Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
шаҳри Душанбе, 28 майи соли 2021
Муҳтарам генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ!
Ҳамаи шуморо, ки ҳамчун сипари боэътимоди давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар ҳифзи тамомияти арзӣ ва суботу оромии кишвар шабонарӯз хизмати шоиста анҷом медиҳед ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро мекунед, ба муносибати 27 — солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ самимона табрик мегӯям.
Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар айёми бисёр вазнину ҳассоси таърихи халқамон таъсис дода шуданд, на танҳо барои ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои кишвар ва амнияти ҷомеа саҳми басо арзишманд гузоштанд, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон мебошанд.
Давлату Ҳукумати мамлакат тайи даврони соҳибистиқлолӣ ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи доимӣ ва аввалиндараҷа дода, дар тамоми мавзеъҳои сарҳади давлатӣ дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ ва дигар иншооти заруриро бунёд ва ҷузъу томҳои марзбониро бо техникаву таҷҳизоти муосир, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва дигар ашёву лавозимоти ҳарбӣ таъмин намуда истодааст.