Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шуғнон
29 июли соли 2015, ноҳияи Шуғнон
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Мо имрӯз бо мақсади боздид аз вазъи корҳои барқарорсозии оқибатҳои офати табиии рӯзи 16-уми июл рӯйдода ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба ин ҳодисаи ногаҳонӣ ба дидорбинии шумо омадем.
Дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби дарёи Ғунд рӯзи 16-уми июл дар ҳудуди ноҳия офати табиӣ рӯй дод ва ба аҳолӣ хисороти зиёди молӣ расонид. Мувофиқи маълумоти ҷамъбастшуда, манзили истиқоматии 84 оила, аз ҷумла 68 хона пурра хароб шуда, 16 хона қисман зарар дидааст.
Ин ҳодисаи ногаҳонӣ аз лаҳзаи аввал зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор дошт.
Ман ба Ҳукумати мамлакат супориш додам, ки ҷиҳати сари вақт ба маҳалли бехавф кӯчонидани сокинони осебдида чораҳои фаврӣ андешида, ҳамзамон бо ин, ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият ва бартарафсозии хисорот тамоми имкониятҳо сафарбар карда шаванд.
Ҳоло расонидани кумакҳои фаврӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолии мавзеъҳои осебдида идома дорад. Барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ ба оилаҳои зарардида аз мавзеи бехатари ноҳия 22 гектар замин ҷудо ва тақсим карда дода шуд ва кашонидану ба сокинон дастрас намудани масолеҳи сохтмон ташкил карда шудааст.
Мо тамоми саъю талоши худро ба он равона кардаем, ки масъалаҳои бо манзили зист ва шароити зарурии зиндагӣ таъмин намудани оилаҳои зарардида, барқарор кардани иншооти харобшудаи инфрасохторӣ ва роҳу хатҳои интиқоли барқро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҳаллу фасл кунем.
Мардуми шарифи ноҳияи Шуғнон бовар дошта бошанд, ки Ҳукумати мамлакат онҳоро дар чунин ҳолати вазнин ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва ҳамаи чораҳоро меандешад, ки оқибатҳои офати рӯйдодаи табиӣ ҳар чӣ зудтар бартараф карда шаванд.
Дӯстони азиз!
Се сол қабл зимни мулоқот бо шумо, мардуми заҳматқарини ноҳияи Шуғнон доир ба вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, тақвият бахшидани рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус чорводориву боғдорӣ ва занбӯриасалпарварӣ, ки аз ҷумлаи бахшҳои камхарҷу сердаромад ва омили муҳими баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми ноҳия ба ҳисоб мераванд, ба роҳбарону масъулон дастуру супоришҳо дода будам.
Субҳи имрӯз зимни шиносоӣ бо вазъи корҳои то имрӯз анҷомёфта итминон ҳосил намудем, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Шуғнон дар натиҷаи истифодаи дурусту оқилонаи захираву имкониятҳои мавҷуда ва иқдому ташаббусҳои созанда пешрафти назарраси бахшҳои мухталифи ҳаёти ноҳияро таъмин карда истодаанд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо ҳар як сокини кишвар бо азму талоши ватандӯстона дар ободу зебо гардонидани маҳалли зист ва бунёди инфрасохтори иҷтимоиву хизматрасонии мамлакат саҳми худро мегузорад.
Мувофиқи таҳлилҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи дурдасти Шуғнон тавассути амалӣ намудани барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва дастгирии шахсони саховатпеша мо тадриҷан ба пешрафти босуботи тамоми бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи соҳибкории хурду миёна, беҳсозии рӯзгори мардум ва ташкили зиндагии арзанда ноил шуда истодаем.
Дар ин раванд, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дастгириҳои молиявии давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон низ сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати таъмиру бунёди иншооти гуногун дар баробари лоиҳаҳои сармоягузорӣ чандин барномаҳои соҳавӣ амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла дар давоми се соли охир ва шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои тараққиёти ноҳияи Шуғнон 130 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин маблағҳо ба бунёди иншооти таъиноти мухталиф, сохтмони роҳи марказии шаҳраки Ваҳдат, навсозии роҳҳои дохилӣ, тақвияти соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии буҷети ноҳия равона карда шудаанд.
Тӯли даҳ соли охир дар ноҳияи Шуғнон панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида, айни замон бо мақсади рушди соҳаҳои афзалиятнок ду лоиҳаи муштараки дигар ба маблағи қариб се миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар натиҷаи амалисозии дастуру супоришҳои додашуда оид ба зиёд намудани пешниҳоди қарзҳои хурд маблағгузорӣ аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд хусусан ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони мамлакат сол то сол афзоиш ёфта истодааст.
Ин нишондиҳанда дар ноҳияи Шуғнон танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 15 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дуюним миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Солҳои охир дар миқёси ноҳия як қатор иншооти маъмуриву маишӣ, пулҳо ва хатҳои оби нӯшокӣ, муассисаҳои таълимиву бунгоҳҳои тиббӣ сохта ва таъмиру азнавсозӣ карда шудаанд.
Айни замон бунёди мактаби замонавии рақами 28 барои 460 ҷойи нишаст бо толори варзишии ҳозиразамон дар деҳоти «Навобод», сохтмони беморхонаи марказии ноҳия ва биноҳои истиқоматии панҷошёна идома дорад.
Ҳоло дар якчанд деҳоти ноҳия таъмири 15 бунгоҳи тиббӣ идома дорад. Илова бар ин, то имрӯз пули деҳаи Барсем, хатти оби нӯшокии деҳоти ба номи Ширинҷонов, канали деҳаи Гожак, роҳҳои мошингарди деҳаҳои Спинз ва Бачор, қубури обгузар дар деҳаҳои Боғев ва Деҳбаста ба маблағи умумии беш аз ду миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
Бо истифода аз фурсати муносиб бунёди пурраи шаҳри зебо ва хушсохти Ваҳдатро дар домани кӯҳҳои сарбафалаки Бадахшони дилрабо ба ҳар кадоми шумо ва тамоми сокинони вилояту ноҳия табрик мегӯям.
Бовар дорам, ки ин шаҳри даврони истиқлолият бо заҳмати содиқонаи сокинони он боз ҳам обод шуда, дар давоми ду-се соли наздик ба як шаҳри зебои кӯҳистони Бадахшон табдил хоҳад ёфт.
Дар замони сохти гузашта даҳсолаҳои зиёд Шуғнон соҳиби мақоми ноҳия буд, вале дар ҳудуди он иншооту биноҳо ва умуман, инфрасохторе, ки хоси ноҳия мебошанд, вуҷуд надоштанд. Яъне Шуғнон ба ном ноҳия буд. Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва аз баракати сулҳу оромиву суботи сиёсӣ мо имкон пайдо кардем, ки барои сокинони ноҳия шаҳри зебоеро бунёд намоем, то хурду бузурги ноҳия бо он ифтихор карда тавонанд.
Дар як муддати кӯтоҳ бунёд гардидани биноҳои шуъбаҳои маориф, корҳои дохилӣ, суд, прокуратура, амният, суғурта, омор, толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20, сохтмони хатти оби нӯшокӣ дар маркази ноҳия ба маблағи умумии 27 миллион сомонӣ аз ҷумлаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва натиҷаи заҳмати сокинони ноҳия ба шумор мераванд.
Айни замон дар маркази ноҳия сохтмони биноҳои замонавии нозироти андоз ва шуъбаи молия, шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, кандани наҳр дар мавзеи Мун — Сижд, инчунин бунёди биноҳои маъмурии Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзиливу коммуналӣ ва шуъбаи кишоварзӣ идома дорад.
Ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳаи иҷтимоӣ, сохтмону таъмири инфрасохтори нақлиётӣ ва дастгирии буҷети ноҳия дар се соли оянда маблағгузории 170 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 148 миллион сомонӣ ё қариб 90 фоизи он аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ мебошад.
Ҳамзамон бо ин, бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи ноҳияи Шуғнон барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2015-2019 қабул гардидааст, ки ҳадафи асосии он таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои воқеӣ дар асоси истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани сифати зиндагии мардуми ноҳия мебошад.
Дар доираи барномаи рушди ноҳия 161 лоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 250 миллион сомонӣ дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди инфрасохтор, омодабошӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва бахши таъминоти захиравӣ пешбинӣ шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории иловагӣ ва амалисозии барномаи давлатии номбурда чораҷӯӣ намуда, татбиқи онро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд ва ҳар шаш моҳ аз натиҷаи иҷрои он ба Ҳукумати кишвар гузориш манзур намоянд.
Бояд гуфт, ки дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия ҳиссаи корхонаи коркарди санги лаъл ва фабрикаи дӯзандагии «Ҳаёти нав» зиёд аст.
Соли гузашта дар корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 20 миллион сомонӣ ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ қариб 12 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ин барои ноҳияи дурдасти кӯҳистон нишондиҳандаи хуб мебошад.
Имрӯз дар деҳаи Боғеви деҳоти «Сучон» корхонаи коркарди орд бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз, ду анбор – яке барои нигоҳдории шаш ҳазор тонна ғалла ва дуюмӣ барои нигоҳдории 1000 тонна маҳсулоти тайёр, яъне орд мавриди истифода қарор дода шуд.
Барои бунёди корхонаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои гардони Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 13 миллион сомонӣ хароҷот гардида, баробари пурра мавриди истифода қарор гирифтани он даҳҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷойи доимии корӣ ва маоши хуб таъмин карда мешаванд.
Дар давраи иҷрои корҳои сохтмонии корхона то 60 нафар аҳолии маҳаллӣ бо кор ва маоши миёнаи 1200 – 1500 сомонӣ таъмин карда шудаанд. Корхонаи имрӯза аввалин корхонаи ордбарории вилоят буда, дар ояндаи наздиктарин талаботи аҳолиро бо муҳимтарин намуди озуқа – орд таъмин месозад.
Бояд гуфт, ки талаботи аҳолии вилоят ба орд ҳар моҳ аз 10 то 15 фоиз афзуда истодааст ва баъди ба кор оғоз кардани корхона на танҳо талаботи аҳолӣ бо орди истеҳсоли маҳаллӣ пурра таъмин мешавад, балки маҳсулоти аз коркарди гандум истеҳсолшуда вилоятро бо хӯроки чорво ва паранда таъмин мегардонад. Ба фаъолият оғоз кардани корхона инчунин яке аз манбаъҳои ғанӣ гардидани Буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад.
Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки ҳанӯз дар ноҳия имконияту захираҳои зиёд мавҷуданд, ки истифодаи онҳо боиси боз ҳам афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва беҳтар шудани некуаҳволии мардум мегардад.
Ҳозирини гиромӣ!
Роҳҳо воситаи асосии ҳамлу нақли бору маҳсулот ва мусофиркашонӣ буда, омили муҳими густариши робитаҳои иқтисодии ноҳия, таҳкими дӯстиву рафоқат, Ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мебошанд. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 348 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ мавҷуд буда, баъзе қисматҳои онҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд.
Вобаста ба ин, ба Вазорати нақлиёт супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят доир ба таъмири роҳҳои маҳаллӣ мунтазам чораҷӯӣ намуда, дар баробари ин, масъалаи ҳамлу нақли борҳоро тавассути тарозуҳои нақлиётӣ зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Дар ноҳия Неругоҳи барқи обии «Помир -1» бо иқтидори 28 мегаватт ҷойгир буда, ҳамасола зиёда аз 112 миллион киловатт — соат неруи барқ истеҳсол мекунад. Неругоҳи барқи обии мазкур манбаи асосии истеҳсоли барқ дар вилоят ба ҳисоб рафта, аҳолии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон ва Ишкошимро пурра бо қувваи барқ таъмин мекунад.
Ҷиҳати бо неруи барқ таъмин намудани аҳолии деҳоти ба номи Ширинҷонов сохтмони неругоҳи барқи обии хурд идома дошта, тибқи нақша, то охири соли равон мавриди истифода қарор дода мешавад.
Вобаста ба ин, Вазорати энергетика ва захираҳои обро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷараёни сохтмонро таҳти назорат қарор дода, барои дар муҳлати муқарраргардида ба истифода додани он ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Соли гузашта дар ноҳия ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 117 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2012-ум панҷ фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ ва обёрии заминҳо айни замон бунёди наҳри обрасонӣ дар мавзеи Сижди деҳоти «Навобод» ба масофаи 3,5 километр дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида боз 50 гектар замини нав аз худ карда мешавад.
Дар шароити кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Шуғнон вусъат додани чорводорӣ, махсусан қӯтоспарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ аз қабили бахшҳои сердаромад ба ҳисоб мераванд.
Дар доираи «Барномаи рушди соҳаи қӯтоспарварӣ тӯли солҳои 2012-2015» дар ноҳия саршумори қӯтос ба 2000 сар расонида шуда, имконияти боз ҳам зиёд намудани ин намуди чорво мавҷуд мебошад.
Вале тибқи таҳлилҳо, бинобар маҳдуд будани дастрасии хоҷагиҳои фермерии парвариши қӯтос ба қарзҳои камфоизу дарозмуҳлат, соҳаи зикршуда ба таври зарурӣ рушд накарда истодааст.
Вобаста ба ин, ба Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати воридот ва зиёд кардани саршумори қӯтос ва оилаи занбӯри асал тадбирҳои муассир андешанд.
Дӯстони азиз!
Мардуми Шуғнон ҳамеша пешоҳанг ва пешбарандагони мактабу маориф ва фарҳанги миллӣ буданд. Хусусан саҳми онҳо дар раванди ташаккул ва пешрафти ин соҳаҳои муҳими иҷтимоии кишвар, инчунин тарбияи насли наврас хеле назаррас мебошад.
Маълум аст, ки тарбияи шахсиятҳои шоистаи миллат ва пешрафти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз сатҳи маърифати устодон, дониши мукаммали хонандагон ва фаъолияти муназзами муассисаҳои таълимӣ вобастагии мустақил дорад.
Тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва сатҳи дониши хонандагони мактабҳои ноҳия торафт баланд меравад ва маълум мегардад, ки омӯзгорони ботаҷрибаи ноҳия дар самти таълиму тарбияи насли наврас садоқатмандона заҳмат мекашанд.
Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки аз таълиму тарбия дур мондан ё дар мактаби миёна ба сатҳи зарурӣ соҳиби илму дониш ва маърифату ҷаҳонбинӣ нагардидани наврасону ҷавонон яке аз сабабҳои ба миён омадани бекорӣ ва ноуҳдабароии онҳо мегардад, ки ин раванд ба ояндаи ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод месозад.
Махсусан, ҷавононе, ки фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ шуда, ба созмонҳои террористӣ шомил мегарданд ва боиси бадбахтии оилаҳои худ мешаванд, бояд андеша кунанд, ки пушаймонӣ суд надорад ва онҳо бо чунин рафторашон танҳо ояндаи худро доғдор месозанд.
Давлат ва Ҳукумати кишвар барои пешгирии чунин амалҳои номатлуб аз тамоми имкониятҳо истифода карда, намегузорад, ки насли ояндасози мо белаёқату ноуҳдабаро ва гумроҳу хиёнаткор ба камол расад.
Шумо хуб мушоҳида карда истодаед, ки имрӯз таъминоти соҳаи маорифи кишвар беҳтар гардида, барои таълиму тарбияи сазовори насли ҷавон бисёр нақшаҳои созанда амалӣ шуда истодаанд.
Дар ин раванд, бояд омӯзгорони соҳибтаҷрибаи мо низоми таълиму тарбияро тақвият диҳанд, то ки ҷавонони мо заминаи асосии маърифат, илму дониш, одобу ахлоқ ва ватандӯстиву ватанпарастиро маҳз дар мактаб аз бар намоянд.
Дар ноҳия ҷиҳати мустаҳкам кардани донишҳои назариявӣ ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши касбу ҳунар литсейи касбҳои техникӣ бо маркази техникӣ ва теъдоди зарурии дастгоҳҳои замонавӣ таъмин карда шудааст. Айни замон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои ба охир расонидани сохтмони литсей дар деҳаи Навобод 28 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Илова бар ин, таъкид месозам, ки Шуғнон дорои имкониятҳои васеъ барои рушди сайёҳӣ мебошад.
Ҳарчанд дар ҳудуди ноҳия табобатгоҳҳои Сарез, Шифо ва Ташриф фаъолият мекунанд, вале ҳанӯз истифодаи обҳои шифобахши ноҳия ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Бинобар ин, ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят ҷиҳати ташкили шароити мусоиди сайёҳиву табобатӣ дар мавзеъҳои истироҳатии ҳудуди ноҳия мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Дӯстони азиз!
Тавре ки мебинед, имрӯз симои ноҳия куллан тағйир ёфта, он ба як мавзеи зебову муосир табдил дода шудааст. Дар ин раванд, боз ҳам ташаббуси ватандӯстона ва саъю талоши содиқонаи роҳбарону масъулон, сокинон ва бахусус соҳибкорони бонангу номуси ноҳия зарур аст.
Вобаста ба ин, ба масъулони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳия ва вилоят супориш дода мешавад, ки барои ҳалли масъалаҳои бо оби нӯшокӣ ва шабакаи корез таъмин намудани иншооти маъмуриву хонаҳои истиқоматии шаҳраки навбунёди Ваҳдат, оғози сохтмони биноҳои маъмурии деҳоти «Сучон» ва ба номи Шаҳбозов, азхудкунии 100 гектар заминҳои бекорхобида ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳия аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Мо итминони комил дорем, ки ҳамаи ин тадбирҳо боиси боз ҳам беҳтар шудани шароити зиндагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия мегарданд.
Ман доим таъкид месозам, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти ниҳоят калон доранд ва ҳифзу таҳкими ин дастовардҳо қарзи фарзандӣ ва вазифаи ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад. Ваҳдати миллӣ барои мо арзиши волотарин буда, асоси хушбахтии мардум ва таҳкурсии пешрафту ободии Ватани азизамон мебошад.
Бори дигар таъкид месозам, ки дар шароити бисёр ҳассос ва вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир вазифаи ҳар яки мо чун гавҳари ноёб ҳифз намудани Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таъмини амнияти давлату ҷомеа мебошад.
Бо истифода аз ширкати роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин раисони ҷамоатҳо ва дигар масъулону фаъолони ноҳия таъкид месозам, ки робитаи худро бо мардум ҳар чӣ бештар мустаҳкам намуда, доимо бо мардум бошед ва барои ҳалли мушкилоти онҳо сари вақт чораҷӯӣ намоед.
Ҳамчунин хотирнишон месозам, ки Ҳукумати мамлакат барои пурра бартараф сохтани харобиҳои офати табиӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳаёти сокинони ноҳияи Шуғнон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Итминон дорам, ки мардуми сарбаланду заҳматпешаи ноҳияи Шуғнон сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ҷонибдорӣ карда, дар пешрафту тараққиёти Ватани соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек, ба ҳар яки шумо, тандурустиву иқболи нек, рӯзгори хушу босаодат ва дар фаъолияти минбаъдаатон ба хотири ободии Тоҷикистони азиз барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!