Шиносоии Пешвои миллат бо рафти корҳои сохтмонӣ

№146 (3940) 04.12.2018

45203156575_27ae1a774c_o30 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит шинос шуданд.

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе, ки дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шудааст, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил медиҳад ва ба корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009, дар рӯзҳои таҷлили 1310 — солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ оғоз бахшида шуда буд.

Лоиҳаи сохтмони ин иншоотро мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону Қатар омода намудаанд ва он бо дарназар­дошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ аз 4 манораи баландиаш 75-метра ва гунбази 47 — метра иборат хоҳад буд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки бо маслиҳати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмон тарҳу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гунбазҳо, сутунҳою даромадгоҳҳо ва тамоми дигар корҳои ороишотии дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудааст. Дар вақти таҳияи лоиҳа меъморону сохтмончиён пешниҳоду талабот ва тавсияҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифтаанд.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳои ороишии толорҳои масҷид ва ободонию кабудизоркунии майдони назди он масъулинро вазифадор намуданд. Таъкид карда шуд, ки корҳои ороишию кандакорӣ ва чӯбтарошӣ бояд мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи санъати меъморию сохтмонии мардуми куҳантамаддуни тоҷик анҷом дода шавад то ин ки иншоот барои мардуми тоҷик садсолаҳо хизмат расонад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоии пурра бо рафти корҳо бори дигар ба мутахассисон барои вусъати корҳои сохтмону ороишии босифати бино, хусусан, толорҳои барои ибодат пешбинишуда, даромадгоҳҳо ва дарвозаҳои иншоот, дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

www.president.tj