13 майи соли 2021 байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир гардид.
Дар оғоз ҷонибҳо ба муносибати фарорасии иди мубораки Фитр мубодилаи табрикоти гарм намуда, ба мардуми ҳар ду кишвар некуаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, аҳамияти мулоқоти қарибулвуқӯи сатҳи олиро ба манзури густариши самарабахши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории миёни Тоҷикистону Қазоқистон таъкид намуданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо саъю талоши муштарак ҳамкории самараноки миёни кишварҳо дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Зимни суҳбат, баъзе аз ҷанбаи масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
***
13 майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ намуданд.
Дар ҷараёни он роҳбарони ҳар ду давлат ба муносибати фарорасии иди мубораки Фитр бо таманниёти некуаҳволӣ, сулҳу субот ва шукуфоӣ унвонии мардуми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубодилаи табрикоти самимӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо изҳори қаноатмандӣ раванди рушди босуръати муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиғаи шарикии стратегӣ таъкид карданд. Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам ғанитар гардидани онҳо бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ, ки баргузориашон дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, изҳори итминон намуданд.
Баррасии масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аз мавзӯъҳои дигари суҳбат буд.
***
13 майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Қурбоналӣ Юсупов суҳбати телефонӣ намуданд.
Зимни он раиси ноҳияи Вахш ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҳисобот дод.
Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва роҳбарони дигар сохторҳои марбута ҷиҳати муайян кардани хисороти расида ба хоҷагии халқи ноҳия ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ сафарбар гардид.
Сарвари давлат раиси ноҳияи Вахшро вазифадор намуданд, ки ба мардуми зарардида ёрии саривақтӣ расонанд ва ҳар чӣ зудтар манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти харобгардидаро барқарор созанд.
www.president.tj