Суҳбат бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев

№84-85 (3230-3231) 01.08.2014

Эрлан Абдилдаев

Бегоҳии рӯзи 31 июли соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳкими муносиботи ҳамсоягӣ, ҳалли мушкилоти марзию ҳудудӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва савдо, нақлиёту боркашонӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима шуд.

Таъкид гардид, ки барои таҳкими дӯстии миёни ду ҳамсоякишвар, ҳалли масоили баҳсталаб, аз қабили пешгирӣ аз низоъҳои алоҳидаи марзӣ миёни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияҳои вилояти Бодканди Қирғизистон бояд аз тариқи василаҳои диломатӣ, бо истифода аз тамоми имконоти мусоид ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин таъкид бар он шуд, ки шарикии пурсамари минтақавии Тоҷикистону Қирғизистон бояд халалнопазир боқӣ монад.

www.president.tj