Шиносоии Пешвои миллат бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе

№19 (3813) 13.02.2018

39267737835_442af79194_o9 феврали соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Дар асоси лоиҳа, ки бо дарназардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ омода шудааст, масҷид аз 4 манораи баландиаш 75-метра ва 24 гумбази хурду калон иборат мешавад.

Масҷиди бузург дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлис ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил медиҳад.

Айни ҳол дар ин иншооти бузург беш аз 350 нафар коргар фаъолият дорад. Корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ — пудратчии асосӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «СТС — Иншоот» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сомон таҷҳизот» ба анҷом расонда шуд. Дар давраи бунёди масҷид беш аз 700 нафар бинокори маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.

39267759425_0706ec0170_oЗимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Сарвари давлат таваҷҷуҳи бинокоронро бештар ба иҷрои босифати корҳои сабзу хуррамгардонӣ, вусъати корҳои ободонию сабзазоркунии атроф ва ҳудуди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ҷалб намуданд. Инчунин, бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 1000 адад дарахти зебои гулкунандаи ороишию нодир, инчунин гулу буттаҳои хушбӯй шинонида мешавад, ки ба мавзеъ ҳусн мебахшад ва ба саломатии одамон фоидаовар аст.

Атрофи масҷид бо манораҳои боҳашамат, сутунҳои зебои мунаққашу мусаввар ва бисёр унсурҳои дигари фарҳангӣ оро дода мешавад.

Бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург аксаран тарзу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳо ва ороишоти дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудааст. Ин на танҳо як масҷид, балки як маркази бузурги фарҳангу таърихи исломӣ хоҳад буд ва толорҳои он тавре бунёд меёбанд, ки дар онҳо тамоми намуди чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, семинару конфронс ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда мешаванд.

Ба андешаи Президенти мамлакат, иншоот, ки бо тарҳи худ дар Осиёи Марказӣ нодир мебошад, бояд садсолаҳо ба насли оянда хизмат расонад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳо бори дигар ба мутахассисон барои вусъати корҳои сохтмону ороишии босифати бино ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани он дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

www.president.tj