Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе

№42 (3836) 05.04.2018

40472196544_786d978551_o2 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо рафти корҳои сохтмонӣ дар гулгашти қисми ғарбии хиёбони Рӯдакӣ шинос шуданд.

Нахуст ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди гулгашти хиёбони Рӯдакӣ, ки дар қисми ғарбии бӯс­тонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, муаррифӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки майдони умумии гулгашти мазкур наздик ба 3 гектарро ташкил медиҳад.

Фармоишгар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Озодӣ ва компания» мебошанд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо моҳи ноябри соли 2017 оғоз ва дар рафти бунёд то 200 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Тибқи маълумоти мутахассисон гулгашт мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо дизайни хеле замонавӣ бунёд карда мешавад.

Дар майдони қариб 1 гектар замини гулгашт сабзазоркунӣ, сохтмони фаввораҳои гуногун, шинонидани сафолакҳои ранга дар масоҳати 16 ҳазор метри мураббаи роҳравҳо, бунёди майдончаҳои бозии кӯдакона, қаҳвахонаи тобистона, гузоштани 60 адад курсӣ ва таъмини дигар инфрасохтори зарурӣ дар назар аст.

Баъди муаррифии лоиҳаи бунёди гулгашти хиёбони Рӯдакӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дарахти каштан шинониданд.

Мавриди зикр аст, ки иқдоми бунёди гулгашт, ки дар ҷойи хеле мувофиқу маркази хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст, дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буд. Ҳамон вақт роҳбарони вазорату кумитаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ бо ҳисси баланди ватандорӣ уҳдадор шуданд, ки дар рушду пешрафти ҷомеа, шукуфоии диёр ва ободонии пойтахти кишвар саҳми муносиб мегузоранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сохтмончиён онҳоро ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят карданд.

Бояд гуфт, ки тайи як соли охир бо бунёди иншооти гуногун, майдончаҳои бозии кӯдакона, варзишгоҳҳои муосир ва дигар корҳои ободонӣ аз тарафи роҳбарият ва сокинони шаҳри Душанбе пойтахти кишвар хеле ободу зебо гардид.

Имсол низ чун солҳои қаблӣ шаҳри Душанбе макони баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои давлатӣ дастур доданд, ки бо истифода аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва маркази шаҳру ноҳияҳои пойтахт барои боз ҳам зебо шудани муҳити атроф гулу буттаҳо ва дарахтони зебои ороишӣ шинонанд.

Тавре маълум аст, солҳои охир бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони соҳа аз кишварҳои хориҷӣ дарахтони акатсия, павлония, каштан, клеон, липа, секвоя, пихта, кедр, ел, канзан, сафедор, магнолия, тис, олу, буттаҳои сиренаи ҳиндӣ, сарв, садбаргу лолаҳои ранга ва дигар намуди ниҳолҳои дарахтони ороишию ба саломатии инсон фоидаовар ворид карданд. Онҳо ба иқлим ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон мутобиқ буда, айни ҳол боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакатро зебу зинат медиҳанд.

www.president.tj