Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№105 (3585) 09.08.2016

28185899453_5065b50251_oНимаи дуюми шашуми августи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар мавзеи Пуғуси ноҳияи Варзоб, ташриф оварда, бо рафти корҳои ободонӣ шинос шуд.

Дар он ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рафти сохтмони бинои баландошёнаи муосирро, ки бо тарҳи зебои меъмории миллӣ бунёд мегардад, мушоҳида кард.

Зимни шиносоӣ Президенти мамлакат ­Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён, меъморон ва устоҳои гулдаст барои сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо дастуру супориш дод. Таъкид гардид, ки дар вақти бунёди иншооти мазкур ба масъалаи бо зеботарин усулҳои меъмории бостонию муосир, ба мисли кандакории нақшу нигори назаррабо дар рӯи чӯб, гач, санг, шиша ва ҳам оина оро додани бино диққати махсус дода шавад.

Мавриди зикр аст, ки ин бинои боҳашамат барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд ва қабули меҳмонони воломақом, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ истифода бурда мешавад.

Имрӯз бо шарофати истиқлолияту ваҳдати пойдор ва сиёсати неку созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Барои пазироии самимии меҳмонони воломақом бо дастури Сарвари давлат иншооти гуногуни хизматрасонӣ, аз ҷумла меҳмонхона, бӯстонсаро, чойхонаҳои миллӣ ва дигар биноҳои хуштарҳ бунёд шудаанд.

Бӯстонсарои Пуғус, ки борҳо макони баргузории ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ гардидааст, бо ташаб­буси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба як макони дилфиребу хушманзара табдил ёфтааст.

Иморатҳои хуштарҳи бо нақшу нигори миллӣ ороёфта, гулгаштҳои зебо ва боду ҳавои фораму дарёи софи Варзоб ба ин макон ҳусни тоза зам кардааст.

www.president.tj