Дар доираи сафар ба шаҳри Роғун 15 июли соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба мавзеи бунёди ин иншоот ташриф овард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар неругоҳ аз тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ дидан кард. Аз сифати хуби корҳои барқарорсозӣ, идомаи сохтмон ва табъу рӯҳияи баланди бунёдкорони ин иншоот аён гардид, ки дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори худ кардаанд.
Мавриди зикр аст, ки ин ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон идомаи сафарҳои қаблӣ ба маҳалли бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» буда, дар рафти он Президенти мамлакат бо коргарону мутахассисони сершумори ин неругоҳ суҳбатҳо доир намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт: «ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад». Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин изҳор дошт, ки: «Неругоҳи барқи обии «Роғун» бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад».
Ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» ҳамчун фармоишгар назорат ва таъмини корҳои сохтмону барқарорсозии иншоотро дар асоси маводи лоиҳавӣ анҷом дода, ҳамкориро бо пудратчиёну зерпудратчиён дар сатҳи лозимӣ ба роҳ мондааст.
Корҳои сохтмону васлгарӣ ва таъмиру барқарорсозӣ дар иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» мутобиқи ҷадвали тақвимии баистифодадиҳии навбати аввали неругоҳ ҷараён дорад.
www.president.tj