Суҳбатҳои телефонӣ

№125 (4231) 08.10.2020

7 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Роҳбари давлати мо бо ибрози беҳтарин ва самимитарин таманниёт Президенти Россияро ба муносибати зодрӯзаш сидқан табрик гуфтанд.

Сипас, сарони ду давлат оид ба роҳҳои рушди муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Россия изҳори андеша карданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор ва ба ташаннуҷи ташвишовари вазъ дар Қирғизистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

7 октябри соли 2020 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Сарони ду давлат атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози андеша карданд.

Дар ин робита ҷонибҳо ҳодисаҳоеро, ки имрӯзҳо дар Қирғизистон сурат гирифта истодаанд, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати бо роҳи музокирот ҳар чӣ зудтар дарёфт намудани роҳҳои ҳаллу фасли вазъияти буҳронии дар ин кишвари ҳамсоя баамаломада изҳори ақида намуданд.

7 октябри соли 2020, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Дар рафти суҳбат Пешвои миллат ва Президенти Ӯзбекистони дӯст муколамаашонро ҷиҳати баррасии масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ идома доданд.

Дар ин замина, ба рӯйдодҳои рӯзҳои охир дар Қирғизистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Дар ин зимн, ҷонибҳо аҳамияти бо роҳи музокирот ҳар чӣ зудтар ҳаллу фасл намудани вазъияти буҳронии дар ин кишвари ҳамсоя баамаломадаро таъкид карданд.

www.president.tj