Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаи таълимии №100 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
7 сентябри соли 2015
Омӯзгорон ва падару модарони муҳтарам!
Фарзандони азиз!
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ Ҳукумати мамлакат рушди бомароми ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишварро таъмин карда истодааст.
Дар ин раванд таъмин намудани пешрафти яке аз соҳаҳои калидӣ — илму маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасози миллат самти муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад. Яъне, мо барои фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳаи маориф ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани шароити таълим тамоми имкониятҳоро сафарбар карда истодаем.
Ҳамин аст, ки имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои таълимии типи нав бо шароити мусоиди таълиму тарбия ба истифода дода шуда, сифати таълим ва сатҳи донишандӯзии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тадриҷан беҳтар шуда истодааст.
Имрӯз мо дар остонаи таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва оғози соли нави таҳсил дар баробари даҳҳо иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоӣ, ки дар гӯшаву канори гуногуни Ватани азизамон ба фаъолият оғоз карданд, боз як муассисаи таълимии хуштарҳу зеборо дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе ба истифода додем, ки нишонаи вусъати амалишавии сиёсати созандаи Давлату Ҳукумат дар самти таҳкими пояҳои моддиву техникии соҳаи маорифи мамлакат мебошад.
Бинобар ин, ҳамаи шумо, устодону омӯзгорон ва фарзандони азиз, падару модарони гиромӣ ва ҳозирини арҷмандро ба ифтихори бистучорумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як муассисаи замонавии таълимӣ табрик гуфта, ба шогирдони ин даргоҳи илму маърифат хушбахтӣ ва хониши хубу аъло ва ба устодону омӯзгорон дар фаъолияти пурзаҳмату сермасъулият, вале пуршарафи онҳо муваффақият мехоҳам.
Муассисаи таълимии имрӯза аз 33 синфхона иборат буда, дар ду баст 1480 нафар хонандаро фаро мегирад. Дар он тамоми шароити муосири донишомӯзӣ, аз қабили дарсхонаҳои барҳаво, толори варзишиву маҷлисгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ва ҷавобгӯйи талаботи имрӯза муҳайё мебошанд. Ба ин боргоҳи маърифат барои таълиму тарбияи толибилмон 60 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи заҳмати софдилонаи 150 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ корҳои азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба анҷом расонида шуданд, ки бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи онҳо барои саҳми арзандаашон дар муҳайё намудани шароити мусоид барои наврасону ҷавонони пойтахт изҳори миннатдорӣ менамоям.
Дар баробари ин, ба шумо, хонандагони азиз, таъкид менамоям, ки бояд ба қадри дастгириҳои Давлату Ҳукумат, заҳмати устодон ва ғамхориҳои падару модарони худ расед, давраи таҳсилро самаранок истифода баред, илму дониш омӯзед ва соҳиби касбу ихтисосҳои муосир гардед, то ки дар оянда ба давлати соҳибистиқлоли худ, ҷомеа ва падару модари хеш хизмати шоиста карда тавонед.
Ҳар яки шумо бояд дар хотир дошта бошед, ки Давлату Ҳукумати мамлакат, устодону омӯзгорон ва падару модарон ҳамеша дар андешаи он ҳастанд, ки шумо ҳамчун насли босаводу соҳибмаърифат ва баодобу солим ба камол расед ва барои ояндаи неки худ аз ҳозир замина гузоред. Ҳамзамон бо ин, омӯзгорону кормандони соҳаи маориф ва падару модарон фаромӯш набояд кунанд, ки ояндаи неки ин сарзамин ва ободу зебо гардонидани Ватан ба зиммаи фарзандони мову шумо вогузор карда мешавад.
Воқеан, мактаб махзани муқаддаси омӯзиши илму маърифат ва маркази асосии таълиму тарбия буда, барои ташаккули ақлу зеҳн ва шахсият, бедории фикрӣ ва соҳиби одоби ҳамидаву шоиста гардидани насли наврас заминаи боэътимод мегузорад.
Тавре ки мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, имрӯз мардуми маърифатпарвар ва фарҳангдӯсти мо хуб дарк кардаанд, ки рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ танҳо бо роҳи рушди соҳаи маориф амалӣ мегардад, зеро насли босаводу соҳибмаърифату соҳибкасб, яъне кадрҳои оянда, ки фардои Ватан ва ҷомеа дар дасти онҳо хоҳад буд, имрӯз дар мактаби таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таълиму тарбия мегирад.
Маҳз бо дарназардошти ҳамин, ман қариб дар ҳамаи суханрониву вохӯриҳои худ масъалаи робитаи падару модарон ва аҳли ҷомеаро бо муассисаҳои таълимӣ, яъне бо раванди таълиму тарбия, таъкид менамоям. Давлату Ҳукумат дар навбати худ дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, бо лавозимоти хониш ва воситаҳои муосири техникиву технологӣ ва иттилоотӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ ва дастгириву парастории истеъдодҳои ҷавон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Тавре ки дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб иброз доштам, ҷаҳони муосир тақозо мекунад, ки бо дарназардошти ба раванди таҳсилот ворид гардидани принсипи салоҳиятнокии касбӣ меъёрҳои нави давлатии таълим такмил дода шуда, вобаста ба ин, барои ҳамаи зинаҳои таълим китобҳои нави дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ таҳия карда шаванд. Бо дарназардошти ин ҳадаф, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии давлат таъсири ҷиддӣ мерасонад, бояд ҳар як фарди бонангу номус, равшанфикру маърифатпарвар, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпараст барои рушди пайгиронаи соҳаи маориф саъю талош намояд ва бо ҳамин роҳ саҳми арзандаи худро барои ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ гузорад.
Бори дигар хотирнишон месозам, ки таваҷҷуҳи махсуси давлату ҷомеа ва мактабу волидайн ба тарбияи дурусти насли ҷавон дар ҳама давру замон рисолати аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, зеро ин масъала аз ҷумлаи масоили муҳимтарини давлату давлатдорӣ мебошад.
Дар ин росто, бо итминон таъкид менамоям, ки Ҳукумати мамлакат барои таълиму тарбияи насли ҷавон аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд, то ки насли ояндасоз ҳамчун меросбарони арзанда ва соҳиби Давлату миллати худ ба камол расад. Дар шароити ҷаҳони пуртазоду мураккаби имрӯза вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки насли наврасро аз таъсири манфиву хатарноки ҳар гуна равияву ҳаракатҳои бегона эмин нигоҳ дорем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, ифтихор аз арзишҳову фарҳанги миллӣ тарбия намоем ва муҳимтар аз ҳама, онҳоро бо шароити мусоиди таҳсилу зиндагии осуда таъмин созем.
Ин аст рисолати асосии давлат, ҷомеа, падару модар ва устоду омӯзгор!
Дар фарҷом бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва кулли омӯзгорону шогирдони муассисаи таълимии имрӯзаро ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи муассисаи таълимии замонавӣ табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, хонаи обод ва ба шумо, фарзандони азиз, тансиҳатӣ, хониши хубу аъло ва ахлоқи ҳамида орзумандам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!