Шиносойӣ бо рафти сохтмони шифохонаи бисёрсоҳаи шаҳри Душанбе

№111 (3096) 05.09.2013

1

4 сентябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони иншооти азими соҳаи тандурустии пойтахт-шифохонаи бисёрсоҳа бо 650 кати хоб, ки ҳамчунин дорои дармонгоҳ бо имкони 800 қабул дар як баст ва осоишгоҳ бо 200 кат хоҳад буд, шинос шуда, ду дармонгоҳ ва як озмоишгоҳи муосири навбунёдро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре аён гардид, шифохонаи бисёрсоҳаи шаҳрӣ дар майдони 11 гектари шафати Маркази ҷумҳуриявии ташхиси бемориҳо дар хиёбони Неъмат Қарабоеви пойтахт дар ҳоли сохтмон қарор дорад. Ин шифохонаи бузург ва муосир бо харҷи беш аз 400 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо шароити муоинаю ташхис, муолиҷа ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири навтарину беҳтарин дар Осиёи Миёна хоҳад буд.

Ин шифохонаи дорои 650 кати хоб бо дармонгоҳи дорои имкони 800 қабул дар як басти корӣ ва осоишгоҳи муосир бо 200 кати хоб аз 35 биною иншооти таъиноти гуногуни аз як то нуҳошёна иборат хоҳад буд. Осоишгоҳи ин муассиса дорои беҳтарин шароити табобату тавонбахшӣ ва истироҳату фароғат, аз ҷумла физиотерапия, ҳаммомҳои туркию финӣ, толору майдонҳои варзишӣ, боғи зимистона ва дигар мавзеъҳои дилнишин хоҳад буд.

Дар сохтмони ин иншоот ҳоло беш аз 700 нафар бинокорон бо кор таъмин гардидаанд, ки ҳар яке вобаста ба дараҷаи тахассус ва ҳаҷми кор аз 700 то 3000 сомонӣ маош мегиранд.

Пас аз ба кор даромадани ин шифохона, ки дар моҳи ноябри соли 2014 ба нақша гирифта шудааст, беш аз 2000 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

www. president.tj