Суҳбат бо ноиби аввали президенти ширкати «Тотал»

№163 (3464) 01.12.2015

12308179_932693536800833_2216150361227029939_oШоми 29 ноябри соли 2015 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия дар ҳошияи Конфронси 21 — уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ноиби аввали президенти ширкати «Тотал» Майкл Боррел мулоқот кард.

Дар ҷараёни мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози суҳбат оид ба имкони фарохи ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои хориҷӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои геологию ҷустуҷӯйӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ ва содироти захираҳои он ибрози андеша кард.

Ҷонибҳо бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда таъкид намуданд, ки ҳамаи ин тадбирҳо боиси натиҷаҳои мушаххас дар рушди бахши нафту гази Тоҷикистон хоҳад шуд.

Инчунин оид ба имкониятҳои дигари сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадори Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулот таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

www.president.tj