Суҳбатҳои телефонӣ

№71 (4333) 29.05.2021

25 майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро доир ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Вахш ва Абдураҳмони Ҷомӣ шуниданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои ҳар чӣ зудтар барқарор кардани иншооти аз офат зарардида суръати корҳоро тезонанд.

Зимни суҳбати телефонӣ Сарвари давлат, ҳамчунин, ба раиси вилояти Хатлон ҷиҳати ҷамъоварӣ ва захираи кофии хошоки дурушти чорво, ҷамъоварии беталафи ғалладонагиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мева, сабзавот ва полезиҳо ба хориҷи мамлакат ва суръат бахшидани кишти такрорӣ, супоришҳо доданд.

Дастурҳои дигар вобаста ба иҷрои корҳои ободонӣ, созандагӣ ва таъмини нақшаи чорабиниҳо баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ ба раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон доир ба андешидани чораҳои таъхирнопазири пешгирикунандаи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, махсусан малах дар ноҳия, ҷамъоварии хошоки дурушти чорво, таъмини нақшаи кишти такрорӣ, инчунин, вусъати корҳои ободонӣ ба ифтихори таҷлили арзандаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ супоришҳо доданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Лахш, Сангвор, Файзобод, Мастчоҳи кӯҳӣ, Деваштич ва шаҳри Панҷакент низ доир ба рафти кишти картошка ва иҷрои нақшаи кишти он ҳисобот доданд.

Сарвари давлат, супориш доданд, ки роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикршуда бо истифода аз ҳама имконияту захираҳо вазифаҳои дар наздашон гузоштаро оид ба таъмини нақшаи кишти картошка пурра ва босифат иҷро намоянд.

Раисони шаҳру ноҳияҳо аз Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон, ҳамчунин, дастур гирифтанд, ки барои истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонию созандагиро ­вусъат бахшанд.

www.president.tj