Дар шаҳри Душанбе Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо рафти навсозии роҳҳои дохилии пойтахт шинос шуд.
Шиносойии бевосита бо навсозии роҳҳои пойтахт дар чорроҳаи хиёбони Борбад ва кӯчаи Ҷомӣ сурат гирифт.
Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рафти навсозии ин чорроҳаро, ки бо тарҳи нави замонавӣ сурат гирифта, нисбат ба пешина хеле васеъ ва бароҳат мешавад, аз назар гузаронда, ба кори роҳсозон баҳои хуб дод.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи навсозии дигар роҳҳои пойтахт низ шинос шуда, таъкид намуд, ки корҳо бо сифати баланд анҷом дода шаванд.
www.prezident.tj