Соли 2015 — cоли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор

№30 - 32 (3510 - 3512) 05.03.2016

(Аввалаш дар шумораҳои гузашта)

30-Профессори Донишгохи Покистон (2)Мулоқоту музокироти судманди сатҳи олии ҷавобгўйи манфиатҳои Тоҷикистону Покистон, имзои санадҳои наву муҳими танзимкунандаи равобити ҳасанаи ду кишвар, замина гузоштан ба оғози татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак ба нафъи давлатҳо ва минтақаро метавон натиҷаҳои пурарзиши ин сафари давлатӣ номид.

Дар ҷараёни сафар пурра эҳсос гардид, ки роҳбарият ва мардуми дўсти Покистон ба ин ташрифи давлатии Эмомалӣ Раҳмон назари нек дошта, ба ояндаи ҳамкориҳо хушбин ҳастанд.

29 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба Ҷумҳурии Фаронса сафар кард.

Худи ҳамон рўз дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби раиси Ширкати «Аэробус» (Airbus) Силвер Дэлонэ ва ноиби аввали президенти Ширкати «Тотал» Майкл Боррелро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкатҳо баррасӣ шуд.

30 ноябр дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Конфронси 21 — уми Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим оғоз ёфт, ки дар кори он сарони беш аз яксаду панҷоҳ давлати олам иштирок намуд.

Ба рўзномаи кори конфронс баррасии масъалаҳои болоравии меъёри ҳарорат, коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ, расондани кумак ба кишварҳои рў ба рушд ва дигар мушкилоти иқлим ворид карда шуда буд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба истифодаи пурсамари захираҳои об сухан ронда, бори дигар аз пешниҳоди худ, ки аз минбари СММ садо дода буд, ёдовар гашт ва изҳор дошт: «Имконияти хуби ҳамкорӣ дар ростои истифодаи ҳадафманди захираҳои об метавонад дар доираи эълони даҳсолаи нав таҳти унвони «Об — барои рушди устувор», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, фароҳам ояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки «Бино бар аҳамияти маблағгузорӣ дар раванди тағйири иқлим, ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон ва ташаккули шароити мусоиди табодули энергияи таҷдидшаванда миёни кишварҳо метавонад ба пастшавии сатҳи партови газҳои гулхонаӣ дар минтақа мусоидат намояд».

30 ноябр дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқӣ — Демократии Алҷазоир Абдулмалик Саллол мулоқот кард.

Дар мулоқот доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, тиҷорати минтақавию байниминтақавӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз мева ва сабзавот, истихроҷи газу нафт ва бунёди корхонаҳои коркарди нафт гуфтугўйи судманд сурат гирифт. Изҳори умед карда шуд, ки минбаъд ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм ва фарҳанг низ ба роҳ монда мешаванд.

Субҳи 1 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйири иқлим аз Фаронса ба шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ташриф овард.

Дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могеринӣ, бо Президенти Шўрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск, бо Президенти Комиссияи Аврупо Жан Клод Юнкер ва бо ноиби президенти Бонки аврупоии сармоягузорӣ Ян Вапаавуорӣ мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могеринӣ масоили густариши муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо фаъолияту ҳамкории механизмҳои муҳими Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Шўро, Кумитаи ҳамкорӣ, Кумитаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва Муколама байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсонро барои густариши муносибатҳо амри зарурӣ шумурданд.

Худи ҳамон рўз дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Президенти Шўрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск мулоқот кард. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

1 декабр дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жан Клод Юнкер мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили рушди муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Комиссияи Аврупо баррасӣ гардид. Ҷонибҳо аз рушди мунтазами муносибатҳои фарогири доираи васеи робитаҳои судманд дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва сиёсию амниятӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика, бунёди як қатор неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқ аз ҷумлаи тарҳи CASA-1000, татбиқи лоиҳаҳои калонмиқёси нақлиётию энергетикӣ,  ки ба пайвастани шабакаҳои минтақавии барқӣ ва боркашонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ нигаронида шудаанд,  мавриди таваҷҷуҳи хоси ҳамсуҳбатон буд.

Шоми 1 декабр дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Бонки аврупоии сармоягузорӣ Ян Вапавуори мулоқот кард. Дар мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки сармоягузории аврупоӣ баррасӣ шуд.

​Ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориро вобаста ба рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф, тандурустӣ, фаъолияти бонкӣ,  ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сармояи Бонки аврупоии сармоягузориро дар соҳаҳои ҷустуҷў, истеҳсол ва коркарди маъданҳои кўҳӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баррасӣ карданд.

11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд» ба Туркманистон сафар кард.

Шоми ҳамон рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд» ба муносибати 20 — солагии бетарафии Туркманистон дар шаҳри Ашқобод бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва фарҳангии ду кишвар баррасӣ шуд.

12 декабр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд» иштирок ва суханронӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нишони гиромидошти анъа­наҳои неки равобити байни мардуми Тоҷикистону Турк­манистон дар назди муҷассамаи Бетарафии Туркманистон гулчанбар гузошта, ба таъриху фарҳанги кишвари дўст эҳтиром ба ҷо овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳову ҳайатҳоро Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов истиқбол гирифт.

Зимни баромади хеш дар кори конфронс Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «роҳи бетарафии мусбат, ки аз ҷониби роҳбарият ва мардуми туркман дар марҳалаи ҳассостарини таърихи истиқлолият интихоб гардид, имкон дод, ки зербинои ободии имрўзаи кишвари дўст ва тағйироти бузург дар ҳама соҳаҳои ҳаёти он гузошта шавад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти байналмилалии бетарафӣ андешаронӣ намуда, изҳор дошт, ки қисмҳои таркибии он, аз ҷумла омодагӣ ба шарикии ҳамаҷониба, қабул доштани таҷрибаи мусбати ҷаҳонӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ва шарикони минтақавӣ ҷонибдорон пайдо карданд, ки тасдиқ шудани қарори Созмони Милали Муттаҳид дар бораи бетарафии Туркманистон шаҳодати он аст.

21 декабри соли 2015 дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввал дар ҷаласаи хоса ва сипас дар ҷаласаи васеи Шўрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Ба рўзномаи маҷлис барои баррасӣ масъалаҳо доир ба вазъи имрўзаи ҷаҳон ва таҳкими амният ва суботи минтақавӣ, муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ворид карда шуд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «вазъи имрўзаи ҷаҳон аз мо тақозо мекунад, ки барои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизми байналхалқӣ тадбирҳои муассири дастаҷамъона андешем».

Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ намуд, ки «Барои давлатҳои аъзои СААД аз ҳама омили хатарнок он аст, ки дар муноқишаҳои низомии минтақа баъзе шаҳрвандони кишварҳои мо иштирок менамоянд» ва илова кард, ки «ҳамоиши имрўза имкон медиҳад, ки мо сохторҳои марбутаи худро барои ҳамдастӣ ва табодули иттилоъ сафарбар намоем».

Дар охири ҷаласаи ҳайатҳои васеъ изҳороти сарони кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ доир ба муқовимати муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва як зумра санадҳои дигари муҳим ба имзо расиданд.

Соли 2015 Тоҷикистон макони баргузории як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бо иштироки сарони як қатор давлатҳо ва коршиносони ҷаҳон оид ба ҷамъбасти ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон — натиҷаҳои даҳсолаи амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015), ҷаласаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид.

Рўйдоди муҳим — баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бо иштироки сарони як қатор давлатҳову коршиносони ҷаҳон, дар маҷмўъ беш аз 100 кишвари ҷаҳон оид ба ҷамъбасти ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон — натиҷаҳои даҳсолаи амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) буд, ки 9 июн дар Кохи Сомони бўстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои ҷараёни иҷрои нишондодҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» — ро баррасӣ ва пешниҳод намуд, ки барои 10 соли оянда даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об — барои рушди устувор» эълон карда шавад.

Дар навбати дуюм, дар конфронс Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун сухан ронда, ба ташаббусҳои Тоҷикистон ва пешсафии он дар баррасии глобалии масоили вобаста ба об баҳои баланд дод ва пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои эълони даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об — барои рушди устувор» дастгирӣ намуд.

Зимни суханрониҳои иштирокдорони воломақоми конфронс ташаббусҳои арзишманди Тоҷикистон, аз ҷумла пешниҳоди навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об — барои рушди устувор» мавриди ҷонибдорӣ қарор гирифт.

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ» ва намоишгоҳи V — уми байналмилалии китоб, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир гардид, иштирок ва суханронӣ кард.

 

(Давом дорад)

 Абдуфаттоҳ Шарифзода, Заробиддин Қосимӣ, Айниддин Самариддин