Якуми декабри соли 2015 дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Комиссияи Аврупо Жан Клод Юнкер мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили рушди муносиботи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистону Комиссияи Аврупо баррасӣ гардиданд.
- Тоҷикистон ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷабҳа бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва робитаҳои устувори дӯстонаро бо Иттиҳоди Аврупо яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ меҳисобад, -изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон .
Ҷонибҳо аз рушди мунтазами муносибатҳои фарогири доираи васеи робитаҳои судманд дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва сиёсию амниятӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Тарафҳо фаъолияти механизмҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла зарурати тавсеаи Барномаи Иттиҳоди Аврупо барои идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ва назорат аз болои маводи мухаддирро (КАДАП) воситаи хуби таҳкими муносиботи ҳамкорӣ арзёбӣ карданд.
Ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика, бунёди як қатор неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла лоиҳаи хатти баландшиддати барқи CASA-1000, татбиқи лоиҳаҳои калонмиқёси нақлиётию энергетикӣ, ки ба пайвастани шабакаҳои минтақавии барқӣ ва боркашонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ нигаронида шудаанд, мавриди таваҷҷуҳи хоси ҳамсуҳбатон буд.
Дар мулоқот инчунин масъалаи мубориза бо терроризму экстремизм, муқовимати муштарак бо хатару чолишҳои глобалии муосир ва дигар мавзӯъҳои муҳими ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.
www.president.tj