Шоми 16 сентябри соли 2021 дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин, меҳмонони фахрии чорабиниҳо, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор доранд, зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо фазои гарму самимиаш ба маҳфили «Шоми дӯстӣ» табдил ёфт.
Чорабинӣ ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай ва соли раёсати Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, рост омад.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин бунёдгузорон ва ташаббускорони асосии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон — Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва дигар меҳмонон дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайругашти шомгоҳӣ баромаданд.
Меҳмонон дар табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ сайругашт ва аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои мо боздид карданд.
Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон дар мавзеи зебою назаррабои Бӯстонсарои ҳукуматӣ ташкил шуда, дар роҳравҳои алоҳидаи он анвои маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун гузошта шуда буд.
Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, навъҳои гуногуни полезиҳо, меваҳои аз лиҳози таъму сифат беҳамто, ба мисли ангуру меваҳои донадор, хушкмеваҳои босифат, аз қабили мағзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба маъраз гузошта шуд.
Тавре аснои шиносоӣ таъкид шуд, маҳсулоти боғу токпарварони Тоҷикистон ва хушкмеваҳое, ки ба намоиш гузошта шуд, аксаран маҳсулоти содиротӣ ба ҳисоб рафта, кишвари мо омодааст бо давлатҳои ҳавасманди аъзои СААД, СҲШ ва дигар кишварҳо ҷиҳати таъмини маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ҳамкорӣ намояд.
Дар бӯстонсарои шаҳрӣ сарони давлатҳо, ҳамчунин, ба дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии боғчаи ҳудуди қароргоҳ, ки аксараш аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хориҷи мамлакат ворид ва шинонда шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ифтихори давлату миллати мо мебошанд, одатҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона доранд ва ба расму оинҳои меҳмоннавозии мардумамон беандоза арҷ мегузоранд. Инчунин, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамоянд.
Сарони давлатҳо ва дигар меҳмонони фахрӣ аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир шуд, қаноатманд гардиданд ва бори дигар ба имконоту захираҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин, намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат аз наздик шинос шуданд.
www.president.tj