(Аввалаш дар шумораҳои гузашта)
19 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафари расмӣ намуд.
20 август сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон бо маросими истиқболи бошукӯҳ дар майдони «Истиқлол» — шаҳри Ашқобод оғоз ёфт.
Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судбахш баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгули Бердимуҳаммадов оғоз ёфт. Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт аз самтҳои стратегии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ номида шуд.
Ҷонибҳо ҳамгироиҳо дар масоили таъмини амнияту суботи минтақавӣ, тандурустӣ, саноати тиббӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист, истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ва пешгирӣ аз тағйирёбии иқлимро зарур шумурданд.
Тибқи масъалагузориҳои Президенти Тоҷикистон, ки аз ҷониби Президенти Туркманистон пазируфта шуд, ояндаи наздик миёни Душанбею Ашқобод хатсайри мустақими ҳавоӣ ифтитоҳ ёфта, шумораи квотаҳои президентии ду кишвар барои таҳсили донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳамдигар афзун гардида, масъалаи рафтуомади бе раводиди дорандагони шиносномаҳои хизматӣ ҳалли худро меёбад.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокирот панҷ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сафари корӣ намуд.
Дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин мулоқот кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносиботи ҳамкорӣ ва мавзӯъҳои муҳиму мубрами барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ шуданд. Си Ҷинпин изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой минбаъд низ барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя саъю талош меварзад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб — Хоруғ — Кулма-Қароқурум ва роҳи оҳани Хитой — Қирғизистон — Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Си Ҷинпин ба меваи хушки Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, изҳори бовар намуд, ки меваи хушк ва дигар маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой роҳ меёбанд.
Рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай, афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат, тақвияти муносибатҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ, мусоидати Хитой ба рушди бахши энергетикии Тоҷикистон ва афзалият додан ба ҳамкории байниминтақавӣ аз масъалаҳои муҳими мулоқот буд.
Пас аз анҷоми музокирот панҷ санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зимни сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бузурги Ҷумҳурии Халқии Хитой барои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ ва ҷалби сармояи хитойӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мулоқот намуда, дар паради ҳарбӣ дар шаҳри Пекин ба ифтихори 70 — солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ иштирок кард.
Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои директорони Бонки кишоварзии Ҷумҳурии халқии Хитой Лю Шиюй масъалаҳои рушди ҳамкорӣ бо ин бонки бонуфуз баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо зикр намуданд, ки дар доираи ҳамкории миёни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» бо маркази сармоягузории Бонки кишоварзии Хитой масъалаи омода намудани барномаҳо барои маблағгузории лоиҳаҳо, аз ҷумла барои рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳсозии шабакаи обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав мавриди баррасӣ қарор дорад.
(Давом дорад)
Абдуфаттоҳ Шарифзода, Заробиддин Қосимӣ, Айниддин Самариддин