Суҳбатҳои телефонӣ

№60 (4322) 04.05.2021

30 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров суҳбати телефонӣ намуданд.

Зимни он сарони давлатҳо дар бораи ҳодисаҳои охири низоъбарангези ноҳияҳои сарҳадӣ ибрози андеша намуда, вазъи сарҳадоти байни Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иҷрои пайвастаи мувофиқаҳои бадастомада, ки ба муътадил намудани вазъият ва роҳ надодан ба шиддат гирифтани он, аз ҷумла оташбаси комил ва хурӯҷи қӯшунҳо аз хатти марз дар муҳлатҳои муайянгардида равона шудаанд, аҳамияти хоса зоҳир гардид.

Дар ин зимн президентҳо муҳимияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистонро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди гуфтушунидҳои марбут ба масъалаҳои марзӣ таъкид намуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба таври фаврӣ рӯзи якуми май ҷаласаи комиссияҳои байниҳукуматии ҷонибҳоро оид ба делимитатсия ва демаркатсия дар шаҳри Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон доир намоянд. Ҳамчунин, маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар асоси дуҷониба дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ва бо роҳи музокироту машварат ҳаллу фасл карда шаванд.

Роҳбари давлат Президенти Ҷумҳурии Қирғизистонро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар аввалин фурсати муносиб даъват намуданд. Даъват бо камоли майл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон пазируфта шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои суҳбат ҷонибҳо бо мақсади андешидани чораҳои мушаххас, тибқи ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои мутаносибан судманд,  ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои зарурӣ доданд.

Якуми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров суҳбати телефонӣ намуданд, ки дар рафти он ҷараёни амалӣ гардонидани мувофиқаҳои байни ҷонибҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон бадастомада баррасӣ гардид.

Дар ин зимн ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани неруҳои низомӣ ба макони доимии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Президентҳо, ҳамчунин, дар атрофи фаъолияти муштараки гурӯҳҳои корӣ ва оғози ҷаласаи комиссияҳои байниҳукуматии ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсия ибрози андеша намуданд.

Якуми майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим — Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ намуданд.

Зимни суҳбати боэътимод Пешвои миллат ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи мувофиқаҳои ҷонибҳои Тоҷикис­тон ва Қирғизистон, ки ба ҳар чӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади ҳар ду кишвар нигаронида шудаанд, иттилоъ доданд.

Дар ин зимн муҳимияти хосаи дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда тавассути музокирот ва муколамаи созанда таъкид гардид.

Дар маркази диққати ҷонибҳо, масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус ҷараёни нигаронкунандаи рушди вазъ дар Афғонистон низ, қарор доштанд.

Дар баробари ин, президентҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон мубодилаи афкор намуда, зарурати андешидани чораҳои муштараки минбаъдаро ба хотири таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои фарогири ҳар ду кишвар таъкид карданд.

3 майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — ­Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ намуданд.

 Дар рафти суҳбат роҳбарони давлатҳо муколамаи амалиро дар сатҳи олӣ идома дода, ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. Хусусан, оид ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Роҳбари давлати Қазоқис­тон даъват карданд, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар наз­диктарин фурсати муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёянд.

Даъват аз ҷониби Қазоқистон бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

www.president.tj