(Аввалаш дар шумораҳои гузашта)
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи Саммити СММ оид ба мавзӯи «ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», иштирок ва суханронӣ кард.
Роҳбари маъмурияти Барномаи Рушди СММ хонум Ҳелен Кларк чорабинии сатҳи баландро бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки «Шумо, Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон, яке аз пешсафон ва асосгузорони баррасии масоили оид ба об дар сатҳи байналмилалӣ мебошед ва ташаббусҳои Тоҷикистон барои пешрафти сиёсати оби Созмони Милали Муттаҳид дар Барномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи об то соли 2030 мавқеи калидӣ дорад. Ширкати доираҳои бонуфузи давлатӣ, соҳавӣ ва байналмилалӣ дар ин нишаст нишонаи равшани ин иқдом аст».
Президенти мамлакат аз нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори даҳсолаи байналмилалии «Амалиёти об — барои ҳаёт» ёдовар шуда, силсилаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистонро барои татбиқи босамари чорабиниҳои он дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ номбар кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди худро, ки дар чаҳорчӯби Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонии об садо дода буд, бори дигар ба миён гузошта, изҳори итминон намуд, ки эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии «Об — барои рушди устувор» василаи муҳими дастёбӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувори марбут ба об хоҳад гашт.
Эмомалӣ Раҳмон ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба эъломи даҳсолаи байналмилалии нав асосноку саривақтӣ дониста, аз давлатҳои аъзо даъват кард, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд.
Дар шаҳри Ню — Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар мулоқоти Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи олӣ ҷиҳати тасдиқи Рӯзномаи рушд барои давраи баъди соли 2015 иштирок ва суханронӣ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки саъю талоши иловагии ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба ташаккули фазои мусоид ба хотири татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар миқёси дунё равона карда шавад. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, санади нав ҳуҷҷати нодирест, зеро ба он ҳадафу вазифаҳои мушаххас дар бахши рушди иқтисодиёт, инкишофи иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист — ин се пояи рушди устувор ба таври муназзам ва мукаммал шомил шудаанд.
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню — Йорки ИМА ҳамчунин дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим», ки дар Созмони Милали Муттаҳид ороста шуд, иштирок ва аввалин шуда, суханронӣ намуд.
Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, «таъсири манфии тағйироти иқлим ба ҳаҷм ва сифати захираҳои оби тозаи нӯшокӣ рӯз ба рӯз возеҳтар мегардад. Тайи даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шудани масоҳати пиряхҳое, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд, ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, ба иллати тағйироти иқлим дар ҳудуди кишвари мо то як ҳазор пирях нобуд шудааст».
27 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню — Йорк дар ҳошияи Саммити ҷашнии 70 — солагии Созмони Милали Муттаҳид бо Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте мулоқот намуд.
(Давом дорад)
Абдуфаттоҳ Шарифзода, Заробиддин Қосимӣ, Айниддин Самариддин