Суҳбат Бо Шоҳзода, Валии Валиаҳди Арабистони Саудӣ

№2 (3482) 04.01.2016

ВАЛИИ ВАЛИАХД- Мо ҷонибдори ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳо бо Тоҷикистонем, — изҳор дошт Валии Валиаҳд, муовини дувуми Раиси Шӯрои Вазирон, вазири мудофиаи Мамлакати Арабистони Саудӣ, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд зимни мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи сеюми январи соли 2016 дар шаҳри ар — Риёз баргузор гардид.

Дар ин мулоқот масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва татбиқи амалии тавофуқоти сатҳи олӣ ба таври муфассал баррасӣ гардид. Тавре иттилоъ доданд, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд дар баробари фаъолияташ дар мансабҳои олии мазкур ҳамчунин роҳбари Шӯрои оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва рушди назди Ҳукумати Арабистони Саудӣ мебошад.

Аз ин хотир, дар ин мулоқот бештар ба масоили вобаста ба дастгирӣ аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби хазинаҳои хайриявии Мамлакати Арабистони Саудӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд бо ёдоварӣ аз ҳаҷми нокифояи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии миёни ду кишвар изҳор дошт, ки ба наздикӣ ба Тоҷикистон гурӯҳи корӣ мефиристад, то ки бевосита роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодию сармоягузориро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳанд.

Тавре аён гардид, роҳбарияти олии Мамлакати Арабистони Саудӣ ҳавасманди ба сатҳи сифатан нав баровардани муносиботаш бо Тоҷикистон аст.

Дар робита ба ин густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, таъминот бо оби ошомиданӣ ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ манфиатбахш номида шуд.

 www.president.tj