Шоми дӯстӣ

№107 (3253) 16.09.2014

Ба истиқболи Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин ва ҳамсари ӯ хонум Пен Лиюан

шоми дусти

Бегоҳии рӯзи 13 сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин, ки бо нахустин сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дар қароргоҳи шаҳрии худ зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин ба Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсараш, бонуи аввали Хитой Пен Лиюан ташриф овардааст.

Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмони олимақом, роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон Си Сзинпин ва ҳамсари ӯ хонум Пен Лиюан дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.

Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии гарми тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсари ӯ, бонуи аввали кишвари мо зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин ва ҳамсари ӯ, бонуи аввали Хитой Пен Лиюан ҳамчунин ба дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии боғчаи атрофи қароргоҳ, ки аксараш аз ҷониби худи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шинонда шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон лаззат бурданд.

Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмони олимақом, роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон Си Сзинпин ва ҳамсари ӯ хонум Пен Лиюан бо намоиши маҳсули ҳунарҳои зебои тоҷикӣ, ба мисли гулдӯзию зардӯзӣ, заргарӣ ва ороишоти дигари миллӣ, ки атроф ва дохили қароргоҳро оро медиҳанд, саршор аз фазои форами фарҳангӣ шуд.

 

www.president.tj