Сиёсатмадори барҷастаи асри XXI

№138 (4088) 16.11.2019

манБа саодати мардуми тоҷик тавассути сиёсати дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои нав ба нав аз мақом ва ҷойгоҳи махсус бархӯрдор гардид. Истиқболи ташаббуси Пешвои миллат оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» ва шурӯи муваффақонаи он бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон тавассути тадбирҳои умумиинсонӣ дар миёни кишварҳои ҷаҳон мавқеъ ва мақоми хос пайдо намудааст. Дар баробари ин, яке аз аввалин ташаббускорони ташкили Конфронси байналмилалӣ оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм эътироф гардидани Пешвои миллат, шарҳу тафсири ин муаммои аср ва ҷустуҷӯи роҳҳои мубориза бо он Тоҷикистонро ба унвони кишвари мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар амри ҳаллу фасли мушкилоти умумиҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Тадбирҳои фарҳангии Пешвои миллат ҷиҳати ҷаҳонишавии Наврӯз, ба Феҳристи ёдгориҳои умумиҷаҳонӣ ворид шудани чанде аз арзишҳои фарҳангии миллат низ барои эътирофи мақом ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муассир гузоштанд. Хушбахтона, ин тадбирҳо идома доранд ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат барои эҳёи ҷашну маросими дигари миллӣ, чун Меҳргону Сада, метавонанд нақши Сарвари давлатро дар амри ҷаҳонигардонии ин суннатҳо ва оини инсонсози миллӣ боз ҳам боло баранд.

Дар баробари ташаббусҳои ҷаҳонӣ, дар барномаҳои иқтисодиву иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим қарор гирифтаанд, ки аҳамияти минтақавӣ доранд. Чунончӣ, танҳо дар давоми ду соли охир шоҳиди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ҳузури Пешвои миллат гардидем. Дар баробари ин, «Барномаи давлатии бунёди неругоҳҳои хурду бузург то соли 2020» амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он чандин неругоҳи бузург мавриди баҳрабардорӣ ва таҷдиду тармим қарор гирифтанд. Татбиқи амалии ин барномаи давлатӣ боис шуд, ки кишвар дурнамои расидан ба истиқлолияти энергетикиро пурра таъмин ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сарчашмаи истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза (энергияи сабз) шинос намояд. Ба истифода додани иқтидорҳои истеҳсолии кишвар метавонад аҳамияти бунёди ин неругоҳҳои бузургро барои минтақа бозгӯӣ ва Тоҷикистонро ҳамчун сарчашмаи манбаи нур ва кишвари таъминкунандаи минтақа ба неруи барқ муаррифӣ кунад. Аз ин нигоҳ, аҳамияти байналмилалии барномаҳои иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳама аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, бегумон, дар болоравии мақоми байналмилалии Тоҷикистон ва нуфузу эътибори Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи аср саҳми муносиб мегузоранд.

Соли 2018 дар кишвар — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Зимни натиҷагирӣ аз он маълум шуд, ки имкониятҳои рушди сайёҳии Тоҷикистон ба таври зарурӣ муаррифӣ гардидааст. Дар натиҷа, доираи васеи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, ба имкониятҳои кишвар дар ин самт баҳои баланд доданд. Аз ин хотир, барои боз ҳам бештар муаррифӣ намудани имкониятҳо, эҳёи обидаҳои таърихӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва падидаҳои он солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.

Дар ин робита, дар шаҳри Хуҷанд тавассути дастгириҳои Пешвои миллат дар фосилаи кӯтоҳ чандин макони таърихӣ барои ҷалби сайёҳон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бунёди маҷмааи таърихии қалъаи Хуҷанд, мақбараи рамзии Шайх Камоли Хуҷандӣ ва Хона — боғи шоир, роҳи танобӣ, киштии рамзии «Темурмалик», меҳмонхонаи замонавии «Суғдиён», маҷмааи таърихии 20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон имкониятҳои ҷалби сайёҳонро ба шаҳри Хуҷанд беш аз пеш тавсеа бахшиданд. Дар натиҷа, тайи ду соли охир наздик ба ним миллион сайёҳи хориҷӣ аз ин маконҳои таърихӣ боздид ба амал оварда, имкониятҳои сайёҳии шаҳрро дар кишвар ва давлатҳои хеш муаррифӣ намуданд.

Тадбирҳои инсонсолоронаи Пешвои миллат дар амри тақвияти дӯстии халқҳои минтақа, аз ҷумла, бо ҷумҳурии ҳамсоя — Ӯзбекистон, воқеан ҳам, самароваранд. Баъд аз муддати тӯлонӣ робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон тавассути корсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон Шавкат Мирзиеёв аз нав ба роҳ монда шуданд. Дар натиҷаи таҳкими робитаҳои дӯстӣ муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳо рӯ ба рушд оварда, мубодилаи молу ашё ва сафари шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба мамолики якдигар бамаротиб афзоиш ёфт.

Маҷмӯи ин чорабиниҳои сиёсиву иқтисодӣ, маърифативу фарҳангӣ аз он дарак медиҳанд, ки мақоми Тоҷикистон тавассути ибтикороти Пешвои миллат дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бамаротиб боло меравад. Истиқболи самимонаи чеҳраҳои барҷастаи сиёсии олам ва давлатҳои ҷаҳон дар Тоҷикистон аз он дарак медиҳад, ки Роҳбари давлат ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи асри ­бисту як эътироф гардидааст. Ҳоло таҷрибаи давлатдории Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои сиёсии байналмилалӣ ҳамчун намунаи барҷастаи сиёсати берунаи маъруф ба «сиёсати дарҳои боз» мавриди омӯзиш ва таҷрибаомӯзии давлатҳои олам қарор гирифтааст. Ин дас­товарди бузург маҳз ба таҷрибаи роҳбарии бесобиқаи Пешвои миллат ва ғояву ормонҳои умумиинсонӣ такя мекунад, ки сарчашмаи омӯзанда, мояи ифтихори миллӣ ба шумор меравад ва моро бовар мекунонад, ки ин сиёсати дурнигарона раҳнамо ва раҳкушои мардуми Тоҷикистон то ба дуриҳои дур, расидан ба қуллаҳои мурод, яъне, ҳадафҳои бузург, хоҳад буд.

 

Маъруф МУҲАММАДЗОДА,

раиси шаҳри Хуҷанд