Шиносойӣ бо рафти сохтмони Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе

№124-125 (3109-3110) 05.10.2013

1272487_538915809511943_488695834_o

Бегоҳии рӯзи дуюми октябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ки бо ангишт кор хоҳад кард, ташриф оварда, бо рафти корҳо бевосита шинос шуд.

Тавре аён гардид, корҳо барои сохтмону таҷҳизи ин корхонаи азими саноатӣ шабу рӯз ва бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст. Ба иттилои масъулин навбати якуми он бо иқтидори 50 мегаватт неруи барқ то охири ҳамин моҳ ба кор дароварда мешавад.

Навбати дуюмаш низ то моҳҳои феврал – марти соли 2014 бояд ба кор омода гардад. Он вақт иқтидори барқтавлидкунии он ба 100 мегаватт мерасад. Хотиррасон бояд намуд, ки оянда иқтидори ин марказ бо чор агрегат ба 200 мегават хоҳад расид.

Навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе зимистони пешомад пурра кор карда, ғайр аз истеҳсоли неруи барқ метавонад то 1,3 миллион метри мураббаъро бо гармӣ таъмин намояд.

Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар сохтмони ин марказ 1550 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Намояндаи роҳбарияти Ширкати  «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой изҳор дошт, ки онҳо «ба ҷалби ҳар чӣ бештари коргарон аз Тоҷикистон ҳавасманд мебошанд, вале хоҳишмандон аз сокинони маҳаллӣ зиёд нестанд». Ӯ бо ёдоварӣ аз ҳаҷми маоши бинокори оддӣ, ки 2500 сомониро ташкил медиҳад, мутахассисону коргарони соҳаи сохтмони Тоҷикистонро ба кор даъват намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти сохтмон изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки марказ бояд дар муҳлатҳои муайяншуда бо сифати баланд ба кор дароварда шавад.

1264136_538915669511957_1244651480_o

www.president.tj