Сиёсати муваффақи сиёсатмадори тавоно

№117 (4067) 01.10.2019

Opening of GA 72 2017 AMТоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикис­тон наметавон тасаввур кард.

Тоҷикистон замоне ба бунёди давлатдорӣ оғоз кард ва сиёсати хориҷиро таҳким бахшид, ки низоми сиёсии ҷаҳон рӯ ба дигаргунӣ оварда буд. Бар замми ин, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт ва дар чунин шароит сиёсати хирадмандонае бояд пеш гирифта мешуд, ки бақои давлат ва якпорчагии миллатро таъмин ва мавқеи сиёсии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамуд.

Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, аз дастовардҳои бузурги давлат дар замони соҳиб­истиқлолӣ ба шумор меравад. Ба шарофати сиёсати хориҷии мутавозин, дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ ба роҳ монд.

Дар равшан сохтани ҳадафҳои асосӣ ва усулҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Тоҷикистон нақши Эмомалӣ Раҳмон бисёр муассир мебошад. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин маротиба аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро ба нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин, таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани санадҳои робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳои зербиноӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷиро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ, арзиши олӣ мешуморад.

Соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт, соли 1995 ду ва соли 1996 боз ду созмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ таъсис дода, ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Феълан, таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои бисёрҷониба дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавқеи махсус дорад.

Ба гуфти коршиносон, зарурати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар фаъолияти созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ аз он бармеояд, ки дар таҳкими амнияту суботи минтақа нақши муҳим дорад.

Яке аз воситаҳои муваффақи ҳамгироӣ бо иқтисодиёти байналмилалӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо мебошад.

Бино ба таъкиди иқтисоддонҳо, пайвастани Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр ба ин созмони ҷаҳонӣ барои кишвар имконияти бештари ҳамгироии иқтисодиро фароҳам овард. Албатта, пайвастани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо тақозо мекард, ки кишвар чандин марҳилаи мушкилро паси сар намояд ва дар пайи талошҳои хастанопазири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба мақсад расид. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 2013 узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ гардид ва қадами бузурге дар арсаи ҷаҳонӣ гузошт. Феълан, Тоҷикистон узви фаъоли ин созмони бонуфуз буда, дар доираи талаботи он ҳамкории иқтисодиро бо давлатҳои аъзо рушду густариш мебахшад.

Дар муддати кӯтоҳ тибқи талаботу муқаррароти Созмони умумиҷаҳонии савдо ба қонуну меъёрҳои амалкунандаи Тоҷикис­тон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардида, санадҳои нави меъёрӣ қабул карда шуданд, ки ин раванд заминаи пайвастани Тоҷикис­тони соҳибистиқлолро ба иқтисоди ҷаҳони муосир таҳким бахшид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 соли соҳистиқлолӣ бо роҳбарии Сарвари хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки бо барқарор намудани ҳамкории судманду самарабахш бо кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳила ба марҳила мавқеи сиёсиро дар арсаи ҷаҳон устувору пойдор созад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра бо ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, обрӯ ва эътиборро боло бурд, ҳамкории судмандро таҳкиму густариш бахшид ва бо аксар давлатҳои ҷаҳон робитаи хубу ҳасана дорад.

Дар таҳким ва устувории сиёсати хориҷии Тоҷикистон қабули санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо ҳидояти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувор гузоштанд.

Аз ҷумлаи аввалин санадҳои муайянкунандаи масири сиёсати хориҷии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Бо қабули онҳо ва муҳайё гардидани дигар заминаҳо барои рушди сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари озоду соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид, рушди ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо давлатҳою созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҳадафҳои муҳими давлат дониста шуд.

Новобаста аз мушкилоти аввали даврони соҳибистиқлолӣ, кишвари тозаистиқлоли мо бо роҳбарии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон дар интихоби сиёсати муваффақи хориҷӣ қадамҳои устувор гузошт.

Интихоби сиёсати «дарҳои кушода» дар самти рушди ҳамкориҳои хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар рӯзҳои аввали истиқлол аз хислатҳои дурандешонаи Роҳбари олиҳиммати тоҷикон — Эмомалӣ Раҳмон буд.

Сиёсати «дарҳои кушода», ки меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир интихоб гардид, дар давоми Истиқлолияти давлатӣ воқеӣ, дуруст ва судовар буданро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар ин раванд, ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим дониста мешуд. Маҳз амалӣ гардидани ин усул дар сиёсати хориҷии кишвар барои тавсеа ва таҳкими муносиботи дуҷонибаю бисёрҷониба бо мамлакатҳои олам ва ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ уфуқҳои навро боз намуд.

Принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон, асосан, ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз ҷумла, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона гардида буд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати «дарҳои кушода», ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо оламиён аз ҷониби роҳбарияти кишвар муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд ва тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона, ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни олам зина ба зина тавсеаву таҳким ёфтанд.

Ба шарофати сиёсати муваффақи Роҳбари дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон мавқеашро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти сайёра мустаҳкам намуда, ба доираи ҳамкорӣ давлатҳои бисёрро ворид карда, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибат ва манфиатро таъмин гардонд.

Сиёсати «дарҳои кушода» меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикис­тонро таҷассум мекунад ва дар заминаи татбиқи муваффақонаи он ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад.

Тоҷикистонро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ зиёда аз 151 давлати ҷаҳон ба расмият шинохтааст ва бо 126-тои он муносибатҳои дип­ломатӣ барқарор намудааст.

Давлати мо дар доираи сиёсати «дарҳои кушода» дар сиёсати хориҷии хеш таваҷҷуҳи асосиро нахуст ба таҳким ва тавсеаи муносибот бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ — Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон равона намуда, равобит бо ин давлатҳоро дар асоси дӯстӣ, эҳтирому эътимоди тарафайн, хайрхоҳӣ ва ҳамкории судманду созанда густариш бахшидааст.

Тоҷикистон феълан ҳамкории хориҷӣ ва равобити дӯстонаро бо се кишвари минтақа дар асоси шарикии стратегӣ амалӣ менамояд, ки ин раванд ба манфиати  давлатҳо мебошад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: «Тоҷикистон тақвияти дӯстии таърихии мардумони Осиёи Марказиро амри усулан зарурӣ медонад ва ҳамзамон бо ин, ҷонибдори густариши равобити ҳасана, ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, равуои озоди одамону нақлиёт ва интиқоли бемамониати сармояву хизматрасониҳо буда, ҷиҳати таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ҷонибдори рафъи низоми раводид дар минтақа аст».

Рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дорои аҳамияти махсус мебошад. Тоҷикистону Ӯзбекистон, бешубҳа, дорои фазои бузурги фарҳангӣ — гуманитарӣ, сарҳади умумӣ ва робитаҳои инкишофёфта буда, метавонанд рафтуомади озоди аҳолӣ ва маҳсулоту хизматрасониро фароҳам оранд, барои инкишофи таъсирбахши соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҳар ду давлат мусоидат намоянд ва иқтидори транзитии якдигарро барои баромадан ба дигар бозорҳо истифода баранд. Ба принсипҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон таърих, сарватҳои умумии фарҳангиву маънавӣ, инчунин, анъанаҳои чандинасраи эҳтироми якдигар ва ҳамсоягӣ заминаи мустаҳкаму устувор гузоштааст.

Коршиносону мутахассисони масоили сиёсӣ соли 2017-ро соли рушди пойдории ҳамкорӣ ва тав­сеаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон маънидод мекунанд, зеро дар ин сол бо талошу дастгириҳои бесобиқаи роҳбарони сатҳи олии ду кишвари ҳамсоя раванди муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон уфуқҳои нави ҳамкориро касб намуд.

Талошу кӯшишҳои сиёсии Тоҷикистону Ӯзбекистон барои таҳкими амнияту субот дар минтақа, мусоидат ба равандҳои минбаъдаи ҳамгироӣ пайваста ба назар мерасад.

Ду кишвар узви якчанд созмони минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ, ИДМ ва СҲШ буда, муносиботро дар доираи онҳо рушду густариш мебахшанд. Бо дарназардошти ҳаммарз будани Тоҷикистону Ӯзбекистон, тақвият бахшидани ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар ҳама бахши давлатдорӣ, аз ҷумла, сиёсат, иқтисоду саноат, нақлиёту коммуникатсия ва маорифу кишоварзӣ, дорои дурнамои нек арзёбӣ мегардад.

Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ афзалияти бештар медиҳанд ва аз ин ҷост, ки ҳамгироии доираҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои тиҷоратии ду кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад. Омор нишон медиҳад, ки бо таваҷҷуҳ ба ин самт ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон тамоюл ба болоравӣ дорад. Агар ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар соли 2016 -ум 69,3 миллион доллари амрикоиро ташкил дода бошад, ин рақам соли 2017 ба 126,4 миллион доллар баробар шуд, ки аз ин 57,1 миллион доллар ба содирот ва 69,3 миллион доллар ба воридот рост меояд. Гардиши мол миёни ҳар ду кишвар дар нимсолаи аввали соли 2018 бошад, ба 128 миллион доллар баробар гардид.

Ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекис­тон дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ дар асоси Протокол оид ба ҳамкорӣ байни маъмурияти авиатсионии ду кишвар аз моҳи ноябри соли 2016 ба роҳ монда шуд ва тибқи он парвозҳо аз моҳи апрели соли 2017 расман шурӯъ гардиданд.

Бо талошу дастгириҳои роҳбарони ду давлат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев парвозҳо аз тариқи хатсайри Душанбе — Тошкент — Душанбе, Душанбе — Самарқанд — Душанбе ва Душанбе — Бухоро — Душанбе амалӣ гардиданд.

Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рушди муносибот дар соҳаи фарҳанг низ ҳавасманд мебошанд. Ҳамкории судманди фарҳангию адабии ду кишвари дӯсту ҳамсоя аз қаъри таърих сарчашма гирифта, дар ҳоли рушду инкишоф қарор дорад. Намунаи барҷастаи ин гуфтаҳо машъали дурахши дӯстист, ки мутафаккирони бузург Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ фурӯзон карда буданд.

Дар Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекис­тон намояндагони зиёди ҳар ду миллат кору сукунат доранд ва аз ҳаёти осуда бархӯрдоранд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хислати стратегии муносибатҳои дуҷониба, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон ҳам таваҷҷуҳи хоса медиҳад.

Наздик ва мувофиқ будани мавқеъҳои ду кишварро дар масъалаҳои калидии сиёсати байналмилалӣ, инчунин, мақсаду нақшаҳои давлатҳо оид ба фаъолтар сохтани ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ собит намуданд.

Умумияти фарҳангию таърихии ду халқ омили асосии рушди муносибатҳо дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, санъат, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, варзиш ва дигар арсаҳо дар 28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

Ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, дар ҳоли рушду инкишоф қарор доранд.

Дар баррасии масъалаҳои муҳими дорои аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи ҷонибҳо ҳамоҳанг буда, тарафҳо асосан мавқеи наздик ё ба ҳам мушобеҳ доранд. Дар ин замина боздиди сарони давлатҳо аз кишварҳои якдигар ба рушди муносибатҳо такони мусбат бахшида, таҳкимгари пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо гардидаанд.

Тоҷикистон ва Қазоқистон бо мақсади ҳалли самарабахши ­масъалаҳои аввалиндараҷа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, таҳкурсии институтсионалии устувор — Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқис­тонро таъсис доданд.

Феълан заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро беш аз 75 санад ташкил медиҳад. Онҳо, асосан, фарогири самтҳои муҳими ҳамкориҳо, аз ҷумла, сиёсию иқтисодӣ, сармоягузорию андозбандӣ, бонкӣ ва гумрукӣ, инчунин, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ буда, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд.

Раванди густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Қазоқистон бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шудаанд ва дар ин асос муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ густариш меёбанд.

Тоҷикистону Беларус дорои муштаракоти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамкории зичу босамар дар бештари соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ мебошанд. Сафарҳои пайвастаи сарони ду давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба кишварҳои ҳамдигар дар рушду густариши муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддӣ мебахшанд.

Ҳар ду кишвар дар бештар аз ду даҳсолаи барқарории равобити дипломатӣ ба дастовардҳои зиёд дар соҳаҳои гуногун ноил гардидаанд.

34642999792_8745a9838c_oБеларус узви СММ, ИДМ, Шӯрои Аврупо, САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус 5 сентябри соли 1996 тавассути мубодилаи ёддоштҳо барқарор гардидааст. Коршиносону мутахассисон рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Беларусро дар марҳалаи кунунӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ мекунанд.

Миёни давлатҳо муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба гуфти коршиносон, ба рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷониба пайваста мусоидат мекунад.

Тоҷикистону Беларус пайравони собитқадами тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ буда, оид ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои самаранок дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, СААД ва дигар созмонҳои минтақавӣ, ки ҳар ду кишвар аъзои онҳо мебошанд, мавқеи яксон доранд.

Тибқи нишондод сатҳи ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус дар 28 соли соҳибистиқлолии кишвар тамоюли мунтазами болоравиро доро буда, асосан дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки соли 1999 таъсис шудааст, баррасӣ мегарданд.

Робитаҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳо ҷиҳати ташкили таъминкунӣ бо ашёи хом, молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва инчунин, инкишофи муносибатҳо миёни субеъктҳои минтақавӣ ва хоҷагидории ду давлат равона карда шудаанд.

Душанбеву Минск рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи маорифу фарҳанг ва илм манфиатовар медонанд ва аз ин хотир аст, ки ҳамкориҳои миёни ду давлат дар ин самт низ тамоюли рушду инкишофро ба худ касб кардааст.

Дар доираи ҳамкориҳои илмии миёни ду кишвар моҳи сентябри соли 2012 дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ факултаи Донишгоҳи миллии техникии Беларус фаъолият оғоз намуд.

Ҷараёни амалисозии кӯшишҳои сарони ду кишвар ҷиҳати боз ҳам зичтар намудани ҳамкориҳои гуногунҷанба мувофиқи имконият ва ниёзи мардуми ду давлат ба назар мерасанд ва сокинони ҳар ду кишвар ба ояндаи ин равобит нигоҳи нек доранд.

Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои созандаи хориҷӣ бо кишварҳои гуногуни олам зиёда аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ — техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайраҳоро фаро мегиранд.

Бештари ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла, ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ аз тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин, дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.

Коршиносону мутахассисон ташаббусҳои ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об дар арсаи байналмилалӣ назаррас арзёбӣ мекунанд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мақсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ равона кардаанд.

Ташаббусҳои Пешвои миллат дар асри XXI ҳадафи стратегии навро барои инсоният ва таъмини ҳаёти арзандаи одамон эҷод намуданд. То ҳол чор ташаббуси ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла, Соли 2003 — соли байналмилалии «Оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт», соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфтааст, ки ин иқдомоти роҳбари дурандешу хирадманди тоҷикон — Эмомалӣ Раҳмон дар самти рафъи мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла, об ва пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим, муҳиму назаррас арзёбӣ мегарданд.

Гуфтан бамаврид аст, ки бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шудани соли 2013 мафҳуми дипломатияи обро ба сатҳи амалӣ боло бароварда, онро бо таркибаи воқеӣ мукаммал намуд.

Ташаббуси чоруми Тоҷикистон, ки соли 2018 татбиқи он ба таври расмӣ оғоз гардид, аз рӯйдодҳои муҳиму хотирмон барои миллати тоҷик дар сиёсати дохилию хориҷӣ дар ин сол дониста мешавад.

Метавон гуфт, ки соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар сиёсати хориҷӣ соли воқеан таърихӣ буд. Зеро, 22 марти соли 2018 — дар «Рӯзи байналмилалии захираҳои об» татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон дар соҳаи об — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Сарвари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.

Чун дар мавриди ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар доираи татбиқи босамари сиёсати хориҷӣ таъкид рафт, бояд зикр дошт, ки пешниҳоду ташаббусҳои кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъалаи об маҳдуд нагардидааст.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори волоназари сатҳи ҷаҳонӣ дар мавриди мушкилоти дигари сайёра низ ташаббусҳое доранд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамовозии зиёд пайдо кардаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон баҳри ҷалби бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти табодули мол, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ғайра соли 2002 ташаббуси тозатаре дар сиёсати «дарҳои кушода»-ро эълон намуданд.

Пӯшида нест, ки даҳсолаи аввали истиқлолият дар Тоҷикистон, асосан, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ сарф шуд. Бо гузаштан аз ин марҳила, ки давраи аввали пас аз истиқлол буд, Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯи ҳама кишвари олам кушод. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълони сиёсати «дарҳои кушода» равобити байналмилалиро барои муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон бо ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бозсозии кишвар ба роҳ монданд, ки ин сиёсат муваффақиятҳои зиёдеро ба миён овардааст ва идома дорад.

Душанбе — пойтахти Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии Ватан борҳо мизбони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ гардида, таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳо, роҳбарони давлатҳо ва созмонҳою ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳониро дар доираи сиёсати муваффақи хориҷӣ ба ҳаллу фасли масоили умдаи ҷаҳонӣ ҷалб кардааст.

Дар ҳамоиши сарони давлатҳои Созмони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки моҳи июни соли 2019 дар доираи раёсати Тоҷикистон доир гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таваҷҷуҳи кишварҳои аъзоро ба муборизаи дастаҷамъона бар зидди хатару чолишҳои замони нав, аз ҷумла, терроризму экстремизм ва таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон, ҷалб намуданд.

Таҷрибаи пешбурди сиёсати хориҷии бисёрсамтаи Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ, ба вижа, баъди расидан ба мусолиҳаи миллӣ, нишон дод, ки тавсеаи равобити дӯстона ва мутақобилан судманди дуҷониба бо кишварҳои гуногун ва роҳандозии ҳамкориҳои бисёрҷониба бо онҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои рушди бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, таъмини амнияту суботи миллӣ, инчунин, ҷойгоҳи муносиб ва шоиста касб кардани кишвар дар равандҳои ҷаҳонӣ нақши муассир доштааст.

Дар ҳамин замина, Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии бисёрсамта ба таъмини ҳамкорӣ бо созмону ниҳодҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва ниҳодҳои минтақавию байналмилалии молиявӣ афзалияти бештар медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардуми минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, баробари рушди ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, ба густариши муносибот бо Созмони ҳамкории Шанхай низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа равон намуд.

Дар ин давра таҳким ва рушди муносибот бо Созмони ҳамкории Шанхай, ки 15 июни соли 2001 бо ба имзо расидани Эъломияи таъсиси он арзи ҳастӣ намудааст, дар мадди аввал қарор гирифтааст.

Ин созмон аз рӯи нуфуз ва захираҳои иқтисодӣ, демографӣ, ҳудудӣ ва табиӣ бузургтарин дар минтақаи АвроОсиё дониста мешавад ва муассисони он, асосан, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мебошанд.

Дар кишварҳои узви ин созмон зиёда аз 3 миллиард аҳолӣ, ки тақрибан 61 дарсади нуфузи АвроОсиёро ташкил медиҳад, зиндагӣ мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои узви ин созмон мушкилот ва чолишҳои муосирро воқеӣ арзёбӣ мекунад. Вобаста ба ин, яке аз авлавиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Созмони ҳамкории Шанхай фаъолияти муштарак ҷиҳати таъмини сулҳу субот, аз ҷумла, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳдидҳои амнияти иттилоотӣ мебошад.

Ба гуфти мутахассисон, рушди равобит бо Созмони ҳамкории Шанхай барои Тоҷикистон на танҳо густариши равобити бисёртарафа аст, балки заминаест барои пешрафти муносибатҳои дуҷониба. Ҳамчунин, донишмандону сиёсатшиносон мегӯянд, ки СҲШ барои Тоҷикистон механизми мусоидест дар самти густариши равобити гус­турда бо Ҷумҳурии Мардумии Чин.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳандозии сиёсати хориҷӣ рушду тавсеа бахшидани ҳамкориро бо кишварҳои ИДМ ба ҳайси яке аз самтҳои муҳимтарин ва авлавиятнок медонад ва дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ муносибатро бо ин давлатҳо дар асоси ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба густариш бахшида, ба дастоварди зиёд дар ин самт ноил гардидааст.

Миёни ҳамёрони асосии Тоҷикистон дар миқёси ИДМ ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад. Бесабаб нест, ки дар 28 соли Истиқлолият муносибот бо ин кишвар дар ҳама самт рушду густариш пайдо намуданд. Феълан сатҳ, мазмун ва муҳтавои равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россияро на танҳо манфиатҳои геополитикӣ ва прагматизми иқтисодӣ, балки заминаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои инсонӣ низ муайян месозанд.

Бино ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳарчанд сатҳу муҳтавои равобит, дараҷаи эътимод ва боварии тарафҳоро бо Федератсияи Россия хеле баланд арзёбӣ менамоем, рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманд бо ин кишвар устувортар ва амиқтар намудани пайвандҳои иқтисодӣ ва алоқаҳои фарҳангӣ, қавитар сохтани ҳамкориҳои сиёсиву низомӣ ва низомиву техникӣ аз самтҳои афзалиятноки равобити Тоҷикистон бо Россия аст ва чунин хоҳад монд.

Аз ин рӯ, ҳифзи муносибатҳои ҳасанаи анъанавӣ, агар аз як ҷониб, афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикис­тон бошад, аз ҷониби дигар, риояи манфиатҳои олии миллӣ дар ниҳояти кор муайянкунанда хоҳад буд.

Тоҷикистон ба рушд ва таҳкими муносиботи дуҷонибаю бисёрҷониба дар сиёсати хориҷӣ бо кишвари ҳамсояи Чин, ки феълан дар сиёсати ҷаҳонӣ мақом ва нуфузи хосаро соҳиб аст, таваҷҷуҳи махсус равона намуда, муносиботро дар тамоми бахш бо ин кишвар таҳкиму тавсеа бахшидааст.

Дар солҳои Истиқлолият тақвияти ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақом ва ҷойгоҳи хосаро ба худ касб намуд. Айни замон танҳо мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Чин, ки аз асосгузорони асосии СҲШ дониста мешаванд, аз 2 миллиард доллари амрикоӣ зиёд ва Чин ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии кишвар шомил мебошад.

Ширкатҳои зиёди бонуфузи чинӣ дар самтҳои гуногуни кишвар фаъолият карда истодаанд ва ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Чин дар тамоми самт дар ҳоли рушду густариш қарор доранд.

Давлати Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият бо дарки воқеии ҷойгоҳи созмонҳои байналмилалӣ дар назми навини ҷаҳонӣ, равобити созандаро бо ин созмонҳо ба роҳ монд ва ин раванд идома дорад. Тоҷикистон дар ҳеҷ даврае бо ҳеҷ як аз созмони байналмилалӣ мушкил надошт. Ин, албатта, бозгӯи сиёсати барномарезишудаи Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Вазорати корҳои хориҷӣ дар пиёдасозӣ ва густариши он нақши меҳварӣ дорад.

Тоҷикистон созмонҳои байналмилалиро майдони муносибе барои ҳамкорӣ бо кишварҳои гуногун, ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои гуногунҷанба ва наздикии фарҳангҳову тамаддунҳо медонад. Аз ин ҷиҳат густариши равобит бо ин созмонҳо барои кишвар яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои гуногунсамта бо кишварҳои минтақаи АвруОсиё низ мақом ва нақши шоистаро соҳиб аст.

Ҳамкориҳои судманди Тоҷикис­тони соҳибистиқлол бо Япония, Ҳиндустон, ҷумҳуриҳои Корея, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дигар кишварҳои дӯсти минтақа сол то сол таҳким ёфта, муносибот дар соҳаҳои бунёди инфрасохтори иртиботиву нақлиётӣ, иншооти гидроэнергетикӣ ва монанди инҳо амалӣ карда шуда истодаанд, ки аз рушди онҳо мардуми кишварҳо манфиатдоранд.

Ҳамкориҳои гуногунсамти берунии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, ки дар сиёсату иқтисоди дунёи муосир нуфуз ва нақши бузург доранд, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо талошу пайгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон рушду густариши ҳамаҷонибаро касб намудаанд.

Сафарҳои расмию кории Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва роҳандозии музокироту муколамаи роҳбарони сатҳи олии давлатҳо дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муносиботи дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо ин давлатҳоро таҳкиму тавсеа бахшидаанд.

Бино ба таъкиди Сарвари давлат, беҳтару хубтар ба роҳ мондани барномаҳои мавҷудаву таҳияшаванда доир ба ҳамкории судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз вазифаҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки: «Мо дар раванди муборизаи фаъол ва муассир бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бо ин кишварҳо ҳамкории босамар доштем ва вусъату тақвият бахшидани онҳо аз ҷумлаи ҳадафҳои мост».

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ ба рушди ҳамкорӣ ва тавсеаи равобити дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишварҳои олами араб ҳам таваҷҷуҳи дучанд зоҳир менамояд. Дар 28 соли Истиқлолияти давлатӣ бо талошу пайгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ин самт низ дастовардҳои назаррас ба миён омадааст.

Тоҷикистон бо бисёр кишварҳои мутараққии олами араб, аз ҷумла, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Давлати Қатар ва мамлакатҳои дигари мусулмонӣ муносибатҳои муфиди дуҷониба ва бисёрҷониба дорад. Ҳамкорӣ бо ин кишварҳо дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир низ тавсеа ва густариш ёфтааст.

Тоҷикистон дар роҳи амалисозии нақшаву супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ, таҳким бахшидани раванд­ҳои савдои озод, аз байн бурдани монеаҳои тарифӣ ва тавозуни нархгузорӣ дар савдои хориҷӣ, мусоидат ба тақвият ва тавсеаи фазои тиҷорат, ҳаллу фасли мушкилоти ҳамлу нақл ва интиқоли молу маҳсулот корҳои назаррасеро анҷом додааст.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар 28 соли Истиқлолияти давлатӣ дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст. Тавсеа ва равобит бо кишварҳо ва созмонҳои олам бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи шарикӣ асоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Кишвар бар асоси сиёсати дарҳои кушода робитаҳои гуногунсамтро бо кишварҳо ва созмонҳое, ки ба манофеи миллии мо эҳтиром мегузоранд, густариш бахшидааст.

Дипломатияи тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои беназир ноил ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускори ҳалли масоили умдаи глобалӣ ва сулҳхоҳ эътироф гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҳассосу мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон сиёсати хориҷиро ҳамчун идомаи мантиқии стратегияи бисёрҷанбаи сохторҳои марбута ҷиҳати таъмини манфиатҳои миллӣ, қабл аз ҳама, истиқлолу озодӣ, амнияту субот, шароити мусоиди пешрафт ва рушди устувори соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба роҳ монда, дар ҷодаи ҳамкории минтақавию байналмилалӣ мавқеи муваффақонаро касб кард.

Коршиносони масоили сиёсӣ ҳама пешравиро дар самти робитаҳои байналмилалӣ бо мавқеи устувори сиёсӣ ва дурандешию башардӯстии Пешвои тавоно — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд медонанд.

Воқеан, Пешвои муаззами миллати фарҳангпарвари тоҷик, ки бо пешниҳоду ҳидоят ва тарҳҳои илман асосноки фарогири манфиатҳои умумиинсонӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори созандаву башардӯст эътироф гардидаанд, кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистонро муваффақона ба шоҳроҳи рушду пешрафти ҳамаҷониба роҳнамоӣ карда истодаанд.

 Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА, 

Садриддин ШАМСИДДИНЗОДА