Суҳбат бо хонум Федерика Могерини

№164 (3465) 03.12.2015

12291897_933481486722038_8638636662233827968_oЯкуми декабри соли 2015 дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могерини мулоқот кард.

Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд.

- Тоҷикистон хоҳони ҳамкориҳои пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд бо Иттиҳоди Аврупо мебошад, — изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо фаъолияту ҳамкории механизмҳои муҳими Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Шӯро, Кумитаи ҳамкорӣ, Кумитаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва Муколама байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсонро барои густариши муносибатҳо амри зарурӣ шумурданд.

Аз фаъолияти муассири Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо — Осиёи Марказӣ оид ба амният, мубориза бо терроризм, ифротгаройии динӣ, радикализм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду чолишҳои муосир изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар суҳбат инчунин доир ба имкони ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетика, равандҳои демократикунонии ҷомеа, таъмини амнияти минтақа, вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои ҳамкорӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт

www.president.tj