Суҳбат бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев

№146-147 (3447-3448) 31.10.2015

12185409_918450398225147_1215218699392559743_o

30 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведевро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот, баробари мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар доираи ИДМ, ҳамчунин масъалаҳои  вобаста ба робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро таъкид дошта, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду шарики стратегӣ ва муттафиқ ҳал шуда, робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахши мо пайваста таҳкиму густариш меёбанд.

Дар робита ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, хусусан густариши нооромиҳо дар шимоли Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ба масъалаи татбиқи барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии техникии неруҳои сарҳадии кишвари мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла иҷрои нақшаҳои кории ширкати «Газпром» — и Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сантӯда-1» ҳам аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Ба масъалаи саҳлу сода намудани шароити ҳуқуқии корӣ ва будубоши муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Федератсияи Россия таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла изҳори боварӣ карда шуд, ки санҷишу тафтиши кирдорҳои кормандони алоҳидаи мақомоти дахлдори Федератсияи Россия, ки боиси марги кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербург гардид, бо риояи талаботи қонун ва мунсифона ҷараён меёбад ва  омилони ин ҳодисаи нангин ҷазои сазовор мегиранд.

- Мо умедворем, ки ин масъала дар доираи қонун ҳал мешавад ва бо ин кӯшишҳои истифодаи ин қазия аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатдор барои тезутунд намудани рӯҳияи гурӯҳҳои маълум, аз ҷумла дар миёни муҳоҷирони корӣ ва зиён расондан ба муносибатҳои дӯстонаи мо барҳам зада мешаванд, — таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия изҳор дошт, ки рафти таҳқиқи ин ҳодисаи нанговар зери назорати худи ӯ буда, барои муайян намудани ҳамаи ҷонибҳои ин амали нохуш гурӯҳи махсуси тафтишотӣ созмон ёфтааст.

Дар фароварди суҳбат Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуд, ки ҳамоиши навбатии сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии ИДМ ба натиҷаҳои дилхоҳ мерасад ва будубоши меҳмонони воломақом дар Тоҷикистон гуворо хоҳад буд.

www.president.tj