Сиёсати муваффақи хориҷӣ ва саҳми Пешвои миллат дар ин раванд

№ 10.10.2022

Далели бебаҳс аст, ки саҳми Пешвои миллат баҳри муайян кардан ва расидан ба ҳадафҳо, коркарду пешбурди усулҳои самаровар ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабул дар сиёсати хориҷии мамлакат меҳвар ва муассир аст. Муҳиму беназир он аст, ки тавсеа ва тақвияти сиёсати хориҷии кишвари мо ба тахайюли коршиносону ба истилоҳ назарияпардозон рабте надошта, маҳсули фаъолияти пурмаҳсул, иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.

Тавре соли гузашта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд: «Мизони асосии усули «дарҳои кушода», ки мо дар сиёсати хориҷии худ пеш гирифтаем, роҳандозӣ кардан ва пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, шарикӣ, ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад».

Аз далелҳои таърихӣ ҳам бармеояд, ки таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи тӯлонӣ ва ғании дипломатӣ дорад ва дар бораи сифату хислати сафирон ё ба қавли ниёгонамон — фиристодагон даҳҳо китобу рисолаҳо таълиф шудаанд. Дар осори бузургон сифатҳои умдаи фиристодагон — муаррифгарони роҳбари давлат ва миллату кишвари худ, яъне хирадмандӣ, равшанравонӣ ба маънои ахлоқи нек ва аҳамияти забондонӣ, ба таври возеҳ таъкид шудаанд.

Тавре Пешвои миллат дар суханрониашон бахшида ба нахустин таҷлили «Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ» ва ифтитоҳи бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ 29 сентябри соли 2016 иброз доштанд: «Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баъди сипарӣ гардидани марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ, ки даврони ба эътидол овардани вазъияти дохилӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дар равобити байналмилалии худ сиёсати «дарҳои кушода»-ро эълон дошт, ки ин хатти сиёсӣ имрӯз низ муваффақона идома дорад. Самараи чунин сиёсатро мо дар робитаҳои хориҷии гуногунҷанбаи кишварамон дар арсаҳои гуногун мебинем».

Интихоби сиёсати «дарҳои кушода» дар самти рушди ҳамкориҳои хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ аз фазилатҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Сиёсати «дарҳои кушода», ки меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир интихоб гардид, дар давоми Истиқлолияти давлатӣ воқеӣ, дуруст ва судовар буданро нишон дод.

Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикис­тонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин раванд, ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим дониста мешуд. Маҳз амалӣ гардидани ин усул дар сиёсати хориҷии кишвар барои тавсеа ва таҳкими муносиботи дуҷонибаю бисёрҷониба бо мамлакатҳои олам ва ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ уфуқҳои навро боз намуд.

Ба гуфти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин: «Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳамчун мақоми татбиқкунандаи сиёсати хориҷии давлат, фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст. Дар ин росто, мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақомҳои баландпояи хориҷӣ дар дохил ва хориҷи кишвар дар тавсеа ва таҳкими бештари муносибатҳои кишвари мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши бориз доштанд. Дар чунин шароит сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд нақши худро дар ҳифзи амну субот дар минтақа, атрофи он ва ҳалли масъалаҳои гуногуни байналмилалӣ гузошт».

Лозим ба ёдоварист, ки кишвари мо замоне ба бунёди давлатдорӣ оғоз кард ва сиёсати хориҷиро таҳким бахшид, ки низоми сиёсии ҷаҳон рӯ ба дигаргунӣ оварда буд. Бар замми ин, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт ва дар он шароит сиёсате бояд пеш гирифта мешуд, ки бақои давлат ва якпорчагии миллатро таъмин ва мавқеи сиёсии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамуд. Аз оғози Истиқлолияти давлатӣ, вобаста ба шакли идоракунии парламентӣ доштани мамлакатамон, то соли 1994 робитаҳои байнидавлатӣ ва байналмилалии Шӯрои Олӣ ба сифати мақомоти олии намояндагии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дар шакли иштироки парламентӣ дар муносибатҳои байниҳукуматӣ ва байнипарламентӣ татбиқ мегардид.

Тавре вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода ва Хайриддин Усмонзода зикр кардаанд: «Тарзи ташкили фаъолияти парламент дар симати Шӯрои Олӣ беихтиёр ба хусусияти роҳандозии робитаҳои хориҷии он низ таъсиргузор буд. Намояндагони мардумӣ дар як маврид ҳам салоҳияти намояндагии сохторҳои ҳукуматӣ ва ҳам узви мақоми олии намояндагии ҳокимияти давлатиро ба ҷой меоварданд. Дар ҳар ду маврид вобаста ба шакли идоракунии парламентӣ доштани давлат ташкил ва татбиқи амалияи мазкур таҳти идоракунии Раёсати Шӯрои Олӣ сурат гирифта, сохторҳои ҳокимияти иҷроия сиёсати беруниро дар мувофиқа бо парламент амалӣ мегардониданд. Моҳи декабри соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки минбаъд барои ташаккули таҷрибаи аз мавқеи ягона муаррифӣ кардани ҳадафҳои сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон дар арсаҳои берунӣ заминаи меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам овард. Дар заминаи он дипломатияи парламентӣ ба манбаи муҳими татбиқи ҳадафҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, тамоюли ташаккулёбии он дар қаринаи дипломатияи касбӣ ва мардумӣ фароҳам гардид. Барои муназзам ба роҳ мондани амалияи мазкур соли 1994 дар таркиби раёсати коргузории Шӯрои Олӣ бо дастури Раиси Президиуми Шӯрои Олӣ шуъбаи робитаҳои байнипарламентӣ таъсис ёфт».

Аз ҷониби коршиносон эътироф шудааст, ки ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, аз дастовардҳои бузурги давлат дар замони соҳиб­истиқлолӣ ба шумор меравад. Ба шарофати сиёсати хориҷии муваффақ кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ ба роҳ монд. Ҳақ ба ҷониби доктори илмҳои фалсафа Махфират Хидирзода аст, ки нигоштааст: «Пешвои миллат ҳамчун шахсияти таърихӣ ва сиёсатмадори арсаи байналмилалӣ тавонис­танд дар муддати нисбатан кӯтоҳ мамлакатро аз вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ наҷот дода, дар шоҳроҳи устувори рушд роҳнамоӣ намоянд. Дар ин раванд қобилияти дарки баланди воқеият дар баробари дигар хислатҳои сарварии Пешвои миллат имконият дод, ки хусусияти ҳар марҳила дурусту дақиқ эҳсос карда шуда, вобаста ба он технологияи мувофиқи амалисозии ҳадафҳо интихоб карда шавад».

Бамаврид аст ёдовар шавем, ки 29 сентябри соли 1993 дар таърихи муосири сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи воқеан муҳим ба шумор меравад. Дар ин рӯзи хотирмон аввалин маротиба аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардиданд.

Зимни пажӯҳиши маълумоти марбут ба он давра маълум гардид, ки соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт, соли 1995 ду ва соли 1996 боз ду созмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ таъсис дода, ба фаъолият шурӯъ намуданд.

«Айни ҳол Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад. Дар баробари ин, Тоҷикистон ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ, ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳоро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳо, иҷро менамояд».

Аввалин санадҳои муайянкунандаи масири сиёсати хориҷии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳсуб мешаванд. Бо қабули онҳо ва муҳайё гардидани дигар заминаҳо барои рушди сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари озоду соҳиб­истиқлол дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид, рушди ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо давлатҳою созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҳадафҳои муҳими давлат дониста шуд. Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани санадҳои робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳои зербиноӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷиро ­бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ, арзиши олӣ мешуморад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати «дарҳои кушода», ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо оламиён аз ҷониби роҳбарияти кишвар муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд ва тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона, ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни олам зина ба зина равнақ ёфтанд.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 марти соли ҷорӣ дар доираи сафари расмӣ ба Донишгоҳи Қоҳираи Ҷумҳурии арабии Миср зимни суханронӣ дар назди устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур чунин таъкид карданд: «Кишвари мо дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии хеш тавонист бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба барқарор намуда, мавқеъашро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам гардонад. Таи давраи на чандон тӯлонии таърихи муосири хеш Тоҷикис­тон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва бо аксари давлатҳои олам равобиту ҳамкории хубу судбахшро ба роҳ монд.

Мо аз минбари созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пайваста ташаббусу ибтикорҳои созандаро ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризм, ифротгаройӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ба самъи ҷаҳониён мерасонем».

Сиёсати «дарҳои кушода» меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад ва дар заминаи татбиқи муваффақонаи он ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Тоҷикистонро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ зиёда аз 179 давлати ҷаҳон ба расмият шинохтааст ва бо 126-тои он муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои созандаи хориҷӣ бо кишварҳои гуногуни олам зиёда аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ — техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайраҳоро фаро мегиранд.

Бештари ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин, дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ ёфтанд.

Коршиносону мутахассисон ташаббусҳои ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об дар арсаи байналмилалӣ назаррас арзёбӣ мекунанд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мақсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ равона кардаанд.

Бояд дарк кард, ки пешниҳоду ташаббусҳои кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат танҳо бо масъалаи об иктифо намешавад. Муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳамчун абармарди дунёи сиёсат вобаста ба мушкилоти дигари сайёра низ ибтикореро амалӣ карданд, ки дар арсаи байналмилалӣ бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нисбатан ҳассос ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон сиёсати хориҷиро дар сатҳи хубу сифати баланд ба роҳ монда, дар ин ҷода комёб гардид. Коршиносони масоили сиёсӣ ҳама пешравиро дар самти робитаҳои байналмилалӣ бо мавқеи устувори сиёсӣ ва дурандешию башардӯстии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут медонанд. Роҳбари мамлакат, ки бо пешниҳоду ташаббусҳои беназир абармарди дунёи сиёсат эътироф гардидаанд, таҳрикбахши мамлакат дар ҳама самт, аз ҷумла сиёсати хориҷӣ, маҳсуб мешаванд.

Ба қавли собиқ муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, ҳоло раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода «Ҳангоми дар бораи ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон сухан гуфтан бояд ёдовар шавем, ки кишвари мо як узви назоратгари одии равандҳои сиёсии байналмилалӣ набуда, балки сиёсати хориҷии ташаббускор дорад. Мо дар сафарҳои хизматию расмии худ ба хориҷи кишвар борҳо шоҳиди он гаштаем, ки хориҷиён аз давлату миллати мо, пеш аз ҳама, шахсияти Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, халқу миллати тоҷикро хушбахту саодатманд меҳисобанд, ки чунин сарвари оқилу доно ва сиёсатмадори шинохтаю миллатдӯст насибамон шудааст. Дар бораи шахсияти бузург ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидани Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханҳои дар ҳаққи ӯ гуфтаи аксари роҳбарони давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ва сазовор гардиданашон ба ҷоизаҳою мукофотҳои созмону ташкилотҳои бонуфузтарини байналмилалӣ, ки шумораи онҳо хеле зиёданд, гувоҳӣ медиҳанд».

Хулосаи ниҳоӣ аст, ки ба шарофати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи кишвари мо дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти сайёра хоса буда, сиёсати хориҷии кишвар бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ роҳандозӣ шудааст.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»