26 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаи картошкапарварӣ ва парвариши занбӯри асал ба мавзеи Канаски деҳоти «Ромит»- и шаҳри Ваҳдат сафари корӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъоварии ҳосили фаровони картошка оғоз бахшида, дар намоишгоҳи хоҷагиҳои кишоварзӣ бо дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд.
Майдони умумии мавзеи Канаск 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва иқлими он басо салқин, табиаташ зебову назаррабо аст. Заминҳояш дар ду фасли сол — баҳору тобистон сабзпӯш мебошанд. Мавзеи Канаск дар қисми шимолу шарқии шаҳри Ваҳдат дар баландии 2300-2500 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 100 километр дурӣ аз маркази шаҳр ҷойгир мебошад.
Ин мавзеъ бо гиёҳҳои шифобахш, рӯди обаш сарду мусаффо ва чашмаи оби гарм барои истифодабарандагон, алалхусус чорвопарварон ва занбӯриасалпарварон, ки моҳҳои зиёд муқими он мегарданд, басо созгор аст. Ҳамчунин, ин мавзеъ барои парвариши картошкаи тухмӣ, ки аз барангезандаҳои касалию зараррасонҳо озод аст, мутобиқ мебошад. Фаровонии гулу гиёҳҳои шифобахшу шароити хуби экологии мавзеи Канаск барои парвариши занбӯри асал ва истеҳсоли асали аълосифат басо мусоид аст. Ин минтақаи биҳиштосо бо табиати зебову нотакрор барои рушди соҳаи туризм низ созгор мебошад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат дастур дода буданд, ки барои мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми инфрасохтори бахши туризм, аз ҷумла бунёди роҳу дастрасии алоқаро таъмин намоянд.
Ҳадаф аз сафари навбатии Президенти мамлакат ба мавзеи Канаск мусоидат ба рушди соҳаи картошкапарварӣ, раванди татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2016-2020», занбӯриасалпарварӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав ва истифодаи самараноки он дар ин минтақа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 13 августи соли 2016 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи мазкур ташриф оварда, бо шароити агроиқлими он барои истеҳсоли тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ, рушди чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва истифодаи гиёҳҳои шифобахш шинос шуда буданд. Ҳамон вақт Сарвари давлат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ барои истифодаи самараноки ин мавзеъ дастуру супоришҳои судманд доданд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони Канаск» таъсис дода, аз моҳи апрели соли 2017 майдони умумии 40 ҳазор гектар заминҳои мавзеи Канаски деҳоти «Ромит» -и шаҳри Ваҳдат ба тавозуни корхона гузаронида шуд. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони Канаск» 45 нафар коргари доимӣ ва 35 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб шудаанд. Ҳоло Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони Канаск» бо 37 хоҷагии чорвопарвар шартномаи ҳамкорӣ бастааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти корхона ва пешбурди корҳои хоҷагидорӣ беш аз 800 ҳазор сомонӣ ҷудо намуданд. Баҳри мусоидат ба рушди соҳаи картошкапарварию занбӯриасалпарварӣ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 340 тонна тухмии 10 навъи картошкаи тезпазак ва 600 оилаи занбӯриасал ба мавзеи Канаск дастрас кард.
Дар мавсими киштукор аз ҳисоби Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»- и вазорат 13 техника ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ ба мавзеи Канаск сафарбар гардида, корҳои тахту ҳамворкунӣ, шудгор ва кишт ба анҷом расонида шуд. Дар мавзеи Канаск соли 2017 дар майдони 200 гектар — 176 гектар картошка, наздик ба 4 гектар сабзавот ва 20 гектар картошкаи барвақтӣ кишт гузаронида шудааст. Аз ҳисоби ин заминҳо Вазорати кишоварзӣ бо истифодаи тухмиҳои худӣ ба иҷоракорон ва як қатор мақомоти давлатию маҳаллӣ, вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилӣ 35 гектар барои кишти картошка пешниҳод кард.
Мутобиқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ масоҳати кишти картошкаи тухмиро дар соли 2018 то 400 гектар васеъ намуда, ҳосили онро ба 16 ҳазор тонна мерасонад. Тухмии истеҳсолгардидаи картошкаи барвақтии мавзеи Канаск асосан барои ба роҳ мондани кишти барвақтии картошка дар ноҳияҳои водии вилояти Хатлон ва минтақаи Ҳисор истифода мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини соҳаи кишоварзии кишварро ба истифодаи самараноки замин, истеҳсоли тухмиҳои аълосифат, таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ, ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъоварӣ ва бастабандии гиёҳҳои шифобахши мавзеи Канаск баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди бахши тухмипарварӣ ҳидоят карданд.
www.president.tj