ниҳолҳо ва буттаҳои ороишӣ, имкон доранд, ки барои парвариши онҳо ба мизоҷон маслиҳатҳои муфид диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки 7 июни соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Боғи «Куруши Кабир»-ро ифтитоҳ бахшиданд, ки масоҳати он наздик ба 5 гектарро ташкил медиҳад ва нигоҳубини он ба уҳдаи коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» вогузор гардидааст. Барои ободу зебо кардани ҳудуди боғ дар ин ҷо 550 ҳазор дона гули лола ва дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.

Дар рӯзи ба истифода додани боғ ба ин ҷо 5700 адад ниҳолу буттаи ҳамешасабзи кипарис, магнолия, фотиния, самшит, пихта, туя ва ғайра (зиёда аз 40 намуд), аз давлатҳои Аврупо, аз ҷумла, Италия, Испания, Франсия, Олмон ва Ҳолланд, ворид карда шуд.

Ҳамчунин, 27 сентябри соли 2016 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Рашт бо боғи интенсивии «Пайванд-Рашт», ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» ба хотири рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ бунёд ёфта буд, шинос гардиданд.

Дар боғи интенсивӣ, ки дар масоҳати 6 гектар бунёд ёфтааст, навъҳои беҳтарини себу нок парвариш меёбанд, ки ба содирот нигаронида шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» оид ба соҳаи боғдорӣ, васеъ кардани майдони боғҳо, ба маҳал мутобиқ намудани навъҳои беҳтарини дарахтони мевадиҳанда, афзоиши содироти меваҳои хуштаъми Тоҷикистон ва дигар ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба рушди боғу токпарварӣ андешаронӣ карда, маслиҳатҳои муфид доданд.

Ташкили боғҳои нав аз як ҷиҳат, омили таъсиси ҷойҳои корию беҳдошти сатҳи зиндагии мардум бошад, аз тарафи дигар, ба афзоиши истеҳсолу содироти меваҳои гуногун  ва хушкмеваҳо ба хориҷи мамлакат мусоидат мекунад.

Имрӯз, ҳамчунин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар «Боғи миллии Тоҷикистон», воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт, шинос шуданд.

Масоҳати умумии заминҳои боғ наздик ба 95 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 63 гектари он дарахтони себ, ангур, бодом, анҷир, нок, гелос, олу, шафтолу, хурмо, биҳӣ, чормағз, зардолу ва писта шинонда шудааст, ки нашъунамои хуб доранд. Дар ин ҷо, ҳамчунин, дар масоҳати наздик ба 10 гектар ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ парвариш меёбанд.

Зимни шиносоӣ бо нашъунамои дарахтон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва мутахассисони соҳаи боғдорӣ дастур доданд, ки ба хотири ба шаҳри гулҳо табдил додани пойтахти кишвар ба таври васеъ аз дарахтони дар ин боғ парваришёфта истифода баранд.

Дар Боғи миллӣ кормандон аз тухм ва қаламча ниҳолҳои дарахтони гуногун, аз ҷумла, сосна, маржевика, кипариси аризонӣ, туя, сафора, липа, каштан, магнолияи ҳамешасабз, магнолияи баргпарто, инчунин, гулҳо, аз қабили гули садбарг, соквоя, зирк, легустра, брисклет, фарзетсия, туяи тиллоранг ва шамшод парвариш мекунанд.

Дар муассисаи мазкур ба хотири таъмини дигар хоҷагиҳои боғпарварӣ парвариши қаламчаи дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Дарахтони нодири ороишӣ ба ин ҷо аз хориҷ ворид карда, минтақабоб гардонда мешаванд.

Дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Тоҷикистон» беш аз 100 нафар ба таври доимӣ фаъолият мекунанд. Дар вақти ҷамъоварии ҳосили дарахтон бошад, боз даҳҳо нафар коргари мавсимӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки бо шарофати истиқлолияту ваҳдати комил дар кишвар ва бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат боғҳои куҳна аз нав таҷдиду барқарор ва дар майдони ҳазорҳо гектар замин боғҳои нав бунёд гардида истодаанд.

www.president.tj