Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Амфитеатри ноҳияи Ховалинг
3 октябри соли 2021
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Сафари кории мо ба ноҳияи бостониву зебоманзари Ховалинг дар айёме баргузор мегардад, ки чанде қабл дар саросари кишварамон ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон – санаи барои ҳар як фарди ватандӯст азизу муқаддас ботантана таҷлил гардид. Ба ифтихори ин санаи фархунда тамоми сокинони ноҳияи Ховалинг ва ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарамро самимона табрику таҳният гуфта, бароятон рӯзгори нек, бахту иқболи баланд ва хонаи обод орзу менамоям.
Расо як сол муқаддам, ҳангоми сафари корӣ ва мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳия ман таассуроти худро аз ҷараёни корҳои созандагиву ободкории заҳматкашони ноҳия иброз намуда будам ва имрӯз низ мо зимни ифтитоҳи якчанд иншооту биноҳои навбунёд шоҳиди саъю талоши ватандӯстонаи мардуми ноҳия ба хотири пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа гардидем.
Дар давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ симои ноҳияи Ховалинг куллан тағйир ёфта, ҳоло ба шаҳрчаи зебое табдил ёфтааст. Дастоварду муваффақиятҳои ноҳия дар ин муддат назаррас буда, соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бомаром рушд карда истодаанд. Аҳолии ноҳия аз 33 ҳазор нафари соли 1991 дар соли 2021 ба беш аз 60 ҳазор нафар расида, бо зиёд шудани шумораи аҳолӣ дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба беҳтарсозии инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, дар навбати аввал, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва солимии аҳолӣ хеле корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Масалан, шумораи муассисаҳои таълимӣ имрӯз ба 52 расида, дар давоми сӣ соли охир бо ҷалби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 35 муассисаи таълимии нав бо 5425 ҷойи нишаст бунёду навсозӣ гардида, ба истифода дода шудааст.
Ҳоло, илова бар ин, дар ноҳия як гимназияи давлатӣ, як литсей-интернат дар деҳоти «Шугнов», ду кӯдакистон ва дар назди шуъбаи маориф якчанд маркази рушди истеъдодҳо, омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти иловагӣ фаъолият доранд.
Дар ноҳия, инчунин, 26 муассисаи фарҳангӣ, клубу китобхонаҳо ва қасри фарҳанг, ки соли 2013 ба истифода дода шуд, ба мардуми ноҳия хизмат мерасонад.
Дар аксари маҳаллаҳои аҳолинишин марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гардида, қисме аз онҳо, ки дар хонаҳои шахсӣ ва биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта фаъолият мекарданд, пурра ба биноҳои нав кӯчонида шуданд.
Илова бар ин, дар ноҳия тайи солҳои соҳибистиқлолӣ биноҳои зебову замонавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ, маркази ҷавонон, маркази адлия, нозироти андоз, бинои маъмурии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва 12 меҳмонхонаи муосир бо тарҳу ороиши милливу ҳозиразамон сохта, ба истифода дода шуданд.
Ҳамчунин, Китобхона – осорхонаи ба номи Ҳабибулло Файзулло, Осорхонаи таърихии ба номи Восеъ дар мавзеи Дараи Мухтор бо санъати баланди меъмориву шаҳрсозӣ бунёд гардида, дар баробари ин, дигар мавзеъҳои таърихиву ёдгориҳои бостонии ноҳия ба ҷойҳои ҷолибу диданӣ барои сайёҳон ва меҳмонони дохилу хориҷӣ табдил ёфтаанд.
Самараи даврони истиқлолият ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва хушманзари ноҳия аст, ки шумораи сайёҳону меҳмонон аз 10500 нафари соли 2000 ҳоло ба зиёда аз 71000 нафар расидааст.
Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Ховалинг кишоварзӣ ҳамчун соҳаи асосии пешбарандаи ҳаёти сокинон ба туфайли истифодаи самараноку оқилонаи замин, бунёди боғҳои нав, афзоиши ҳосили меваю сабзавот, рушди чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ сол ба сол тараққӣ карда истодааст. Аз 3200 гектар боғҳои ноҳия қариб 2300 гектари онҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёд гардида, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 55 миллион сомонии соли 1991 ҳоло ба 173 миллион сомонӣ расонида шудааст.
Тибқи маълумот, содироти меваи ноҳия ба хориҷи кишвар мунтазам афзуда, кишоварзон аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст оварда истодаанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Соли сеюм аст, ки мо ба ноҳияи Ховалинг сафари корӣ анҷом медиҳем ва баръало мушоҳида мекунем, ки ноҳия рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, дар марказ ва гӯшаву канори он иншооти таъиноти гуногун бо тарҳу намои замонавӣ қомат афрохта истодаанд.
Мо имрӯз низ дар доираи сафари корӣ якчанд иншооти навро ифтитоҳ намудем, ки ба ободу зебо гардидани ноҳия ва фароҳам шудани ҷойҳои нави корӣ барои сокинони маҳаллӣ мусоидат мекунанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 бо 480 ҷойи нишаст, корхонаи коркард ва бандубасти асал дар маҳаллаи навбунёди Тутаки шаҳраки Ховалинг, корхонаи парандапарварӣ ва чойхонаи миллӣ аз ҷумлаи ободиҳое мебошанд, ки имрӯз ба истифода супорида шуданд.
Соли 2019 зимни боздид аз ноҳияи Ховалинг супориш дода будам, ки дар маркази ноҳия як чойхонаи миллӣ бо тарҳ ва нақшунигори замонавӣ ва миллӣ сохта, ба истифода дода шавад.
Имрӯз ин иншооти хизматрасонӣ ва дар ҳақиқат зебо, ки атрофи он бо дарахтони ороишиву ҳамешасабз кабудизор карда шудааст, дар маркази шаҳраки Ховалинг аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Амфитеатре, ки ҳоло мо дар он қарор дорем, дар деҳоти ба номи Лоҳутӣ воқеъ буда, ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардидааст.
Дар амфитеатр барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву ҷашнҳо, ҳамоиш ва чорабиниҳои ҳунарӣ шароити хуб муҳайё шудааст.
Бо истифода аз фурсат, ба соҳибкорони бонангу номус ва дигар шахсони саховатпеша барои чунин иқдомоти ватандӯстонаву ободгарона изҳори сипос менамоям.
Бовар дорам, ки мардуми ноҳия ва соҳибкорони ватандӯст ба шукронаи давлати соҳибистиқлоли худ ва фазои орому осудаи Ватан ҷиҳати боз ҳам ободу пешрафта гардонидани диёри хеш ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум саъю талоши бештар мекунанд.
Бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони ноҳияи бостонии Ховалингро ба ифтихори ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ, хонаи обод ва барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша хушбахту муваффақ бошед, ҳамдиёрони азиз!